Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон, рӯзи 10-уми август бо ҳадафи гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик вориди Душанбе шуда ва баъди зуҳр бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар ин суҳбат "тақвияти мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ" баррасӣ шудааст.
Оқои Раҳмон гуфтааст, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷой дорад ва афзудааст, "аввалин заминае, ки тамоми маҳаки муносибатҳои моро бо Афғонистон муайян менамоянд, асли ҳамсоягии нек мебошад."
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки ин сафари Муҳаммад Ҳаниф Атмар бо даъвати ҳамтои тоҷикаш сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Ҳаниф Атмар пас аз дидору гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик ба Қирғизистон хоҳад рафт.
Сафари ин мақоми баландпояи амниятии афғон ба Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъи марз бо Афғонистон ҳамвора мавриди нигарониҳои кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон будааст. Сари ҳар чанд вақт аз нооромиҳо дар сарҳад ҳам хабарҳо мунташир мешаванд.
Аз ҷумла, шаби 9 август дар минтақаи Шӯроободи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи марзшикан задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 10-уми август ба Озодӣ гуфт, як гурӯҳи иборат аз 4-5 нафар, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро доштанд, ба амри марзбонони тоҷик итоат накарда ва дар пайи задухӯрди мусаллаҳона ба самти Афғонистон фирор карданд. Улуғхоҷаев гуфт, аз ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин ва як камони карабин ёфт шудааст.
Ин алакай 17-умин задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз аввали соли ҷорист. Дар ин задухӯрдҳо 8 марзшикан кушта шудаанд. Аз ҷумла, шаби 5 август дар як даргирӣ дар минтақаи марзии Панҷ, ба гуфтаи марзбонҳои тоҷик, як қочоқбар кушта ва аз ҷои ҳодиса 22 кило ҳашишу банг ёфта шуд.
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад.
Аз сӯи дигар, бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд. Вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон, ки бо вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак доранд, дар ин авохир ба саҳнаи даргириҳои шадид миёни Толибону нирӯҳои давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҳатто бархе аз ин манотиқро зери контроли худ даровардани ҷангҷӯёни Толибон, нигарониҳои амниятии мақомоти Душанбе аз самти Афғонистонро бештар кардааст. Хусусан, дар ҳоле ки дар сафи Толибон, ба гуфтаи мақомоти афғон, шумори зиёди ҷангҷӯёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳузур доранд ва ин гурӯҳҳо қасди ба ин сӯи Омӯ густариш додани ҷабҳаҳои ҷангро дар сар мепарваранд. Генерал Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар нишасти хабарӣ вазъияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро босуот арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, гурӯҳи Толибон мехоҳанд мавқеашон дар ҳудуди Афғонистонро мустаҳкам карда ва қасди ҳуҷум карда ё гузаштан ба хоки Тоҷикистонро надоранд.
Вале ба гуфтаи генерал, мумкин аст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки ҳоло ба Афғонистон омадаанд, барои аз роҳҳои мухталиф ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудан талош кунанд.
Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳад, ки камтарини он қочоқи маводи мухаддир ва бузургтаринаш интиқоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.