Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар нахустин нишасти матбуотиаш бо журналистон дар Душанбе гуфт, ки таҳаввулот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.
Рӯзи 18 март дар мулоқот бо хабарнигорони тоҷик Поммершайм гуфт, ки ИМА ҷонибдори равобити қавии Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ӯ гуфт:
Мо бовар дорем, ки озодӣ бояд дар як сатҳе вуҷуд дошта бошад, ки ҳам шахсони ҷудогона ва ҳам ҷомеа дар фаъолиятҳое иштирок карда тавонанд. Ин масъалаест, ки мо дар ин ҷо, дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасии онро идома хоҳем дод
“Мо гузоришҳои хабарӣ дар бораи вазъ дар миёни Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунем. Ман шунидам, ки президент Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон сӯҳбате дошт, талошҳо ба харҷ дода шудаанд. Хабарҳое дар робита бо ҳал шудани вазъ нашр мешаванд. Як комиссиюн ҳам ташкил шудааст, то ки ҳаводиси дар марз рухдодаро дақиқ муайян кунад.
Мавқеи ИМА хеле рӯшан аст. Мо ҷонибдори равобити хеле қавӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастем. Мо талошҳои ду ҳукумат барои ба танзим даровардан ва паст кардани танишҳоро пуштибонӣ мекунем. Мо мебинем, ки ҳарду кишвар дар ин самт кор мекунанд. Умедворем, ки ин талошҳо муваффақиятомез мешаванд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе дар ҷамоати Ворух музокироти панҷрӯзаи мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо ихтилоф дар марз ба анҷом расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъи амниятиро патрулҳои муштараки ду кишвар назорат карда, аз вуқӯи ҳама гуна ҳодисаҳои марзӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Рӯзи 13 март дар маҳалли бунёди қитъаи роҳе дар байни марзи ду кишвар моҷаро бархост ва дар давоми ду рӯзи ихтилофи сокинони Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ба беш аз 20 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд. Баъди ин роҳҳои марзӣ баста шуд ва мақомоти ду кишвар ба музокирот нишастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Поёни музокироти Тоҷикистону Қирғизистон. Мақомот ба сохтмони 2 роҳ иҷозат доданд. ВИДЕО"Дастрасӣ ба маълумот хеле муҳим аст"
Дар нахустин нишасти матбуотии сафири нави ИМА дар Тоҷикистон журналистон инчунин дар бораи болоравии қимати интернет, маҳдудшавии дастрасии сокинони Тоҷикистон ба ин шабакаи ҷаҳонӣ ва ҳам норизоияти сокинон аз ин таҳаввулот суол карданд. Ҷон Марк Поммершайм Интернетро як бахши муҳими матбуот ва озодии баён арзёбӣ кард.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки “дастрасӣ ба маълумот хеле ва хеле муҳим аст. Шаҳрвандон бояд ба ҳама гуна маълумот дастрасӣ дошта бошанд. Муҳим нест, ки он тавассути матбуот, нашрияҳо, телевизион ваё Интернет пахш мешавад. Интернет як бахши муҳими он аст. Мавқеи ИМА дар ин замина мустаҳкам аст. Шаҳрвандон дар саросари олам талош ба харҷ медиҳанд, ки ба иттилоот дастрасии озод дошта бошанд. Ба назари ман, ин як принсипи умумӣ аст”.
Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 15 март эътимодномаи худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурд. Ӯ гуфт, ки як бахши муҳими кораш ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар масоили ҳуқуқи башар мебошад. Ӯ гуфт, ки ИМА ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби як муколамаи солона бо ҳам доираи васеаи масъалаҳо, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи башар ва ҷомеаи маданӣ ҳамкорӣ мекунанд ва музокираҳои солона ҳуқуқи башар, озодиҳои динӣ ва масоили дигарро дар бар мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Мо бовар дорем, ки озодӣ бояд дар як сатҳе вуҷуд дошта бошад, ки ҳам шахсони ҷудогона ва ҳам ҷомеа дар фаъолиятҳое иштирок карда тавонанд. Ин масъалаест, ки мо дар ин ҷо, дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасии онро идома хоҳем дод ва бо шариконамон сари он кор хоҳем кард. Ин як бахши хеле муҳим аст”.
Тоҷикистон дар солҳои охир аз назари рукуди нишондодҳо дар бахши ҳуқуқи башар интиқод мешавад. Аз ҷумла, дар гузориши тозанашри Департаменти давлатии Амрико аз 14 март Тоҷикистон дар робита бо масъалаи шиканҷа ва озори зиндониҳо, вуҷуди маҳбусони сиёсӣ, дахолат ба ҳаёти шахсӣ, бастани сайтҳои хабарӣ, сензура, мизони баланди фасоду хешутаборбозӣ ва хушунат алайҳи ақаллиятҳои ҷинсӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки қонунҳои ин кишвар озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад ва аксар интиқодҳои байналмилалро қабул надорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрико вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард
"Афғонистон ба паноҳгоҳи террористон табдил нашавад"
Яке аз масоиле, ки рӯзи 18 март дар мулоқот бо сафири нави ИМА матраҳ шуд, вазъ дар Афғонистон ва хабарҳои нигаронкунанда оид ба таҷаммуи ҳазорҳо ҷангиён дар марзҳои шимолии ин кишвар бо Тоҷикистон буд. Поммершайм гуфт, ки ИМА манфиатдори он аст, ки Афғонистон “ба паноҳгоҳи террористон табдил нашавад”. Ӯ гуфт, ки бахши аъзами ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар бахши амниятӣ марбут ба ҷилавгирӣ аз терроризм мебошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.
Амрико давоми 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.
То таъин шуданаш ба мақоми сафир дар Тоҷикистон, Поммершайм ба ҳайси ҷонишини Сафири Амрико (2015-2018) дар сафорати ИМА дар шаҳри Остонаи Қазоқистон адои вазифа намудааст. Пеш аз ин дар мақомҳои зиёд дипломатӣ дар шаҳри Вашингтон, дар бахши корҳои сиёсии сафорати ИМА дар Ҷопон, Чин, Беларус ва Олмон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи Консули генералии ИМА дар шаҳри Владивостоки Руссия адои вазифа намудааст. Пеш аз шурӯъ ба фаъолияти дипломатии хеш Поммершайм дар шабакаи Си-Эн-Эн (шабакаи хабарии Амрикоӣ) дар шаҳри Москав фаъолияти корӣ намудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Трамп Поммершаймро сафири Амрико дар Тоҷикистон пешбарӣ кард