Ҳаёти сарбози ҷавон дар артиши Беларус
Интиқол дар қаторҳои роҳи оҳан ба ҷои хидмат. ки аз 12 то 18 моҳро мегирад.
Даъватшудагон талош мекунанд, хӯроки аз хона гирифтаи худро то расидан ба ҷойи хидмат бихӯранд, зеро афсарон онро мусодира хоҳанд кард.
Сарбозони ҷавон ба марш ё давви 40-километрӣ омода мешаванд.
Ин сарбоз 22 соат дар рӯз кор мекунад ва медонад, ки пагоҳ ҳам ҳамин ҳолро хоҳад дошт.
Навдаъватон бояд мӯйи сар надошта бошанд ва ин анъана аз замони Шӯравии собиқ мондааст.
Сарбоз барои шустани фарши сарбозхона об мекашонад.
Баъд аз рӯзи сахт дар ҳамои ях сарбозон ба хобгоҳе бармегарданд, ки об ва ҷойи шустушӯй надорад.
Сарбозе кати худро, ки берун бароварда шудааст, посбонӣ мекунад.
Сарбозон масири тирандозии худро дар машқгоҳ аз барф пок мекунанд, то нишонҳо дида шаванд.
Истироҳати кӯтоҳ ҳангоми барфтозакунии ҳаррӯза.
Сарбози хастаро дар курсии нишаст хоб мебарад.
Сарбозе дар таомхона бошитоб чизе мехӯрад, вай ва се нафари дигар бояд зарфҳои таомхӯрии 1200 сарбозро бишӯянд.
Тамошои ахбори шом аз телевизиони давлатӣ. Вақте ки афсар меравад, сарбозон ба тамошои филм шурӯъ мекунанд.
Сарбозон барои ҳоҷатхонаи афсарон чуқурӣ мекобанд.
Сигоркашии махфӣ. Талабот ба сигарет зиёд аст ва ҳама мехоҳанд, захираи худро пинҳон нигоҳ доранд.
Дар чанд лаҳзаи истироҳат як сарбоз бо саге, ки Калашников ном дорад, бозӣ мекунад ва дигарӣ рӯйи алаф мехобад.
Ҳангоми машқҳои сахт ва дуру дароз.
Сарбозе ки хидматашро ба поён бурдааст, барои бозгашт ба хона билети роҳи оҳан мегирад.
Баъзе сарбозон умедворанд, ки пас аз бозгашт ба хона бо маҳбубаи худ издивоҷ хоҳанд кард. Онҳог мегӯянд, касе ин муддат интизорӣ кашидааст, ҳамсари неке хоҳад шуд.
Бозгашти сарбоз ба хона иди ҳамаи аҳли оила аст.