Ин паноҳандагон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд. Дар ин бора намояндаи хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ Шерхон Муродов дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай гуфт, ин ду нафар зану шавҳар ҳастанд ва расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ба қавли оғои Муродов, ҳамзамон теъдоди умуми паноҳандагони ғайрисиёсӣ дар Тоҷикистон наздик ба 2 ҳазор нафар мерасад, ки аксаран аз Афғонистон мебошанд.
Иля Тодорович, раиси комиссариати СММ оиди паноҳандагон, дар ин нишаст гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо паноҳанда нестанд ва онҳое, ки чанд сол қабл тарки ватан карда буданд, дар кишварҳои дигар шаҳрвандӣ ба даст овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, теъдоде аз онҳо дар Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон соҳиби ҳақи шаҳрвандӣ шудаанд ва наметавон онҳоро паноҳанда номид.
Ба гуфтаи Иля Тодорович, аксари паноҳандагони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ин кишварро ба унвони кишвари тронзит ба кишварҳои Аврупо ва Амрико истифода мекунанд. Вай афзуд, вуруди паноҳандагон ба Тоҷикистон аз Афғонистон дар қиёс ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Таи чанд соли ахир паноҳандагони афғонистонии муқими Тоҷикистон талош мекунанд, барои зиндагии беҳтар ба кишварҳои дигар раванд. Дар соли 2006 беш аз 2 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ Конодоро ҷои зист интихоб карда, Тоҷикистонро тарк карда буданд.