Мақомоти амрикоӣ аз боздоштшудаҳо Карлайл "Поп" Ривераи 49-сола ва Ҷонатан Лоадхолти 36-сола ном бурдаанд. Муттаҳами дигар Фарҳод Шокирии 51-сола берун аз Амрико ва ба эҳтимоли зиёд дар Эрон қарор дорад. Мақомоти ИМА ин нафарро ҷосуси Сипоҳи посдорон гуфтаанд.
Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, Сипоҳи посдорон ба Фарҳод Шокирӣ дастур додааст, ки ду шаҳрванди яҳудитабори амрикоиро дар Ню-Йорк кушта ва сайёҳони исроилиро дар Шри-Ланка пайгирӣ кунад. Рӯзи 7-уми октябри имсол ба Шокирӣ гӯё дастур додаанд, ки нақшаи қатли Доналд Трампро тарҳрезӣ кунад.
Ба ғайр аз ин, Ривера и Лоадхолт вазифадор шудаанд, ки мунаққидони ҳукумати Эронро дар Амрико таъқиб кунанд.
Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, Фарҳод Шокирӣ зодаи Эрон буда, аз кӯдакӣ дар ИМА бузург шудааст. Ӯро барои ғоратгарӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум карда, соли 2008 аз кишвар ихроҷ карданд. Ба фарзияи мақомоти амрикоӣ, Шокирӣ дар маҳбас бо Ривера и Лоадхолт шинос шудааст. Баъдан ҳарсеи онҳоро Хадамоти ҷосусии Эрон ба тарафи худ кашидааст.