Нозим Маҳмадизода, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академия, рӯзи 1-уми август ҳангоми нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Акбаршоҳ Искандаров тақрибан ду моҳ пеш дастгир шуд.
Маҳмадизода афзуд, бо сабаби муҳри махфӣ доштани парванда, ҷузъиёти қазияи Искандаровро намедонад. Акбаршоҳ Искандаров то замони боздошт мудири Шуъбаи масоили сиёсӣ ва байнулмилалии Пажӯҳишгоҳи фалсафа буд.
Раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафа дар посух ба суоли он ки баъд аз боздошти Искандаров ба ӯ чӣ кумак кардаанд, гуфт, талош мекунанд ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноӣ халал нарасонанд.
Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон "Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надоданд". Пайвандони Искандаров ва ҳам масъулони Додситонии кул дар бораи боздошти ӯ чизе намегӯянд.
Акбаршоҳ Искандаров ба дунболи боздошту бозупурсии вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ва вазири пешини корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дастгир шудааст. Маълум нест, қазияи онҳо то куҷо бо ҳам пайванд дорад.
Акбаршоҳ Искандаров, ки рӯзи 1-уми август 73-сола шуд, дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба мақоми раиси Шӯрои олӣ расид ва муддате иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Акбаршоҳ Искандаров: "Даргириҳо дар Тоҷикистон даврони мушкилтарини зиндагиам буд"