Амрико интиқоли аслиҳаи нав ба Украинаро оғоз кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазорати умури хориҷии Амрико тасдиқ кард, ки ин кишвар ба Украина мушакҳои дурпарвозе додааст, ки қодир ба маҳви ҳадаф дар масофаи 300 километр ҳастанд. Ба гуфтаи вазорат, мушакҳои мазкурро бо дастури Ҷо Байден ба Украина додаанд, то дар қаламрави худ истифода барад.