Амаки Зӯҳро ӯву фарзандонашро аз қашшоқӣ наҷот медиҳад

Яке аз фарзандони Зӯҳро 

Зӯҳро баъди шурӯи зиндагии беҳтар дар хонаи амак

Тоҳир Зикриёев мегӯяд, "то зинда аст", Зӯҳроро дигар хор шудан намемонад

Тоҳир Зикриёев дар ҳавлии худ дар ноҳияи Бохтар барои Зӯҳро шароит таҳия кард ва мегӯяд, агар шавҳари ӯ зиндаву саломат баргашт, ояндаи зиндагии ин хонаводаро дар машварат бо ӯ танзим мекунанд

Ҳанӯз ду ҳафта пеш Зӯҳрову шаш фарзандаш дар ин кулбаи гилӣ дар теппаҳои Ҳисор зиндагӣ мекарданд

Дар фосилаи як ҳафта баъди пахши гузориши радиои Озодӣ дар бораи ҳолати риққатбори хонаводаи чӯпоне дар теппаҳои ноҳияи Ҳисор, амаки Зӯҳро Файзуллоева аз Русия ба суроғу кӯмаки ин хонавода шитофт.