Ҳукумати Тоҷикистон нархи истифода аз нерӯи барқро барои мардум ва корхонаҳо гарон кард.
Сокинон аз якуми апрел барои ҳар киловат соат барқ 35,36 дирам хоҳанд супурд. Дар ҳоли ҳозир ин рақам ба 30,75 дирам баробар аст.
Қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар нашрияи расмии "Ҷумҳурият" нашр шуд.
Тибқи он, нархи нерӯи барқ аз якуми апрел барои корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсейу гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам таъйин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки корхонаҳои "Талко", "Азот" ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" нерӯи барқро арзонтар мегиранд. "Талко" ё ширкати алюминиюми тоҷик – 20,77 дирам, "Азот" – 35,36 дирам ва "Комбинати металлургии Тоҷикистон" – аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел 80,90 дирам.
"Талко" давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз аз сӯйи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургӣ борҳо гуфтаанд, ки ба “Фароз” ҳеч робита надоранд.
Корхонаи нуриҳои “Азот”-ро соли 2022 ширкати “Осиё Кемикал” харид ва як сол баъд фаъол шуд. Номи соҳиби ширкате, ки “Азот”-ро харид, маълум нест ва дар борааш дар интернет маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад.
Додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез буда, наздикии баъзе аз онҳо бо хонаводаи президент шубҳаеро ба миён овардааст, ки ширкатҳои дигари соҳиби имтиёз низ ба ин оила ва ё шахсони наздик ба онҳо рабт доранд.