Дар Кӯлоб даҳҳо занону духтарон аз пӯшидани ҳиҷоби синтетикӣ ба ҳассосияти пӯст гирифтор шудаанд.
Пизишкони беморхонаи пӯсти Кӯлоб ба занону духтарони маҳаллӣ тавсия додаанд, то аз пӯшидани ҳиҷобе, ки аз матои синтетикӣ таҳия шудааст, худдорӣ кунанд. Ба қавли пизишкони ин беморхона, дар давоми танҳо ду моҳи охири тобистон “беш аз сад зану духтарони ҳиҷобпӯш” бо нишонаҳои ҳассосият ё аллергияи пӯсти гардану рӯй муроҷиат кардаанд.
Мадина Ҷабборова, яке аз ин духтарон аст, ки бо чунин шикоят ба назди пизишкон омадааст. Ӯ мегӯяд, беш аз як сол аст, ки ҳиҷоби исломӣ ба бар мекунад, аммо дар аввали тобистон нишонаҳои хоришро дар танаш эҳсос карда ба духтур муроҷиат кардааст. Вай мегӯяд, ки ду бари гарданаш сурх шуда, дар
пӯсташ хориш пайдо кардааст. Бо гузашти вақт, мегӯяд вай “доначаҳои сурхи” танаш дар паи хориши батакрор “ба захми калонтар” табдил ёфтаанд.
Ӯ гуфт: «Ин тобистон хеле гарм шуд. Дар берун кор мекардам ва вақте ки танам арақ мекард, баданам ба хориш медаромад. Он қадар аҳмият надодам, вале дидам, ки он доначаҳои хурд калонтар шуда, захм пайдо карданд. Ҳоло духтурон якчанд намуд дору навиштанд ва гуфтанд, ки ҳиҷоби синтетикиатро бо матои пахтагин иваз кун».
Беморие, ки аз ҳиҷоби синтетикӣ гузаштааст
Дар ҳамин ҳол, Алихон Муродов, сардухтури беморхонаи бемориҳои пӯсти Кӯлоб мегӯяд, воқеан, зимни таҳлилу ташхисҳо маълум карданд, ки ин захмҳо дар гармои тобистон аз ҳиҷоби синтетикӣ пайдо шудааст. Ин бемориро пизишкон «газаки пӯст» меноманд, ки бар асари ҳассосият ё аллергияи пӯсти бадан пайдо шуда (Аллергический контактный дерматит - дар илми тиб), хусусияти дердавмокунанда доштааст. Илми тиб мегӯяд, ҳассосияти пӯсти бадани инсон бар асари тамос бо матоъҳои маснӯӣ ва дар натиҷаи арақкунии шадиди бадан
пайдо мешавад, чунки ҳамроҳ бо арақи бадан, намаки хроме хориҷ мешавад, ки дар таркиби ранги матоъ мавҷуд аст. Ин чизе яке аз сабабҳои ҳассосият пайдо кардани пӯсти инсон мешавад.
Духтур Муродов машварат медиҳад, ки занону духтарон, бахусус онҳое, ки ҳассосият доранд, ҳиҷобу сару либоси пахтагинро ба бар кунанд.
«Бисёри онҳо дар болои қафаси сина, гардан ва рӯй захм доштанд. Ҳангоми сӯҳбат маълум кардем, ки дар аввал каме хориш пайдо мешавад, ки беморон ҷиддӣ намегиранд. Баъдан захмҳо калонтар мешавад. Табобаташ он қадар мушкил нест, аммо агар аҳмият надиҳанд, вазнин шуданашон мумкин. Мо маслиҳат додем, ки синтетика напӯшанд. Аммо онҳо мегӯянд, ки ҳиҷоби пахтагӣ ё намеёбанд ва ё нархи онҳо қиматтар аст».
Раҳима Қаюмова, як зане, ки дар бозори марказии Кӯлоб либоси исломӣ мефурӯшад, мегӯяд, воқеан, дар соли ҷорӣ чанд харидор аз пайдо шудани захм дар баданаш шикоят кардааст. Ин хонум мегӯяд, пас аз шикояти сокинон онҳо дигар даст аз фурӯши либоси исломии сохти Чин худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар муқобили либоси исломии сохти Қирғизистону Туркия, арзонтарудастрастараш моли Чин будааст. Ӯ мегӯяд, агар либосҳои исломии духтӣ Чин 20 то 25 доллар арзиш дошта бошад, ҳамин гуна либосе, ки аз Қирғизистону Туркия
ворид мешавад, 70 то 100 доллари амрикоӣ арзиш дорад.
«Ҳозир ҳама либоси мактабӣ харидорӣ мекунанд ва савдои ин гуна либосҳо каме суст шудааст. Ин гуна либосҳоро мо бо рӯймолу шарфу куртааш мефурӯшем. Дӯхти Хитой аз 80 то 120 сомонӣ аст, вале истеҳсоли Туркия то 100 долар нарх дорад. Дар ин замон ҳама арзонашро интихоб мекунад ва мо ҳам талаботи харидоронро ба назар гирифта, онро ворид месозем».
«Айб дар сатр не, дар занҳост»
Дар ҳамин маврид, Мунаввара, як зане, ки беш аз 7 сол ҳиҷоби исломӣ ба бар мекунад, дар бемор шудани занону духтарон тарзи либоспушӣ ва адами риояи тозагиро аз ҷониби онҳо гунаҳгор мекунад. Вай машварат медиҳад, ки дар интихоби сатр аз расми “момову бибиҳо” кор гирифта, мисли “дока” матоъҳои нарму пахтагӣ ва табииро интихоб кунанд.
Тобистони имсол дар муқоиса бо солҳои пеш шадидан гарму вазнин омад ва мардум маҷбур буданд дар офтоби тоқатфарсо, ки беш аз 40 дараҷаро ташкил медод, ба кору машғулияти худ идома диҳанд.
Мадина Ҷабборова, яке аз ин духтарон аст, ки бо чунин шикоят ба назди пизишкон омадааст. Ӯ мегӯяд, беш аз як сол аст, ки ҳиҷоби исломӣ ба бар мекунад, аммо дар аввали тобистон нишонаҳои хоришро дар танаш эҳсос карда ба духтур муроҷиат кардааст. Вай мегӯяд, ки ду бари гарданаш сурх шуда, дар
Ӯ гуфт: «Ин тобистон хеле гарм шуд. Дар берун кор мекардам ва вақте ки танам арақ мекард, баданам ба хориш медаромад. Он қадар аҳмият надодам, вале дидам, ки он доначаҳои хурд калонтар шуда, захм пайдо карданд. Ҳоло духтурон якчанд намуд дору навиштанд ва гуфтанд, ки ҳиҷоби синтетикиатро бо матои пахтагин иваз кун».
Беморие, ки аз ҳиҷоби синтетикӣ гузаштааст
Дар ҳамин ҳол, Алихон Муродов, сардухтури беморхонаи бемориҳои пӯсти Кӯлоб мегӯяд, воқеан, зимни таҳлилу ташхисҳо маълум карданд, ки ин захмҳо дар гармои тобистон аз ҳиҷоби синтетикӣ пайдо шудааст. Ин бемориро пизишкон «газаки пӯст» меноманд, ки бар асари ҳассосият ё аллергияи пӯсти бадан пайдо шуда (Аллергический контактный дерматит - дар илми тиб), хусусияти дердавмокунанда доштааст. Илми тиб мегӯяд, ҳассосияти пӯсти бадани инсон бар асари тамос бо матоъҳои маснӯӣ ва дар натиҷаи арақкунии шадиди бадан
Духтур Муродов машварат медиҳад, ки занону духтарон, бахусус онҳое, ки ҳассосият доранд, ҳиҷобу сару либоси пахтагинро ба бар кунанд.
«Бисёри онҳо дар болои қафаси сина, гардан ва рӯй захм доштанд. Ҳангоми сӯҳбат маълум кардем, ки дар аввал каме хориш пайдо мешавад, ки беморон ҷиддӣ намегиранд. Баъдан захмҳо калонтар мешавад. Табобаташ он қадар мушкил нест, аммо агар аҳмият надиҳанд, вазнин шуданашон мумкин. Мо маслиҳат додем, ки синтетика напӯшанд. Аммо онҳо мегӯянд, ки ҳиҷоби пахтагӣ ё намеёбанд ва ё нархи онҳо қиматтар аст».
Ҳиҷоби Чин - 20, туркӣ 100 доллар аст