Соати яки шаб буд, ки гурӯҳе аз мардон дари хонаи гилине дар як русто дар маркази Афғонистонро кӯфтанд. Қамаргули 15-сола аз тарс бедор шуд ва аз тарс бародари хурдашро бағал кард.
Волидонаш, ки дар утоқи дигар мехобиданд, бедор шуданду оҳиста назди дар рафтанд. Пушти дар Толибон меистоданд. Ин ифротиён ба модару падари Қамаргул амр доданд, ки дарро боз кунанд, вале посухи рад гирифтанд. Чанд дақиқа баъд ҷангҷӯёни мусаллаҳ дарро шикастанду ба хона ворид шуданд.
Қамаргул давоми ҳодисаро дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Модари пирамро берун карданду дар пеши чашми ман тирборон карданд. Баъдан падарамро берун кашиданду ӯро ҳам куштанд.
Баъди қатли волидонаш, Қамаргул ба утоқаш, ки онҷо автомати Калашников монда буданд, баргашту аслиҳа ба даст гирифт. Вақти Толибон баргаштанд, Қамаргул онҳоро тирборон кард, ду нафарашонро кушт ва яке дигарро захмӣ кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман маҷбур шудам, силоҳ ба даст бигирам, ду нафарашон кушта шуд.” Баъди онки ҳамсоягону дигар афроди мусаллаҳи тарафдори давлат ба маҳал шитофтаанд, бақияи ҷангҷӯёни Толиб гурехтаанд.
Қамаргул ва бародари 12-солаашро мақомоти расмӣ ба як маҳалли амн овардаанд, то аз дасти Толибон эмин бошанд. Ӯ мегӯяд, “Ман ифтихор мекунам, ки ҷангҷӯёни Толибро куштам. Ман то рехтани охирин қатраи хунам бо онҳо меҷангам.”
Ҳодиса рӯзи 16-уми июл дар ноҳияи Тайвора дар вилояти Ғӯр, як минтақаи кӯҳӣ ва дурафтодаи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Мақомот дар бораи он рӯзи 20-уми июл гузориш доданд.
Ин вилоят яке аз вилоятҳои қашшоқтарину ноороми Афғонистон аст. Нуфузи ҳукумат ҳам аз маркази вилоят шаҳри Фирӯзкуҳ фаротар намеравад. Қамаргул мегӯяд, азбаски падараш яке аз қабиласолорони тарафдори ҳукумат буд, барои ҳамин Толибон ӯро ҳадаф гирифтаанд.
Толибон пайваста онҳоеро, ки тарафдорони ҳукумат ва ҳамкорони нерӯҳои ҳукумат мешуморанд, ҳадаф мегиранд. Қамаргул аз ҳукумати Афғонистон мехоҳад, мардуми ғайринизомиро аз ин гуна ҳамлаҳои бедалелу густохонаи Толибон муҳофизат кунад.
Ӯ мегӯяд: “Мо аз раиси ҷумҳур мехоҳем, ки амнияти моро таъмин кунад, то зиндагӣ ва ояндаи хуб дошта боҳем. Муҳаммадрафиқ Алам, раиси ноҳияи Тайвора ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қамаргул ва бародарашро ба маркази ноҳия овардаанд ва онҳоро ба шаҳри Фирӯзкӯҳ мебаранд. Ӯ гуфт: “Мо аз ин қаҳрамонҳо ифтихор мекунем, онҳо ба ҳамлаварон дарс доданд.”
Муҳаммадрафиқ Алам аз ҳукумат мехоҳад, ки ба Қамаргул нишони Малолай, баландтарин нишон барои ғайринизомиён дар Афғонистонро тақдим кунад. Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ, рӯзи 21-уми июл дар нишасти ҳукумат Қамаргулро барои шуҷоату далериаш ситоиш кард.
Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 21 уми июл дар Твиттер навишт: “Қамаргул зани қаҳрамон аст”. “Кобина (ҳукумат) аз шуҷоати Қамаргул духтари ғурӣ қадрдонӣ кард.” Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Афғонистон низ ӯро таҳсину офарин гуфтаанд. Акси ӯ ки дар сар ҳиҷоб ва дар даст автомати Калашников дорад, дар миёни корбарон васеъ паҳн шуд.
Тайвора, яке аз саҳнаҳои набарди сахт байни нерӯҳои Афғонистон ва Толибон будааст, ки чандин дафъа онро ишғол кардаанд. Толибон ва даҳҳо гурӯҳи мусаллаҳи зери итоати ҷангсолорони собиқ ва дигар фармондеҳон дар вилояти Ғӯр фаъоланд, ки як роҳи аслии қочоқи аслиҳа ва афюн дар Афғонистон аст. Толибон ҳам бо вуҷуди имзои созиши муқаддамотии сулҳ бо Амрико дар моҳи феврал батакрор дар саросари кишвар ҳамлаву бомбгузорӣ мекунанд.
Ҳадаф аз созиши мазкур ҳамвор кардани роҳ барои музокироти мустақим байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, имзои созиши доимии оташбас ва тақсими қудрат дар кишвар аст. Аммо ин музокирот ба сабаби дуруст иҷро нашудани тарҳи раҳоии асирону зиндониёни ду тараф пешрафт накардааст. Мардуми оддӣ аст, ки меваҳои талхи ҳамлаву ҷангу хушунатҳоро мечашанд.
Кумиссиёни Мустақили Ҳуқуқи Инсон дар Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, ки рӯзона дар кишвар ба ҳадди миёна 16 нафар кушта ва ё захмӣ мешавад. Ба гуфтаи кумиссиён, дар 6 моҳи гузашта дар Афғонистон 1213 ғайринизомӣ кушта шудаанд ва 1744 нафари дигарашон захм бардоштаанд.