Ақибнишинии нерӯҳои Асад. Шӯришиён Ҳаморо "гирифтаанд"

Як ҷангҷӯйи мухолифи ҳукумати Сурия тасвири раисҷумҳур Башор Асад ва падари ӯ Ҳофиз Асадро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Ҳалаб пора мекунад. Рӯзи 2-юми декабри соли 2024

Артиши Сурия рӯзи 5-уми декабр эълон кард, ки аз шаҳри Ҳамо ақибнишинӣ кардааст. Ин таҳаввул зарбаи дигаре барои раисҷумҳур Башор Асар дониста мешавад.

Баёнияи артиш чанд соат пас аз он нашр шуд, ки ҷангҷӯёни мухолифи ҳукумати Башор Асад эълом карданд, ки вориди шаҳри Ҳамо шуданд.

Ҳамо шаҳри роҳбурдӣ ё стратегӣ ба шумор меравад ва барои артиши Сурия назорат бар ин шаҳр амри ҳаётӣ дониста мешавад.

Пирӯзии шӯришиён дар Ҳамо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, “нерӯҳои режими Асад ва ниманизомиёни ҷонибдори давлат ба раҳбарии афсарони русӣ ва эронӣ аз он муҳофизат мекарданд".

Артиши Сурия эълон кардааст, ки барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён аз Ҳамо берун шуд.

Шӯришиёни мухолифи режими Башор Асад ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" (Амрико аз соли 2018 созмони террористӣ номбар мекунад) аз 27-уми ноябр ба ин сӯ Ҳалаб, Идлиб ва Ҳаморо дар Сурия ишғол карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оташи таниш домани Башор Асадро ҳам гирифт. Дар бораи гурӯҳҳо чӣ медонем?

Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 4-уми декабр гузориш дод, ки дар ин муддат беш аз 360 шӯришӣ, зиёда аз 230 нерӯи давлатӣ ва 110 ғайринизомӣ кушта шудаанд.