Дар фосилаи 10 ҳазор километр аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки рӯзи 8 ноябр президенти 45-уми ин кишварро интихоб мекунад, духтари тоҷике дар вилояти Хатлон ҳам мехоҳад бидонад, ки натиҷаҳои интихобот чӣ хоҳад шуд. Қиматгул Қодироваи 20-сола, сокини шаҳри Сарбанд аст ва дар гӯшаи амрикоии шаҳри Қӯрғонтеппа забони англисӣ меомӯзад. Қиматгул ба омӯзиши забони англисӣ тахминан як сол пеш шурӯъ кард, вале таваҷҷӯҳаш ба таҳаввулоти ин кишвар, аз ҷумла интихоботи президентӣ хеле зиёд аст. Вай мегӯяд, бисёр мехоҳад дар интихобот Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократҳо баранда шавад, чунки ӯ “як зан аст”, дар гузашта ҳамсараш ҳам раиси ҷумҳурии Амрико буд ва умедвор аст, ки бо таҷрибае, ки ӯ дорад, тавони раҳбарии кишвари азимро хоҳад дошт.
Фирдавс Назриев, забономӯзи дигари маркази амрикоӣ аз ноҳияи Бохтар мегӯд, то андозае аз барномаҳои пешазинтихоботии ду номзад – Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ огаҳ аст. Вай мегӯяд, барои ӯ ҳам мавқеи сиёсии Клинтони демократ бештар писанд аст. Вай гуфт, «Клинтон миллатгаро нест ва мехоҳад, ки намояндагони тамоми миллатҳо дар кишвараш зиндагӣ дошта бошанд. Доналд Трамп гуфтааст, ки агар президент шавам, мусалмонҳоро то ором шудани вазъи ваъзи кишвараш ба Амрико роҳ намедиҳад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як шогирди дигари ин мактаб дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, шунидааст, ки дар ИМА ҷавонон зиндагии озод ва фазои бози сиёсӣ доранд, онҳо дар интихобот ба ҳайси шаҳрвандони ин кишвар фаъолона иштирок мекунанд ва аз изҳори назари худ намеҳаросанд. Вай мегӯяд, аз ҳамин назар ҳам муҳити сиёсии ин кишвар бахусус дар рӯзҳои интихобот барояш мавзӯи ҷолиби мавриди таваҷҷӯҳаш аст.
Дар гӯшаи Амрико дар шаҳри Қурғонтеппа беш аз 100 нафар дар ду баст забони англисӣ меомӯзанд. Онҳо мегӯянд, ки аз барномаҳои пешазинтихоботии Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп аз тариқи интернет ва гузоришҳо бо забони англисӣ ошно шудаанд ва чанд рӯз пеш бо масъулини сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар мавриди интихоботи ИМА тариқи интернет суҳбати мустақими видеоӣ анҷом додаанд.
Шогирдони ин мактаби забономӯзӣ бовар доранд, ки рӯзи 9 ноябр, замоне, ки натиҷаҳои интихобот маълум мешавад, «бояд як рӯзи шавқовар шавад». Онҳо мегӯянд, натиҷаҳои интихоботро барои машқи забони англисӣ дар дарси рӯзи чоршанбе ҳатман баррасӣ хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои калонтарини кишвар гӯшаҳо амрикоӣ таъсис шудаанд, ки барои хоҳишмандон омӯзиши забон, ошноӣ бо фарҳангу таърихи Амрико, истифода аз адабиёти бадеиву илмӣ ва компютеру интернетро фароҳам меорад.