Амрико дар Осиёи Марказӣ: То ва баъди сафари Керри

Пазироии Ҷон Керри дар фурудгоҳи Душанбе

Сафари ахири вазири хориҷаи Амрико суолҳоеро пиромуни стратегияи ин кишвар дар мавриди Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳузураш дар ин қаламрав ба бор овардааст.

Як дипломати баландпояи Амрико сафари вазири хориҷаи ин кишвар Ҷон Керри ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро “аломати рӯшан”-и талошҳои Вошингтон барои таҳкими равобиташ бо кишварҳои пасошӯравии ин қаламрав унвон кардааст. Ниша Десаи Бисвол, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ба маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” гуфт, ки Керри “равобити дуҷонибаи мо бо ҳар яке аз 5 кишвари минтақаро таҳким бахшида ва ҳамкории бесобиқаеро ба роҳ андохт.”

Ҷон Керри аз 29 октябр то 3 ноябр аз ин минтақаи Шӯравии собиқ боздид кард ва ин нахустин сафари якбораи вазири хориҷаи Амрико ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт.

Нуқтаи меҳварии ин сафар нишасти Самарқанд дар формати нави “С5+1” буд, ки вазирони хориҷаи Амрико ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ моҳи сентябр дар Ню-Йорк таъсис доданд.

Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст тааҳҳуди ин вазирон ба ҳалли масоили доғи минтақа –аз беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили энержӣ, тиҷорат ва транзити молу коло, то чолишҳои зистмуҳитиву амниятӣ, аз мубориза бо терроризму кумак ба пешрафти Афғонистон то ҳимояти ҳуқуқи башар ва тақвияти ниҳодҳои демокративу ҷомиаи шаҳрвандӣ зикр шудаанд.

Нишасти “С5+1” дар Самарқанд

Вале матни хушки протоколии ин санад, албатта, муҳиту фазоеро, ки Амрико барои тақвияти ҳузураш дар арсаи Осиёи Марказӣ вориди сабқат мешавад, мунъакис карда наметавонад.

Сафари Керри ба ин минтақа дар ҳоле сурат гирифт, ки тозае ҳафтае қабл сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ дар ҷараёни чунин як сафар бо кишварҳои ин минтақа ба маблағи тақрибан 26 миллиард доллар қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. Чин – як абарқудрати дигар – инак ду даҳсола аст, батадриҷ ва ба таври собит ҷои пояшро дар ин қаламрав бо ироаи миллиардҳо доллар сармоя ба иқтисодҳои ташнаи пулу таваҷҷӯҳи Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад. Русия, ки дар ин минтақа ҳузур ва нуфузи таърихӣ дорад, дар ин авохир аз тариқи тарҳи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва ваъдаи кумакҳои чандсадмиллиондолларӣ ба хусус ба бахшҳои низомиву амниятии кишварҳое, чун Тоҷикистон, низ талош дорад, ҷойгоҳи худро дар Осиёи Марказӣ ҳадди ақал гум накунад.

Дар муқоиса бо ин сели сармояву кумакҳое, ки бозигарони дигар ба Осиёи Марказӣ мерезанд, дар ҷараёни сафари Ҷон Керри ба минтақа кадом рақами бузурге садо надод, ки чунин ҷалби таваҷҷӯҳ кунад. Ва аз ҷумла дар доираҳои ҳокими ин қаламрав.

Вале Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари тоҷик ва муовини собиқи вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро, ки вазири хориҷаи Амрико дасти холӣ ба Осиёи Марказӣ омад, ба чолиш кашид: “Ба хонаи дӯст дасти холӣ мераванд, вале дили холӣ намераванд. Худи ин ваъдаи Ҷон Керри, ки лимити барқ дар Тоҷикистон то 5 соли дигар аз байн хоҳад рафт, ва аз забони чунин мақоми баланди Амрико садо дод, ҳарфи андаке нест.”

Эмил Ҷӯраев, устоди Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек рӯзи 6 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, сафари Керри аҳдофи ҳамсони сафари ахири Абэ ваё ба чолиш кашондани талошҳои Маскаву Пекинро надошт, балки бештар фаҳмидани умедвориҳо ва интизороти давлатҳои минтақа аз ояндаи ҳамкориҳояшон бо Амрико ба унвони як кишвари пешбар дар сиёсати ҷаҳониро ба ҳадаф дошт.

Эмил Ҷӯраев

Ва ба ҳамин далел, меафзояд Эмил Ҷӯраев, ин сафар дар чунин сатҳи баланд анҷом дода шуд, то аҳамият ва ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ барои Вошингтон таъкид шавад. Сиёсатшиноси қирғиз мегӯяд: “Ба назари ман, дар як паллаи тарозу гузоштани миллиардҳои Чину фишорҳои Русия ва дар паллаи дигар гузоштани Ғарбу Амрико дуруст нест. Амрико дарк мекунад, ки Маскаву Пекин ба кишварҳои ин минтақа нуфузи бештар доранд ва бозигари асосианд. Амрико дар пайи танг кардани ин ду кишвар аз мақомҳои аввал дар Осиёи Марказӣ ва гирифтани ҷои онҳо нест. Вале барои Амрико муҳим аст, ки ин кишварҳо то ҳадде мустақилияту бетарафии худро аз Маскаву Пекин ҳифз бикунанд.”

Абдунабӣ Сатторзода низ гуфт, дуруст аст ки Чин бо ёриҳои иқтисодӣ ҷойгоҳашро дар минтақа торафт мустаҳкам мекунад ва касе дар ҳоли ҳозир аз ин нигоҳ қобили муқоиса бо Пекин нест. Вале, меафзояд ӯ, аз сӯи дигар, дар 23 соли охир бештар аз ҳама ёриҳои башардӯстонаро ба Тоҷикистон маҳз Амрико расондааст. Ӯ ҳамин тавр, нақши Амрикоро дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ хеле муҳим хонд: “Ҳама бояд эътироф кунанд, ки бо вуруди Амрико таъмини амният дар Осиёи Марказӣ хеле беҳтар шуд. Худи ҳузури Амрико дар Афғонистон як омили таъмини амният дар минтақа мебошад. Сарфи назар аз ҳама ину ону агармагарҳое, ки вуҷуд доранд.”

Таҳлилгарон мегӯянд, дар ҳар сурат, доираҳои ҳокими Осиёи Марказӣ бахусус дар пасманзари ҳаводиси Украина, ки Русия вилояти Қримашро дар соли 2014 тасарруф кард, ба Ғарб ва бавижа ба Амрико ҳамчун ба қудрате умед мебанданд, ки метавонанд тавозунро дар муқобили нуфузҷӯиҳои қудратҳои дигар, бавижа Русияву Чин, нигоҳ бидоранд. Онҳо маҷбуранд ҳузури Маскавро дар ин арса истиқбол кунанд ва ба далели набуди манобеи дигар дасти дарози ёриҳои иқтисодии Пекинро низ бипазиранд, вале дар айни замон дарҳои худро ба рӯи марказҳои дигари қудратманд, ба мисли Брюссел ва Вошингтон низ бастанӣ нестанд. Ва аммо ҳар кадоме аз ин кишварҳо умедворанд, ки Аврупо ё Амрико ба инҷо дасти холӣ нахоҳад омад.

Ва ба бовари нозирони умур, ин дигар ба худи Амрико бастагӣ дорад, ки оё дар баробари талаби мурооти ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ боз бо чӣ имтиёзҳову ваъдаҳое дар муқобили миллиардҳои Чину фишорҳои Маскав дари пойтахтҳои ин қаламравро хоҳад кӯфт.

Эмил Ҷӯраев мегӯяд: “Раҳбари ҳар яке аз ин кишварҳо вобаста ба мавқеият ва имконоти начандон баробари кишвари худ амал мекунад. Бишкек ё Душанбе аз Маскав ё Пекин зиёдтар вобастаанд ва шояд натавонанд рӯи марказҳои дигари қудрат ба унвони алтернатива зиёд ҳисоб кунанд. Вале Узбакистон, барои мисол, чунин интихобро дорад. Ин бастагӣ дорад ба инки ин ё он кишвар то куҷо дар сиёсати хориҷиаш аз Русия, барои мисол, мустақил аст.”

Ба ақидаи Наргис Касенова, мудири Маркази таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Алма-Ато, Вошингтон дар асл як стратегияе, ки сифр хоси Осиёи Марказӣ бошад, надорад ва ба ин минтақа аз зовияи аҳдофаш дар қиболи Русия ва Афғонистон нигоҳ мекунад. Лука Ансечӣ, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Глазго низ ба “Foreign Policy” гуфтааст, Амрико ба далели заъфи стратегияи дарозмуддаташ нисбат ба ин минтақа ҳанӯз бозигари воқеъие дар ин арса эътироф намешавад ва “ҳадафи сафари Керри танҳо аз ин аломат дод, ки Амрико (аз Осиёи Марказӣ” берун намеравад.”

Ба назари Ҷошуа Воукер, муҳаққиқи Сандуқи Маршалл, “ин сафар бештар нишон дод, ки Вошингтон ҳаст, вале мӯҳтавои сафар заъфи дидгоҳ(и Вошингтон) нисбат ба Осиёи Марказиро низ ба намоиш гузошт.” Ба ақидаи ин таҳлилгар, исрори Амрико ба масоили барои доираҳои ҳокими Осиёи Марказӣ ҳассосе, чун ҳуқуқи башар, Вошингтонро дар рақобат бо Чин ё Русия дар ин арса ақиб меандозад.

Абдунабӣ Сатторзода

Вале Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, Вошингтон дар қиболи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон стратегияи ҳисобшудае дорад ва танҳо вақт нишон хоҳад дод, ки барандаи ин бозӣ барои ба даст овардани дили кишварҳои ин минтақа кӣ хоҳад шуд: “Амрикоиҳо ҳеҷ вақт ҳисобношуда коре накардаанд. Мисли кишварҳое нест, ки тахмину таваккал ваъдаҳои зиёде доданд, созишномаҳо имзо карданд, вале коре анҷом надоданд. На дар Тоҷикистон, на дар Қирғизистон ва дар ҷойҳои дигар. Амрико кишварест, ки сиёсаташ хеле ҳисобист, хеле шумурда ва хеле санҷида аст.”

Ҷон Керри ҳам рӯзи 3 ноябр зимни боздидаш дар Душанбе гуфт, “ончӣ ки мо мехоҳем бубинем, набарди байни Чину Русия ва Ийолоти Муттаҳида дар як бозии натиҷааш ҳеҷ нест. Мо мехоҳем Осиёи Марказиеро бубинем, ки барои ҷойгоҳи худ ҳамчун муҳаррики рушд дар қалби Осиёи муосир ва пӯё (динамик) талош мекунад.”

Амрико соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Мароказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст. Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз дарёфт кардааст.