Аксҳои моҳвораӣ аз Ҳмеймим: Русия таҷҳизоташро мебарад

Ин тасвирро ширкати “Maxar” рӯзи 13-уми декабр нашр кард

Бино ба аксҳои нави моҳвораӣ, ба назар мерасад, Русия бахше аз таҷҳизоти низомии худро аз пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим дар Сурия берун мебарад.

Тасвирҳоро ширкати “Maxar” рӯзи 13-уми декабр нашр кард.

Тибқи он, дастикам ду ҳавопаймои борбар дар пойгоҳи Ҳмеймим дида мешаванд.

Ба гузориши “Рейтерс”, ин ду ҳавопаймо навъи “АН-124” ҳастанд, ки асосан барои интиқоли борҳои вазнин истифода мешаванд.

“Maxar” навиштааст, дар тасвирҳои нави моҳвораӣ чархболи Ка-52 ва бахшҳои низоми дифоии S-400 низ ба чашм мехӯранд.

Русия дар солҳои охир барои пуштибонӣ аз ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҳузури низомӣ дошт. Ҳукумати Башор Асад рӯзи 8-уми декабри 2024 суқут кард.

Ҳафтуним ҳазор сарбозу афсари Русия дар ду пойгоҳ – Тартус ва Ҳмеймими Сурия – ҷойгир буданд. Чанд рӯз пеш дар тасвирҳои моҳвораӣ дида шудааст, ки киштиҳои низомии Русия пойгоҳи Тартусро тарк мекунанд.