"Агар биноро чаппа кунанд, дар кӯча мемонем"

Яке аз биноҳои баҳсӣ

Дар шаҳри Душанбе ба даҳҳо сокини ду бинои навсохт амр додаанд, ки хонаҳоро холӣ кунанд. Додситонӣ гуфтааст, ин биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд ва дар ҷойи онҳо бояд баландошёнаҳои дигаре қомат афрозанд. Мардуме, ки бо азоби зиёд пул ҷамъ карда, хона харидаанд, ҳоло намедонанд, чӣ кор кунанд.

Шоми 15-уми октябр қарор буд, ки сокинон ҷамъ омада, тақдири ояндаи хонаҳояшонро баррасӣ кунанд. Бархе наомаданд. Баъзеи дигар гуфтанд, ки мушкил ҳалношуда монд. Масъули сохтмон дар боздошт аст. Мақомот аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд.

Таваккал Нозимов беш аз шаш моҳ боз дар манзили наваш зиндагӣ дорад. Хабари тахриби бино ӯро бештар нигарон кардааст.

Таваккал Нозимов

“Агар биноро чаппа кунанд, барои ман бисёр сахт аст. Дигар ҷойи зистан надорам. Дар ҳақиқат, санҷед, ба ҷуз ин ҷо дигар ҷойи зист надорам, бародари азиз. Бар илова аз бонк қарздор ҳастам. Мумкин аст, дар кӯча монам. Тасаввур кунед, чӣ хел мешавад,” – шиква кард ин сокини пойтахт.

Соҳибони манзилҳои дигар аз гап задан худдорӣ карданд. Бархе дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ки чӣ гуна баъди бештар аз як соли зист масъалаи ғайриқонунӣ бунёд шудани бино ба миён омадааст?

“Вақте биноҳоро месохтанд, аз пойдевор сар карда то бом, чаро касе чизе нагуфт? Ин ҷо маркази шаҳр аст. Масъулон медонистанд, ки сохтмони бино ҷараён дорад, чаро пешгирӣ накарданд, агар сохтакорӣ буд?” – гуфт яке аз онҳо.

Ба чунин пурсишҳо ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳукумат ва Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ва Додситонии шаҳри Душанбе посух надоданд. Рӯзи 16-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз намояндагони ин ниҳодҳо хостанд, ки мавзуъро шарҳ диҳанд, аммо ҷавобе нагирифтанд.

Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин ду бино дар хиёбони Рӯдакӣ “худсарона” ва бо таҳияи санадҳои “сохта” бунёд шудаанд.

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур

Мақомот гуфтанд, Ҷамшед Азизмуҳаммадзода, соҳиби ин ду бинои навсохт, ба 16 кас ғайриқонунӣ хона фурӯхтааст. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Ҷамшед Азизмуҳаммадзода дар ҳабс аст ва назараш ба иттиҳом маълум нест. Сокинон гуфтанд, дар даст санад доранд ва тайи бештар аз як сол пули обу барқ ва хидматрасониҳои дигари иҷтимоиро низ додаанд.

Далер Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “16 нафаре, ки дар ин биноҳо зиндагӣ мекунанд, ҳуҷҷат доранд, молик ҳастанд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст. Дар сурати бекор кардани ҳуқуқи молик будани шаҳрванд, бо сабабҳои гуногун, бигзор ғайриқонунӣ бунёд шуда бошад, бояд зарари сокинон аз сӯи давлат ҷуброн карда шавад”.

Ин ҳуқуқдон ба сокинон тавсия дод, ки бар асоси қонун дар чунин баҳсҳо барои ҳаққи соҳибмулкии худ ё пардохти ҷуброни он метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Дар солҳои охир сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди манзил ҷуброн хоҳад шуд. Иддае аз сифати сохтмонҳо розӣ нестанд ва бархеи дигар аз он шикоят мекунанд, ки хонасозон як манзилро ба чанд нафар фурӯхтаанд. Мақомот иҷозаи бунёди хонаҳоро медиҳанд ва масъули қабулаш ҳастанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе ба даҳҳо нафар амр додаанд, хонаҳояшонро холӣ кунанд