Алиро барои видеоҳои Чеченистон ба Маскав роҳ надоданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як ҷавони тоҷикро барои он аз Русия берун кардаанд, ки ба қавли мақомот видеоҳои ҷанги солҳои 90-ум дар Чеченистонро дар Ютуб тамошо кардааст. Ба гуфтаи марзбонони фурудгоҳи Внуковои Маскав ин ҷавони тоҷик русҳоро дӯст намедорад ва барои ҳамин набояд ба Русия биёяд.