Имрӯз дар шаҳри Самарқанд Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико бо вузарои хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ масоили минтақа ва вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи ин кишвар ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш ба шаҳри Самарқанд рафтааст.
Ҳамчунин, дар назар аст, Ҷон Керрӣ бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дидору гуфтугӯ кунад.
Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Ӯзбакистон, барои аввалин бор дар шакли ҷадиди “С5+1” (кишварҳои Осиёи Марказӣ + Амрико) мулоқот анҷом шуда, дар ин нишаст умдатан масоили амниятӣ матраҳ хоҳад шуд.
Ба эътиқоди коршиносони минтақавӣ, дар пайи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар авохири соли гузашта вазъият дар манотиқи шимоли ин кишвар муташанниҷ шуда ва ин вазъ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод кардааст.
Зеро ба гуфтаи ин коршиносон, дар канори Толибон, ки бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистону Туркманистони Афғонистонро тасарруф кардааст, гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ”, “Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон” ва “Ал-Қоида” дар ин минтақа фаъол ҳастанд.
Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ шомил буда ва дар сурати бурузи хатароти террористӣ ба кумаки низомии Русия умед бастаанд.
Вазъияти Ӯзбакистону Туркманистон, ки дар ин созмон узвият надоранд, ба тавсеъаи ҳамкориҳо бо Амрико талош мекунанд. Дар соли ҷорӣ ИМА ба Ӯзбакистон 308 адад бронетранстортёри бо дастгоҳҳои зиддимина ва 20 адад мошини зиреҳпӯши таъмирию интиқолдиҳанда эҳдо кард.
Туркманистон низ барои ироаи кумакҳои низомию фаннӣ ба хотири “таҳкими марзҳо ва рафъи таҳдидҳо” ба Амрико муроҷиат кардааст.
Аз сӯи дигар, гуфта мешавад фаъол шудани Русия ва Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Амрикоро водор кардааст, дар ин минтақа фаъолтар шавад.
Ба гуфтаи коршиносон, Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи бозингарони бузурги сиёсӣ қарор гирифта, дар моҳи июн Пан Ги Мун, дабири кулли СММ, дар моҳи июл Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон ва дар моҳи гузашта Сидзо Абэ, нахуствазири Ҷопон аз кишварҳои минтақа дидор кардаанд.
Зимнан, дар ибтидои дидораш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вазири хориҷаи Амрико рӯзи гузашта дар шаҳри Бишкек бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот кард.
Бино ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Ҷон Керрӣ аз баргузории интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 4 октябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон истиқбол карда ва гуфтааст, ки “нозири байналмилалӣ ин маъракаи интихоботиро озоду одилона ва барои минтақаи Осиёи Марказӣ нодир арзёбӣ кардаанд”.
Баъдан Ҷон Керрӣ бо Ерлан Абдилдаев, вазири хориҷаи Қирғизистон дар расми ифтитоҳи бинои нави сафорати ИМА дар Бишкек ва бинои тозабунёди хобгоҳи Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ ширкат кардааст.
Ин нахустин сафари вазири хориҷаи Амрико ба ҳамаи панҷ кишвари минтақа аст ва то 3 ноябр идома хоҳад ёфт. Ӯ тайи чаҳор рӯзи оянда аз Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон боздид мекунад ва раҳбарони ин кишварҳоро мутмаин месозад, ки онҳо аз пуштибонии ИМА бархӯрдор хоҳанд буд.
Дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа Кумитаи ҳимояи хабарнигорон аз ӯ хост, ки дар мулоқот бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ба расонаҳои ахбори умумро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ҳомиёни озодии баён хоҳиш карданд, ки Ҷон Керрӣ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад."
Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.