Арманистон аз додани пул барои СПАД даст кашид

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон (аз чап) ва президенти Русия Владимир Путин (аз рост)

Арманистони маблағгузорӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ)-ро қатъ кардааст. Дар ин бора рӯзи 8-уми май Ани Бадалян, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Арманистон хабар дод.

Арманистони маблағгузорӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ)-ро қатъ кардааст. Дар ин бора рӯзи 8-уми май Ани Бадалян, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Арманистон хабар дод.

Ин мақомдори арманӣ гуфт, кишвараш аз имзои буҷаи Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2024 худдорӣ кард ва ба ин тартиб аз маблағгузории чорабиниҳои умумии созмон даст кашид. Ани Бадалян ҳамчунин гуфт, қасд надоранд монеи иҷрои уҳдадориҳои дигар кишварҳои узв шаванд.

Ереван беш аз як сол аст, ки аз ширкат дар вохӯрии роҳбарони СПАД ва тамринҳои якҷояи ин созмон худдорӣ мекунад. Норозигии Арманистон баъд аз он зиёд шуд, ки ба назари Ереван СПАД натавонист дар баробари ҳамлаи Озарбойҷон аз ин кишвар ҳимоят кунад.

Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои ин созмони зери нуфузи Маскав ҳастанд.