Сафорати Афғонистон дар Душанбе бо изҳори нигаронӣ аз аз ихроҷи «бесабаб»-и шаҳрвандони ин кишвар аз Тоҷикистон гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар симои ҳар афғон террорист ва қочоқбарро мебинанд.
Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Душанбе рӯзи 16-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи чор моҳи охир кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон шаҳвардони Афғонистонро бидуни ҳеҷ далеле аз қаламрави кишвар ихроҷ мекунанд: «Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ ва пулис бидуни ягон сабабу санад афғонҳоро боздошт карда, даступоияшро баста, то ба сарҳади Афғонистон бурда, онҳоро депорт мекунанд. Онҳоро дар ҳоле берун мекунанд, ки молу ҷиҳоз, дӯконҳо, ширкатҳо ва хеше ақрабои ин афғонҳои ихроҷшуда дар ин ҷо бесарпаноҳ мемонанд.»
Ҷаноби Иброҳимхел афзуд, бо назардошти муносиботи дӯстона миёни ду кишвар онҳо аз мақомоти Тоҷикистон ингуна таваққӯъ ва бархӯрд нисбат ба шаҳрвандони Афғонистонро надоштанд. Иброҳимхел мегӯяд, мақомоти пулиси Тоҷикистон дар симои ҳар шаҳрванди Афғонистону террористу қочоқчиро мебинанд ва бо вуҷуди дуруст будани санадҳои будубошаш аз ӯ бо фишор ришват меситонанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, сафорати Афғонистон борҳо ҳам тариқи хаттӣ ва ҳам дар вохӯриҳои алоҳида аз ин қонуншиканиҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон ба вазоратҳои хориҷаву дохила ва додситонӣ шикоят бурда буд, аммо ин ҳама то ҳол натиҷае наовардааст. Аммо сафорати Афғонистон омори мушаххасеро ҳам дар бораи шумори шаҳрвандони афғоне, ки аз Тоҷикистон ба гунае, ки Муҳаммаддовуд Иброҳимхел таъриф мекунад, наовард.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар посух ба изҳороти сафорати Афғонистон гуфтанд, ки ин даъво, ки мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон рафтори номуносиб мекунанд, появу асос надорад. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис ба ҳеҷ ваҷҳ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ муносибати берун аз қонун намекунанд: «Ҳеҷ мумкин нест, ки як нафарро беҳуда кормандони пулис боздошт кунанд. Агар ягон нафарро дар ҳолати вайрон кардани қонун ва ё тартибот боздошт кунанд, пас вайро боздошт мекунанд. Агар ҷинояткориаш исбот нашавад, вай ҳатман озод мешавад.»
Аммо бархе аз шаҳрвандони Афғонистон, ки барои муваққат ба хотири кор ва ё дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ дар ягон кишвари аврупоӣ дар Тоҷикистон, қарор доранд, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон нисбати онҳо бадрафторӣ мекунанд.
Соҳиб валади Латиф, як тоҷири афғон, ки се сол боз дар бозори масолеҳи сохтмонии Душанбе- "Султони Кабир" - машғули тиҷорат аст, мегӯяд, бо вуҷуди он ки вай ҳамаи ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолият дар ин бозорро дорад, аммо боз ҳам кормандони пулис ба ӯ хӯрдагирӣ карда, ришва меситонанд: «Кормандони пулис дар як рӯз як ва ҳатто ду маротиба дукони маро тафтиш мекунанд. Ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро назири патент, ҳуҷҷати хонаводагӣ дорам. Ҳуҷҷатҳои корманди афғону ҳам корманди тоҷикамро низ мебинад. Вале бо ин вуҷуд аз мо боз чиз талаб мекунад.» Ҷаноби Латиф мегӯяд, бо вуҷуди дуруст будани санадҳояш, кормандони пулис аз ӯ «доля» талаб мекунанд ва дар сурати напардохтан онҳо таҳдид мекунанд, ки маро аз кишвар депорт мекунанд ва дӯконам бо борҳояш ба моли давлат табдил дода мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ бинобар нақзи қоидаҳои буду бош 133 шаҳрванди Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон иҷборан ихроҷ шудаанд. Муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон асосан ба тиҷорат, аз ҷумла фурӯши умдаи маҳсулоти ғизоӣ машғул буда, аксаран аз ҳаққи паноҳандагӣ дар Тоҷикистон ҳамчун трамплин барои рафтан ба кишварҳои сеюми «ободтар»-е, ба мисли Канадаву Амрико ё кишварҳои Аврупо, истифода мебаранд.
Мужда Омирӣ, як духтари афғон ки бо модар ва бародараш ду моҳ боз дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, мегӯяд, ягона мақсади хонаводаи онҳо дарёфти ҳарчи зудтари ҳаққи паноҳандагӣ аз сафоратҳои кишварҳои мутараққии дунё дар Тоҷикистон аст: «Дар кишвари мо ҳар рӯз як инфиҷор рух медиҳад, шароит нест. Мо ҷавонему бояд таҳсил кунем, аммо дар ин ҷо ҳам шароити хуб несту имкони таҳсил карданро надорем. Эҳтимол бесавод монем. Аз ин рӯ, аз сафорату дигар созмонҳо хохиш дорем, ки моро ба он ҷо интиқол диҳанду мо дарс хонему зиндагиамонро ба сурати дуруст пеш бубарем.»
Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 паноҳандаи афғон ба сар мебаранд. Муҳоҷирини афғон дар шаҳри Душанбе Иттиҳодияи паноҳанадгони бо номи «Ориёно», як мактаби афғонӣ бо исми «Сомон» ва дар ноҳияи Ваҳдат як маркази иҷтимоӣ доранд, ки дар он занҳои афғон ба дӯхтани либосу рахти хоб ва дигар ҷиҳози хона машғуланд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад