Пас аз се рӯзи пуризтироб роҳи Ворух дубора боз шуд

Аввалин мошин баъд аз боз шудани роҳ аз Исфара ба минтақаи Ворух гузашт. Шоми 20 декабри соли 2013

Роҳи байни Ворух ва Исфара боз шуд. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои баҳсталабро рӯзи душанбе дар Бишкек баррасӣ хоҳанд кард.
Бино бар иттилои хабарнигорони бахшҳои тоҷикӣ ва қирғизии Радиои Озодӣ, сокинони деҳаи Оқсой бо ваъдаи он ки талаби онҳо дар бораи сохтмони роҳи алтернативӣ рӯзи душанбе дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон аз тарафи ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ мешавад, роҳи байни Исфара ва Ворухро боз карданд. Шоми 20-уми декабр аввалин мошинҳо аз ин роҳ гузаштанд ва Ворух бо Исфара дубора пайваст гашт.

Дар ҳоле ки сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон хостори ризоияти тарафи Тоҷикистон ба сохтмони роҳ аз қаламрави Тоҷикистон буданд, ҳайати Тоҷикистон мегуфт, ҳама гуна гуфтушунидро дар ин бора танҳо баъд аз боз шудани роҳ оғоз хоҳад кард. Ҳайати расмии Қирғизистон таҳти сарварии ноиби сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов ва аз Тоҷикистон ҳайате бо ширкати вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов ва муовини аввали раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов бо аҳолии ду тарафи марз мулоқотҳо доштанд ва ба ҳалли осоиштаи қазия мусоадат карданд.

Роҳи байни минтақаи Ворух ва шаҳри Исфара дар қитъаи Оқсойи Қирғизистон сар аз 17-уми декабр, пас аз сӯхтани як ошхонаи шаҳрванди Қирғизистон ва пеш аз он оташ гирифтани як нуқтаи таъмини маводи сӯхти шаҳрванди Тоҷикистон баста буд. Дар ин байн танҳо ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" иҷоза дода шуд, беморони вазнинро ба Исфара интиқол диҳад. Бо бастани роҳ сокинони Оқсой талаб карданд, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи алтернативии Қирғизистон иҷоза диҳад, аммо масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар маҳалли баҳсии миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинонро ба сабру таҳаммул даъват карда, гуфтаанд, бо вуҷуди мушкили пешомада розӣ нестанд, роҳи алернативӣ сохта шавад.

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо аҳолии Хоҷаи Аъло дар Исфара

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов, рӯзи 20-уми декабр дар мулоқот бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара гуфтааст, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, тавассути роҳбандӣ ва низоъҳои ба миён омада ба Қирғизистон иҷозат диҳад, ки роҳи алтернативии худро дар ҳудуди Тоҷикистон созад. Ҳамчунин вай гуфтааст, масъалаи сохтмони роҳ аз канори марз ва қаламрави баҳсбарангез, ин масъалаи сатҳи вилоятӣ нест ва ин дар сатҳи роҳбарони ду давлат бояд ҳал шавад.

Ҷаноби Сангинов дар сӯҳбат бо сокинон гуфтааст ки "давлати Тоҷикистон шаҳрвандони худро танҳо нагузоштааст ва сокинон аз амнияти худ хотирҷамъ бошанд." Вай таъкид кардааст, ки мавзӯи боз кардани роҳ ба суи қисмати ҷудомондаи Тоҷикистон - Ворух дар сатҳи мақомоти баландпояи Тоҷикитон ва Қирғизистон баррасӣ мешавад. Аммо вай таъкид кардааст, ки ҷониби қирғиз мегӯяд, агар Тоҷикистон ба сохтмони роҳи Бодканд-Тамдиқ аз хоки Тоҷикистон аз канори Воруху Оқсой розӣ шавад, роҳро боз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, барои пешгирӣ аз эҳтимоли дасиса ва иғво дар Ворух ба ин ҷо нерӯҳои иловагӣ ворид карда шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Роҳи Исфара -- Ворух комилан боз шуд



РӮЗИ ҚАБЛ

Ноиби сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов нимаи дуюми рӯзи 19-уми декабр бо сокинони норозии Оқсой ва деҳоти дигари қирғизии назди деҳоти тоҷикии Ворух ва Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқот ва сипас ба намояндаи ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат кард, ки "оё ҳукумати Тоҷикистон ба сохтмони роҳи алтернативии Оқсой-Тамдиқ розӣ хоҳад шуд?"

Ҷаноби Мамитов изҳор доштааст, ки Қирғизистон интизори ҷавоби расмӣ ба суолест, ки бо талаби аҳолии маҳаллӣ пешниҳод шудааст. "Мо то фардо ин ҷавобро интизор мешавем," изҳор дошт Мамитов ва илова намуд, ки тарафи Қирғизистон омодааст, пешниҳодҳои дигарро низ баррасӣ кунад.

Қитъаи роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки сохтмони он чанд сол пеш шурӯъ шуда буд, барои он ба поён нарасид, ки Тоҷикистон ин минтақаро баҳсталаб медонад. Ба ақидаи коршиносон, агар ин роҳ сохта шавад, Исфара аз ҷазирақаламрави Ворух, ки дар қаламрави Қирғизистон аст, комилан ҷудо хоҳад шуд.

РОҲ АЗ 17 ДЕКАБР БАСТААСТ

Субҳи 20-уми декабр низ роҳи деҳаи Хоҷаи Аъло наздики 6-7 километрии Оқсой ба сӯи Ворух ҳанӯз баста буд. Манобеи "Озодӣ" мегӯянд, вазъ нисбатан ором аст, вале дар атрофи деҳаҳои миёни Чоркуҳ то Оқсой теъдоде аз сарбозону афсарони қирғиз ба назар мерасанд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири ошноӣ бо вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вилояти Суғд сафар кардааст. Маркази матбуоти ВКД дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири корҳои дохилӣ ҳоло дар шаҳри Хуҷанд аст ва сипас ба Исфара хоҳад рафт.

Бино ба ин манбаъ, Рамазон Раҳимов дар Исфара бо кормандони мақомоти амниятии ноҳия ва сокинони маҳалле, ки баҳси марзӣ иттифоқ афтодааст мулоқот анҷом хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, дастгоҳи раисҷумҳур, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Раёсати марзбонии КДАМ – и Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд. Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, ҳайатҳои музокиротии вилоятҳои Суғду Бодканд ин қазияро худ баррасӣ мекунанд ва имрӯз, 20 декабр, тавофуқ бояд ҳосил шавад.

Масъулони ҳукумати Исфара мегӯянд, то ҳоли ҳозир дар минтақаи Ворух вазъ бетағйир аст ва гуфтушуниди дирӯзаи муовини сарвазири Қирғизистон бо мардуми эътирозгари Оқсой бенатиҷа анҷомид.

ШАРҲИ МАҚОМОТИ ИСФАРА

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара рӯзи 20-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз субҳ то ҳоли ҳозир вазъ бетағйир аст ва мулоқоти Токон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон дар масъалаи боз кардани роҳи мошингарди Ворух-Оқсай бенатиҷа мондааст.

«Ҳоло ҷониби Тоҷикистон мехоҳад ки ин масъала танҳо аз роҳи гуфтушунид ҳалли худро пайдо кунад ва ба ин мақсад зарурати нишасти ҳайатҳои Кумиссияи байниҳукуматиро тақозо доранд», меафзояд Иқбол Тешаев.

Вай гуфт ҳоло муовини раиси вилоят, раиси шаҳри Исфара дар деҳаи Хоҷаи Аъло ҳастанд ва мунтазири гуфтушуниди масъулони мақомоти қирғиз мебошанд.

Мардуми деҳаи Оқсай, ки роҳи мошингардро бастаанд талаб доранд, ки сохтмни як роҳи дигар ба зудӣ оғоз шавад, вале ҷониби Тоҷикистон инро намехоҳад ва мунтазири гуфтушунид дар сатҳи кумиссияи байниҳукуматӣ аст.

Дар як изҳороти расмӣ, Иқбол Илёсзода Тешаев, котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара, гуфтааст, бо вуҷуди созишҳое, ки байни мақомоти ду кишвар ба даст омадаанд, сокинони ноҳияи Бодканди Қирғизистон мебоист роҳи байни Ворух ва Исфараро то соати 16:00–и рӯзи 18 декабр боз меарданд, аммо ин шарт иҷро нашуд ва бино бар тавофуқи баъдӣ сокинон ва низомиёни ноҳияи Бодканд субҳи 19 декабр низ роҳро накушоданд.

Дар ин изҳорот омадааст: "Баръакс, соати 17:30-и рӯзи 18 декабр 350- 400 нафар сокини деҳаҳои қирғизнишини ноҳияи ҳамсоя дар ҳудуди марзи наздисарҳадии маҳаллаи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркўҳ ба ҳам омада, бо бастани роҳи самти Чоркӯҳ-Хоҷаи Аъло бо ҳар восита кӯшиш намуданд, ки низою муноқиша эҷод намоянд."

Намояндаи расмии раиси шаҳри Исфара дар бораи сабабҳои сар задани буҳрон мегӯяд: "Ба вуқӯъ пайвастани 2 ҳодисаи нохуш – рӯй додани сӯхтор дар рӯзи 15 декабри соли 2013 дар нуқтаи таъмини сузишвории сокини деҳоти Чоркуҳ Мадаминов Равшан, ки дар мавзеи Зарафшони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара (дар шафати чорроҳаи роҳе, ки айни ҳол дар истифодаи муваққатии 49 солаи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад) воқеъст ва ҳам сар задани сӯхтор дар санаи 17 декабри соли 2013 дар ошхонаи худсарона дар ҳудуди баҳснок, дар сари роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух, ки ба ҳудуди заминҳои бригадаи №18 кооперативи истеҳсолии Чоркуҳ шомил аст,) бунёднамудаи сокини деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодкарнди Ҷумҳурии Қирғизистон Ибрагимов Т. боиси нооромии вазъият тайи 2 шабонарӯзи гузашта дар ин минтақаи наздисарҳадӣ гардид."

Аммо ба гуфтаи хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ҷениш Ҳайдаров, сабаби низоъ сӯзондани чойхонае шуд, ки ба соҳибкори қирғиз Ҷонибек Орузбоев тааллуқ дошт. Орузбоев гуфтааст, ин як чойхонаи хурди иборат аз 6 ҳуҷра, ҳавлича ва як боғча буд. Сокинони як рустои марзии Тоҷикистон чанде қабл ба ӯ пешниҳод кардааст, ки чойхонаашро бифурӯшад, вале ӯ рад кардаас. Ба иддаои Орузбоев, сӯхтор дар чойхона амри тасодуфӣ набуд ва онро барқасд сӯзондаанд.

ТАЛОШҲОИ ҶУМЪАБОЙ САНГИНОВ

Муовини аввали раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов, дар ҳоле ки аз сари роҳи байни деҳаҳои Хоҷааъло ва Оқсой суҳбат мекард, ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳайатҳои давлатии ду ҷониб талош доранд, буҳрон ҳал ва роҳ боз шавад, вале мушкили аслӣ ин аст, ки сокинони Оқсой ба ҳарфи намояндагони давлати Қирғизистон гӯш намедиҳанд ва омода нестанд, роҳро боз кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабари АКИ-пресс, сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотоболдиев гуфтааст, субҳи 19-уми декабр, соати 11:30 роҳи байнин Ворух ва Исфара боз шудааст. Аммо хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ Ҷениш Ҳайдаров, ки дар рустои Оқсой қарор дорад, мегӯяд, ҳоло дар маркази русто тақрибан 40 сокини маҳаллӣ қарор доранд. Талаби онҳо ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон хисороти сӯхтори чойхонаи соҳибкори маҳаллиро пардохт кунад, ҷинояткорон пайдо шаванд ва ҳукумат дар паи бунёди роҳи алтернативии Кӯктош-Оқсой шавад, ки ҳаракати қирғизҳоро дар қаламрави кишвари худ осон гардонад. Сохтмони ин роҳ бино бар гузаштанаш аз қаламрави баҳсбарангез қатъ шудааст.

Вале муовини раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов хабари шартгузории қирғизҳоро рад кард ва гуфт, ҳеч тарафе барои боз кардани роҳ шарте дар миён нагузоштааст. Як сокини деҳаи Хоҷааълои Ворух дар суҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз дирӯз то ҳоло даҳҳо сокинони Ворух, ки билети парво ба самти Русияро дштанд, бинобар баста будани роҳ натавонистанд, худро ба фурудгоҳи Хуҷанд расонанд ва дар натиҷа билети онҳо сӯхтааст.

АЗ ВОРУХ ЧӢ ХАБАР?

Раиси ҷамоати Ворух, Лоиқ Маҳкамов, дар нимаи дувуми рӯзи 19-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, роҳи Ворух – Исфара ҳамоно боз нашудааст. Вай афзуд: “Мақомоти Бодканд шаби 18-уми декабр баъд аз гуфтушунид бо мақомоти Суғд гуфтанд, ки роҳро хоҳанд кушод. Аммо маълум нест, чаро то ҳол инро иҷро накарданд, онҳо ба мо ягон маълумот надоданд. Онҳо гӯё омадани муовини сарвазири Қирғизистонро мунтазир будаанд, ки ҳоло дар роҳ будааст. Мо ҳам мунтазир, ки вай омада, бо мақомоти тоҷик мулоқот карда, ин масъаларо якҷоя ҳал мекунанд.”

Ҳамзамон, ҷаноби Маҳкамов тасдиқ кард, ки қирғизҳо ба гузаштани мошини "Ёрии таъҷилӣ" ризоият доданд: “Мо шаб ду бемори вазнин доштем, ки онҳоро таъҷилан ба беморхонаи марказии Исфара бурдан зарур буд. Ба тарафи Бодканд муроҷиат кардем: хайрият, онҳо розӣ шуданд. Ҳамин пагоҳирӯзӣ он беморонро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба Исфара равон кардем.“

Фармондеҳи қисми ҳарбии Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар Исфара, Файзулло Раҳимов ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҷузвутомҳои зери фармонаш ба ҳолати омодабош омадаанд. Вай дар сар задани ҳолати бӯҳрони қирғизҳоро масъул донист ва гуфт, "аввал онҳо як заправкаро оташ заданд, сӯхта, хокистар шуд ва ҳам се маротиб атирезаҳои як медпунктро зада шикастанд. Ниҳоят онҳо ҳатто ба хонаи шаҳрвандон зада даромаданд."

Зоҳиран, музокироти мақомоти вилоятҳои Суғду Ботканд, ки нисфирӯзии 18 декабр дар рустои ошӯбзадаи Оқсой баргузор шуд, натиҷа надодааст. Муовини аввали раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Ҷумъабой Сангинов дар сӯҳбат бо Озодӣ дар паи ин музокирот гуфт, ки ҷонибҳо барои таҳқиқи сабабҳои ду низоъи ахир куммиссиюни муштарак таъсис додаанд, Дар шарҳи сабабҳои рӯй додани ин ошӯбҳо вай гуфт, ду ҳодисае рух додааст, ки боиси хашми сокинони рустоҳои марзӣ шуд.

Ҷумъабой Сангинов гуфт, 3 рӯз пеш як иншоот дар тарафи Тоҷикистон ба коми оташ рафт ва шаби гузашта як чойхонаи хурд дар қисмати қирғизистонии марз сӯхтааст ва ин боиси таҷаммӯъи издиҳом дар ҳарду тарафи марз шудааст.Ҷаноби Сангинов гуфт, ин ҳама ба як иғво монанд аст бо мақсади ноором кардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва "дар расми ҳамсоядорӣ ҷоиз нест, ки тавассути роҳбандон ва бо баҳонаи сӯхтор шартгузорӣ шавад." Вай гуфт, музокироти комиссиюни муштарак барои ҳалли масъала идома дорад.

Хабарнигори Бахши қирғизии радиои "Озодӣ" Ҷениш Ҳайдаров, дар ҳарду тарафи марз, ходимони ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд ва куллан вазъ ором аст. Дар рустои қирғизӣ омадани муовини нахуствазир Тоқон Мамитовро интизоранд. Муовини волии Ботканд Боқир Ҷолчиев ҳамоно дар Оқсой аст, гуфт хабарнигори Озодӣ.

Вазъ дар марзи Исфараву Бодканд



Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ҷениш Ҳайдаров қаблан хабар дод, ки аз ду тарафи марз тақрибан то 500 нафар аз сокинони маҳаллӣ гирди ҳам омада буданд. Ҷониби Қирғизистон барои ҳимояти марз нирӯи иловагӣ фиристодааст, вале ба сурати умум, ба гуфтаи Ҷониш Ҳайдаров, вазъ ором ба назар мерасид. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, вале баста шудани роҳ мояи нигаронии сокинони ҳарду ҷониб шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Моҷарои нав дар марзи Исфараву Бодканд


Дар ҳамин ҳол раиси ноҳияи Бодканд Саидмурод Қаликов оташ зада шудани манзили сокини Оқсой аз ҷониби шаҳрвандони тоҷикро радд кардааст. Вай ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ҳодисаи оташ гирифтани чойхона ё манзили мазкур дар канори деҳаи Оқсой, мавриди таҳқиқ қарор дорад.