Амрико ба Исроил гуфтааст, кумакҳои башарӣ ба Ғаззаро зиёд кунад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Исроил ҳушдор додааст, ки роҳҳои расондани кумакҳои башардӯстонаро ба Ғазза беҳтар намояд, вагарна ирсоли силоҳ ба ин кишварро кам мекунад. Созмони Милал мегӯяд, Исроил роҳҳои расондани ғизо ба сокинони Ғаззаро маҳдуд кардааст ва мардум аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.