Амрико ду ширкати Қирғизистонро таҳрим кард

Вазорати молияи ИМА хабар дод, ки зидди ду ширкати хусусии Қирғизистон таҳрим ҷорӣ кардааст.

Дар вазорат гуфтанд, дар маҷмуъ алайҳи беш аз 90 шахси ҳуқуқӣ ва воқеии Русия, Белорус, Булғористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Сербистон, Африқои Ҷанубӣ, Туркия ва АМА таҳрим эълом карда шудааст.

Ба иттилои Вазорати молияи ИМА, ба рӯйхати таҳримшудаҳои Амрико аз Қирғизистон ширкатҳои "Нова Проект" ва "Транзит Сервис Бишкек" (ТСБ) шомил гаштаанд.

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ширкати "Нова Проект"-ро шаҳрванди Русия Дмитрий Алиханов барои давр задани таҳримҳо истифода кардааст. Ӯ тавассути ин ширкат дастгоҳ харидорӣ карда, ба Русия интиқол додааст.

"ТСБ", ки дар вилояти Чуйи Қирғизистон сабтином шудаааст, бо тиҷорат машғул аст ва раҳбари он Сергей Карпук мебошад. Ширкат соли 2023 аз қайди дубора гузаштааст.