Вақте чорае дигар нест... Қасди худсӯзии 11 узви як хонавода (ВИДЕО)

Аъзои ин хонавода мехостанд худкушӣ кунанд.

Пулис дар вилояти Қундузи Афғонистоназ қасди худсӯзии 11 узви як хонаводаи хеле фақир ҷилавгирӣ кардааст. Як зани афғон барои халосӣ аз чанголи фақр мехостааст худашу 10 фарзандашро оташ бизанад.

Як зани афғон дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон мехост, ки худро ҳамроҳ бо 10 фарзандаш оташ зада, бо ҳамин роҳ ба зиндагии пур аз мушкил ва фақиронаи хонаводааш нуқта гузорад, вале пулиси Қундуз монеъи ин қасди худкушии гурӯҳӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 21 октябр сурат гирифтааст.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии вилояти Қундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, модари ин хонавода қасд дошт, бо истифода аз бензин худро ҳамроҳ бо 10 фарзандаш оташ бизанад: “Аммо вақте ин модар болои сари атфоли қаду нимқадаш бензин мерезад, онҳо сару садо мекунанд. Ва ҳамсояҳо хабар ёфта, аз ин қасди худсуӯзии гурӯҳӣ ба пулиси ҳавзаи сеюми шаҳри Қундуз хабар доданд, ки саранҷом аз худсӯзии ин хонавода ҷилавгирӣ кардаанд.”

Ба гуфтаи Саидсарвар Ҳусайнӣ, шавҳари ин хонум мӯътоди маводи мухаддир шуда, зану фарзандонашро тарк кардааст. Ин зан, ба гуфтаи сухангӯи пулис, барои таъмини ғизои фарзандонаш пул пайдо карда натавониста, барои халосӣ аз гирдоби мушкилоти сахти зиндагӣ чорае ба ҷуз аз буридани риштаи умри худу фарзандонаш наёфтааст.

Исми ин хонум нашр нашудааст, вале дар навори видеоие, ки Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, дида мешавад, ки ходимони пулис барои ин хонавода ҳамчун кумак миқдори зиёди маводи ғизоӣ овардаанд ва як афсари пулис ба дасти ин зан чанд 100-долларӣ ҳам медиҳад, ки “барои зиндагиву барои бемориатон сарф кунед.”

ВИДЕО: ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХУДСӮЗИИ 11 НАФАР ДАР ҚУНДУЗ

Саидсарвар Ҳусайнӣ мегӯяд: “Шавҳари мӯътоди ин зан 6 моҳ пеш ин хонаводаро тарк кардааст. Ва инҳо дар тӯли ин 6 моҳ танҳо бо фурӯши ашёи хона худро таъмин мекардаанд. Билохира, 2 рӯз қабл тамоми ашёи хонаашон ҳам тамом мешавад ва 2 рӯзро инҳо гурусна мегузаронанд. Дар ниҳоят, ин хонум қасд мекунад, то худашу фарзандонашро оташ бизанад ва бо ҳамин ба азобҳояшон поён диҳад, вале маъмурони пулис аз ин қасди худкушӣ ҷилавгирӣ карда, аъзои ин хонаводаро ба ҳавзаи сеюми амниятӣ интиқол доданд.”

Пулиси Қундуз барои ин хонавода миқдоре кумак ҷамъ оварда, ҳамзамон аз боқӣ афроди сармоядор ва тоҷирони ин минтақа дархост кардааст, ки ба ин хонаводаи хеле ниёзманд дасти кумаки худро дароз кунанд.

Худи ин зане, ки мехост худашро ҳамроҳ бо 10 тифли маъсумаш бикушад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин иқдомаш чунин гуфт: “Мо ин субҳ чизе барои хӯрдан надоштем. 10 тифли ҷавон дорам ман ва шавҳаре, ки намедонам, куҷо гум шудааст? Ман ҳоло аз кормандони пулис ташаккур мекунам, ки ману тифлонамро аз ин мусибат наҷот дод ва моро ба ҳавзаи 3 оварда, кумак ҳам кард ба мо.”

Фақру тангдастӣ дар канори хушунати хонаводагӣ як омили умдаи худкушиҳо дар кишварҳое, чун Афғонистон, боқӣ мемонад. Дар баробари фақри саросарӣ адами назорати мизони таваллуд ҳам омилест, ки боиси афзоиши шумори хонаводаҳои фақир дар Афғонистон мешавад. Афзоиши шумори фарзандон дар хонаводаҳое, ки дар онҳо ҳеҷ гуна заминае барои таъмини шароити таълим, тандурустӣ ва ҳатто хӯрокаи ин фарзандон вуҷуд надошта бошад, ҳазорон хонаводаи бештарро ба гирдоби фақру тангдастӣ тела медиҳад. Дар ниҳоят, бархеи онҳо чораи халосии худро дар худсӯзӣ ваё дар ҳалқаи дор мебинанд ва қасди ҷони худ мекунанд.

Як омори дақиқе дар бораи шумори худкушиҳо дар Афғонистон вуҷуд надорад. Аммо инки якбора 11 узви як хонавода ба далели фақру тангдастӣ қасди ҷони худ кунад, зоҳиран дар Афғонистон бори аввал иттифоқ меуфтад.