Баъди сафари президент: Атолаву алафҷӯшак "қонунӣ" шуд

Дар шаҳри Норак баъди сафари президент фаъолияти ошпазҳои сарироҳӣ на танҳо қонунӣ, балки дорои имтиёз шуд.

Дар шаҳри Норак баъди сафари президент фаъолияти ошпазҳои сарироҳӣ на танҳо қонунӣ, балки дорои имтиёз шуд. Ҳукумати ин шаҳр мегӯяд, ки дар талоши беҳтар кардани шароити кори ошпазҳо буда, аз ҳоло ин бахши коргаронро аз андоз озод кардаанд.

Ин қисса 27 апрели соли ҷорӣ, рӯзи боздиди охирини президенти Тоҷикистон аз шаҳри Норак шурӯъ шуд. Ба ҳангоми ворид шудан ба Норак он рӯз ва бидуни тоҷиру ошпаз дидани шоҳроҳи Душанбе-Норак, президент Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти маҳаллӣ суол кардааст, ки ин мардум куҷо шудаанд. Маълум шудааст, ки ҳукумати шаҳри Норак,

идораи нақлиёт ва пулиси роҳ чанд рӯз пеш аз сафари президент ҳамаи фурӯшандагону ошпазҳоро аз кӯчаҳо холӣ карда, ба хотири истиқболи “гарми” президент ба тозаю мурратаб кардани кӯчаҳо пардохтаанд.

Дилшод Асоев, муовини аввали раиси шаҳри Норак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, президент аз мақомот талаб кардааст, ки ба кору фаъолияти ин бахши мардум кордор набошанд ва бигузоранд ором ва мисли пешин хизматрасонии худро идома диҳанд: “Президент гуфт, “онҳоро ташвиш надиҳед, дастгирӣ бояд кард”. Гуфт, ки “аз гӯштбирён дида, хӯрокҳои парҳезии ин мардум хуб аст. Супориш дод, ки дигар касеро ташвиш надиҳем”.

Ба иттилои Асоев, агар як сабаби аз савдои кӯча ронда шудани тоҷирон дар фаъолияти ғайрирасмии онҳо бошад, сабаби дигараш нигарониҳо аз шароити санитарии кору ғизои пешниҳодии онҳо будааст. Ба гуфтаи Асоев, президент таъкид кардааст, ки манъи кори ошпазҳои канори роҳ зиндагии онҳоро сангин мекунад.

Кормандони яке аз нуқтаҳои ғизохӯрии шоҳроҳи Душанбе-Норак, ки дар он ғизои гарми дастпухти миллии мисли кашку алафҷӯшак, оши бурида, сиёҳалаф, моҳии бирён, мастоба, дар баробари ин чукрию торон, меваи хушки кӯҳистонӣ пешниҳод мешавад, ҳамчунин рӯзҳои сафари президент баста шуд.

Дилбарниссо Шариповаи 40-сола, сокини деҳаи Тутқавули шаҳри Норак, ки дар ҳумаи Баҳри Норак кор мекунад, мегӯяд, аз макони кору тиҷорат ба ҳангоми сафарҳои президент ронда шудани ин мардум ҳарфи наве

нест. “Ҳар дафъае, ки президент меояд, моро аз ин ҷо пеш мекунанд”, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ. Худи Дилбарниссо 5 фарзанд дорад ва баъди талоқ аз шавҳар фарзандонашро танҳо бузург мекунад. Ғизофурӯшӣ дар бозори канори роҳ манбаи даромади аслии ин хонавода мебошад. Вай мегӯяд, ҳоло шод аст, ки президент ба онҳо таваҷҷӯҳ кард ва акнун ӯву дигар ҳамкоронаш метавонанд бидуни монеа ба кори худ идома диҳанд.

Аксари кормандони ин бозорчаи сарироҳӣ занҳо мебошанд, ки собиқаи кории 20-сола доранд, онҳо аз деҳоти атроф субҳи содиқ ба бозор меоянд ва то шаб кор мекунанд. Солиҳахон Назарова, яке аз онҳост ва мегӯяд, дар деҳа кор нест, аз ин рӯ танҳо роҳи даромади хонаводаи худро аз ҳисоби фурӯши хӯроку маҳсулоти дигари ғизо мебошад.

Идибек Султонов, мудири шӯъбаи иқтисодиёти ҳукумати шаҳри Норак гуфт, ки ҳоло дар фикри таҳияи шароити беҳтари кор барои ин ошпазҳо

мебошанд. Аз ҷумла, ошпазҳо аз андоз озод шуда дар маҳалли кор бо либоси махсуси корӣ ҳозир хоҳанд шуд.

Дар даромадгоҳи шаҳри Норак аз ҷониби ноҳияи Данғара дар назди нақби "Озодӣ" ва аз даромадгоҳи дигар аз сӯи шаҳри Ваҳдат дар наздикии нақби "Хатлон" беш аз 100 нафар фурӯшандагони хӯрокҳои дастпухт, ки асосан аз гиёҳои кӯҳистонӣ таҳия мешаванд, кор мекунанд.