Аҳволи беҷошудагони фаластинӣ дар Ғазза бад шудааст

Хаймаи паноҳҷӯён. Ғазза, 11-уми декабри 2024

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, Исроил бо қатъи дастрасии фаластиниҳо ба оби пок дар Ғазза боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин кор баробар ба наслкушӣ мебошад. Исроил иттиҳомро рад кардааст. Айни ҳол аксари беҷошудагони Ғазза дар ин сардиҳо ночор дар хайма зиндагӣ мекунанд.

"Имрӯз ҳама чиз зидди мост"

Оилаи Абу Марям мисли фаластиниҳои дигари Ғазза зери хаймае дар минтақаи Ал-Мавосӣ ба сар мебарад. Ин ҷоро Исроил ҳамчун гӯшаи амн дар Ғаззаи ҷанубӣ муайян кардааст.

Хонум Эътимод, шавҳараш Ориф ва ду фарзанди онҳо, ки қабл аз ҷанг дар шимоли Ғазза иқомат доштанд, дар як соли бархӯрдҳои Исроилу “Ҳамос” (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) маҷбур шудаанд, панҷ дафъа макони истиқоматашонро иваз кунанд.

Фарорасии зимистон онҳоро нигарон кардааст. Эътимод Абу Марям гуфт: "Зимистон моро ба ташвиш овардааст. Мо дар хаймаи латтагин иқомат дорем. Он дар муқобили борон муқовимате надорад."

Ба қавли ин зан дар урдугоҳ нигаҳдошти меъёрҳои беҳдоштӣ хеле душвор аст: "Ҳама ҷо касиф аст. Тамоми рӯз поккорӣ мекунаму дар охир мебинам, ки ҳамон ҳоли пештара. Дар ҳама ҷо, дар либосу ҷойи хоб изи мушу ҳашарот ба чашм мехӯрад."

Ориф, шавҳари Эътимод, мегӯяд, замоне сокинони Ғазза ба вижа кишоварзони ин минтақа боронро неъмати худо мешумурданд. Имрӯз вазъ дигар аст.

Ӯ гуфт: "Дар гузашта мо дуо мекардем, ки борон борад, онро неъмати худо мегуфтем. Имрӯз дар хаймаҳои латтагину пластикӣ дуо мекунем, ки борон наборад. Имрӯз ҳама чиз зидди мост. Ҳатто дар замине, ки киштзор мебошад, мо имрӯз маҷбурем, хаймаҳои худро ҷойгир кунем."

Бо фарорасии зимстон буҳрони Ғазза амиқтар мешавад.

Муассисаи Созмони Милал, ки низоми ҳифзи тандурустии фаластиниҳоро муроқибат мекунад, иброз доштааст, ки 2 миллион фаластинии сокини Ғазза бо камбуди ҷиддии доруву дармон мувоҷеҳ мебошанд.

Филипп Лаззарини, комисаари олии муассисаи СММ дар Ғазза (UNRWA), мегӯяд, "мо боз бо зимистони хатарбор рӯбарӯ ҳастем. Иммунитет ё худ масунияти мардум аз сабаби камғизоӣ ва гуруснагии давомдор суст шудааст. Бадбахтона, боз ҳолате ба миён меояд, ки имкон дошт аз он ҷилавгирӣ шавад".

Исроил робитаашро бо муассисаи маҳаллии СММ қатъ кард, зеро ба фикри исроилиҳо баъзе кормандони ин муассиса дар ҳамлаи 7-уми октбри соли гузашта ба Исроил нақш доштаанд. Муасссаи маҳаллии СММ ин идаоро рад мекунад.

Намояндаи артиши Исроил мегӯяд, давлати яҳудӣ имкон медиҳад, ки кумакҳои байналмилалӣ тавассути гузаргоҳҳои Ғазза ба сокинони воҳа расонида шаванд. Дар робита бо камбудӣ ғизо намояндаи артиши Исроил ба муассисаҳои ёрирасон ишора мекунад.

Барои оилаи Абу Марям фарқ надорад, ки мушкили интиқоли кумакҳо бо айби кӣ ба амал омадааст. Онҳо бо як зимистони сарди намнок даст ба гиребонанду медонанд, ки ба ин зудиҳо ба манзили доимии зисташон барнамегарданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳволи беҷошудагони фаластинӣ бад шудааст