Арманистон дигар барои СПАД пул намедиҳад

Парчами кишварҳои узви СПАД

Арманистон эълон кардааст, ки дигар пули солонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро намедиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ки аз ин тасмимаш СПАД-ро огоҳ кард. Ин кишвар қарор "Дар бораи буҷаи СПАД дар соли 2024"-ро имзо накарда, гуфтааст, дигар маблағгузориро идома нахоҳад дод.

Соли гузашта Никол Пашинян, сарвазири Арманистон эълон кард, ки кишвараш аз узвият дар СПАД хориҷ мешавад.

Эътирози Арманистон ин аст, ки СПАД дар ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазифаҳои худро иҷро накард.

Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1990 то соли 2023 аз ҷониби араманитаборони тарафдори Арманистон идора мешуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин минтақаро хоки Озарбойҷон медонист. Соли 2023 Озарбойҷон бо баргузории як амалиёти низомӣ онро дубора аз худ кард.

СПАД, як созмонест, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Русия таъсис ёфт ва ҳоло Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Белорус ва Тоҷикистон шомили он ҳастанд.