Соати яки шаби 9 август дар минтақаи Шӯроободи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи марзшикан задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати қушӯнҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи иборат аз 4-5 нафар, ки кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро доштанд, ба амри марзбонони тоҷик итоат накарданд ва дар пайи задухӯрди мусаллаҳона ба самти Афғонистон фирор карданд. Улуғхоҷаев гуфт, аз ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин ва як камони карабин ёфт шудааст.
Ин алакай 17-умин задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз оғози соли ҷорист. Дар ин задухӯрдҳо 8 марзшикан кушта шудаанд. Аз ҷумла шаби 5 август дар як даргирӣ дар минтақаи марзии Панҷ, ба гуфтаи марзбонҳои тоҷик, як қочоқбар кушта ва аз ҷои ҳодиса 22 кило ҳашишу банг ёфт шуд.
Ҳудуди 1400 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Дар ин авохир бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд.