Амрико аз эҳтимоли ҳамлаҳои зиёд ба Украина ҳушдор дод

Украина, 11-уми августи 2024

Сафорати Амрико дар Киев аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар рӯзҳои наздик ба Украина ҳушдор дод.

Украина дар ин рӯзҳо барои таҷлил аз ҷашни истиқлолаш омодагӣ мебинад.

Дар изҳороти сафорати Амрико омадааст, ки “дар чанд рӯзи оянда, дар рӯзҳои таътил, дар ростои ҷашни истиқлоли Украина, 24 уми август, хатари ҳамлаҳои шабона ва рӯзонаи паҳподҳо ё бесарнишинҳои Русия зиёд мешавад.”

Украина имсол 33-юмин солгарди истиқлоли худро аз Шуравӣ ҷашн мегирад.