Шаби душанбе ба сешанбе, 29 январ дар назди фурӯшгоҳи деҳаи Кӯктоши вилояти Ботканди Қирғизистон миёни ҷавонони маҳаллӣ ва як гурӯҳ ҷавонони деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон задухӯрде ба амал омад.
Тибқи иттилои як сокини деҳаи Чоркуҳ, ҷанҷол баъди он сар зад, ки гурӯҳе аз ҷавонҳои тоҷик барои харид ба фурӯшгоҳи Кӯктош омаданд ва дар ин деҳа бо
ҷавонони қирғизи рӯбарӯ шуданд. Ин манбаъ гуфт, ки сокини Кӯктош, ки гӯё сархуш буданд, бо "таҳқиру бадгӯӣ" ба иззати нафси ҳамсолони тоҷикистониашон расидаанд.
Вале ҷониби Қирғизистон инро тасдиқ намекунад. Аз рӯи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, дар натиҷаи задухӯрди шабона, шишаву тирезаҳои "4-5 манзили истиқоматӣ, мактабу фурӯшгоҳи маҳаллӣ хароб шуд". Ҳеҷ касе дар ин ҳодиса осеб надидааст. Як сокини Кӯктош Файзулло Бегматов гуфт, ки сокинони Кӯктош талош карданд худро аз ҷанҷолу занозанӣ дур кашанд ва аз сокинони Чоркӯҳ хостанд, ки масъала аз роҳи осоишта ҳал шавад. "Тоҷикону қирғизҳо бояд дар сулҳу субот зиндагӣ кунанд ва набояд имкон дод, ки гурӯҳе аз авбошон ба равобити дӯстонаи мардуми ду кишвар латма занад", мегӯяд вай.
Мақомоти ҳар ду ҷумҳурӣ ба таври сареъ вокуниш нишон дода, рӯзи 29 январ дар маҳалли моҷаро - деҳаи Кӯктош мулоқоти ҳайатҳои ду вилояти ҳамсарҳадро ташкил карданд. Дар ин мулоқот муовини фиристодаи салоҳиятдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти ҷанубии Ботканди Қирғизистон Саидҷон Эратов, муовини раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Ҷумъабой Сангинов ва ҳамчунин афсарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Ба қавли Эратов, аз рӯи моҷарои Кӯктош ниҳодҳои ҳифизи ҳуқуқу тартиботи вилояти Ботканд парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Мансабдори қирғиз афзудааст, ки дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст. Илова ба ин, мақомот комиссиюни муштаракеро ташкил кардаанд, ки ният дорад хулосаҳои муқаддамотии худро роҷеъ ба ин ҳодиса дар мулоқоти рӯзи 31 январ ошкор кунад.
Муовини раиси вилояти Суғд гуфтааст, масъулони ҷанҷол ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, "то барои дигарон сабақ шаваду онҳо аз даст задан ба ҷанҷолҳо худдорӣ кунанд". Шоҳидон мегӯянд, моҷарои сарзада метавонист ба як моҷарони калонҳаҷми марзӣ табдил шавад, вале сокинон аз тавсеаи ин задухӯрд ҷилавгирӣ карданд.