"Агар ба созиш нарасем..." Таҳдиди Трамп ба раисҷумҳури Русия

Доналд Трамп ва Владимир Путин

Раисҷумҳури Амрико гуфт, агар бинад, ки Маскав монеи талошҳои ӯ барои хатми ҷанг дар Украина мегардад, ба тамоми нафти содиротии Русия таърифаи дубора ҷорӣ хоҳад кард.

Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо телевизиони NBC сухан гуфт. Изҳороти ӯ баёнгари як навъ дигаргунӣ дар бархӯрди нармтари Кохи Сафед нисбат ба Русия аст.

Вай афзуд, вақте президенти Русия Владимир Путин хоҳони ташкили ҳукумати муваққатӣ дар Украина шуд, ки амалан ба маънои рондани раисҷумҳур Владимир Зеленский аст, "бисёр хашмгин" ва "дилсард" гашт. Худи Трамп қаблан Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номида буд.

"Агар бо Русия барои қатъи хунрезӣ дар Украина ба тавофуқ нарасем ва агар фикр кунам, ки ин гуноҳи Русия аст... он вақт ба ҳама нафти содиротии Русия таърифаи дубора ҷорӣ хоҳам кард," – гуфт Доналд Трамп.

Президенти Амрико дар шарҳи таърифаи дубора гуфт, ин ба он маъност, ки агар кишваре аз Русия нафт бихарад, имкони кору тиҷоратро дар Иёлоти Муттаҳида аз даст хоҳад дод. Ӯ афзуд, дар сурати ҳосил нашудани созиши оташбас чораҳои тиҷоратӣ дар муддати як моҳ ҷорӣ хоҳанд шуд.

Ин изҳорот баъди он садо дод, ки Кохи Сафед рӯзи 25-уми март гуфт, ҳам Русия ва ҳам Украина ба оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва зарба назадан ба иншооти энергетикии ҳамдигар розӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин, мушкилот боқӣ монд.

Киев мегӯяд, ба иҷрои созиш омода аст, аммо Маскав дар иваз лағви баъзе аз таҳримҳои вобаста ба ширкату бонкҳои русиро талаб дорад.

Раисҷумҳури Амрико поён додан ба ҷанг дар Украинаро дар авлавияти сиёсати хориҷияш ҷой додааст. Трамп дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, дар давоми ин ҳафта бо Путин суҳбат хоҳад кард.

Дар пасманзари талошҳои дипломатии Амрико барои расидан ба созиши оташбас, Киев рӯзи 30-юми март ва пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба як бемористони низомӣ Маскавро ба "ҷинояти ҷангӣ" муттаҳам кард.

Паҳподҳои Русия шаби 29 ба 30-юми март ба бемористони низомии Харков ҳамла карда, ба як маркази тиҷоратӣ, биноҳои истиқоматӣ ва ҳадафҳои дигар низ зарба заданду камаш ду нафарро куштанд. Ситоди кулли артиши Украина ҳамлаи Русияро "барқасдона" номид.

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, Киев мунтазири посухи шадиди кишварҳои ғарбӣ ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба қаламраваш аст.

Зеленский шаби 29-уми март гуфт: “Шарикони мо бояд ба таври возеҳ дарк кунанд, ки ин зарбаҳо на фақат ба шаҳрвандони Украина, балки ба тамоми талошҳои байнулмилалӣ ва маҳз дипломатияест, ки мо барои поён додан ба ҷанг истифода мекунем.”

Мақомоти Украина гуфтанд, дар ҳамлаҳои шаби 29-уми март дар саросари ин кишвар дар маҷмуъ ду кас кушта ва 26 тани дигар захмӣ шуданд.