Амрико ва Русия баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд

Ксения Карелина

Амрико ва Русия рӯзи 10-уми апрел дар шаҳри Абузабӣ, маркази Имороти Муттаҳидаи Араб, баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд.

Дар ин бора нашрияи “The Wall Street Journal” бо такя ба раиси созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA хабар дод.

Ҷониби Русия то ҳол табодули зиндониёнро тасдиқ ё инкор накардааст.

Ба гузориши "The Wall Street Journal", Русия Ксения Карелинаро озод кардааст, ки шаҳрвандии Русия ва Амрикоро дорад.

Ӯ барои гузарондани як миқдор пул ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Вакили мудофеи Карелина тасдиқ кард, ки ӯ раҳо шудааст ва дар роҳ ба Иёлоти Муттаҳида аст.

Раҳоии ӯро котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико Марко Рубио низ таъйид намуд. Ба гуфтаи ӯ, Карелина дар Русия ноодилона боздошту маҳкум шудааст ва президенти Амрико Доналд Трамп “озодии ӯро фароҳам овард”.

Амрико шаҳрванди Олмону Русия Артур Петровро ба Маскав додааст.

Вай соли 2023 бо дархости Иёлоти Муттаҳида ва бо иттиҳоми интиқоли микроэлектроника ба Русия бар хилофи таҳримҳо дар Қибрис (Кипр) боздошт шуда буд.