Идомаи интихоботи олуда ба хушунати ҳамсояи Тоҷикистон

Дар Афғонистон интихоботи олуда ба хушунат идома дорад ва дар рӯзи дуввуми он қарор аст, дар 401 ҳавза раъйдиҳӣ сурат бигирад. Дар рӯзи аввали интихоботи порлумонӣ дар рӯзи 20-уми октябр ба сабабҳои амниятӣ ва мушкилоти фаннӣ садҳо маркази раъйдиҳиро бастанд.

Мақомот мегӯянд, дар он рӯз аз миёни 9 миллион нафар мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй тақрибан 3 миллион нафари онҳо дар интихобот ширкат кардаанд. Ҳузури аз ҳама зиёди мардум дар Кобул ва аз ҳама камтар дар вилояти Урузгон дида шудааст.

Дар рӯзи интихобот даҳҳо ҷангҷӯ бо ҳамла ба раъйдиҳандагон даҳҳо нафарро кушта ва ё маҷрӯҳ карданд. Мушкилоти ташкилӣ ва фаннӣ дар ташхиси ҳуввияти раъйдиҳандагон ҳам сабаби ба рӯзи дуввум кашидани интихобот шуд.

Бо вуҷуди ин Дафтари Созмони Милал Барои Кумак Ба Афғонистон гуфт, ки аз ҷасорати афғонҳо, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз ноамнӣ натарсида, соатҳои дароз барои раъй додан дар навбатҳои тӯлонӣ истоданд “ба ваҷд омадааст”.

Дар баёнияи дафтари СММ омадааст, “Онҳое, ки натавонистанд, ба сабаби масоили фаннӣ, дар интихобот ширкат кунанд, бояд раъйи худро бидиҳанд.”

Навбатҳои тӯлонӣ дар назди марказҳои раъйдиҳӣ

Натиҷаҳои аввалияи интихобот, ки як нишондиҳандаи муҳими тавоноии ҳукумати Афғонистон барои таъмини амният дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад, қарор аст, рӯзи 10-уми ноябр эълон шавад. Сухангӯи Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Вулуси Ҷирга, ё порлумони Афғонистон ба эҳтимоли зиёд, моҳи декабр эълон мешавад.

Дар рӯзи интихобот ба кор наомаданд

Қарор буд, интихоботи порлумонии Афғонистон соли 2015 баргузор шавад, вале ба сабаби баҳсҳо сари ислоҳот дар низоми интихоботӣ ва ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон додани масъулияти таъмини амният дар охири соли 2014, ин корзори сиёсиро то имсол ба таъхир андохтанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон эълон кард, ки барои таъмини амният дар марказҳои раъйдиҳӣ 20 ҳазор маъмури амниятии изофиро сафарбар кардааст ва дар маҷмӯъ барои таъмини амният 70 ҳазор пулис ва нерӯҳои амниятӣ ба хидмат ҷалб шудаанд. Дар Кобул аз ҷумла тадбирҳои амниятӣ зиёд андешидаанд, чун маъмурони пулис мошинрҳоро ҷустуҷӯ мекарданд ва баъзе аз роҳҳо низ комилан баста буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Интихобот дар Афғонистон, аммо на дар Ғазниву Қандаҳор. ВИДЕО

Раъйдиҳандагони афғон шикоят доштанд, ки марказҳои раъйдиҳӣ дар вақташ боз нашуданд, баъзе аз кормандонаш ҳузур надоштанд, дастгоҳҳои ташхиси кортҳои биометрӣ дуруст кор намекарданд.

Тақрибан 2500 маркази раъйдиҳиро, ки бояд боз мешуданд, ба сабабҳои нигарониҳои амниятӣ ва дигар масоил ба рӯи мардум боз накарданд.

Ҳамлаву хунрезӣ дар рӯзи интихобот

Ахтар Муҳаммад Иброҳимӣ, муовини вазири умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи 193 ҳамлаи ҷангҷӯён дар саросари кишвар 36 нафар, аз ҷумла 27 ғайринизомӣ, 8 афсари пулис ва як сарбоз кушта шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯён бо истифода аз аслиҳаи сабук, норинҷак ва дигар аслиҳа ҳамла кардаанд ва 31 нафари онҳо дар ҳамлаи ҷавобии маъмурони амниятӣ кушта шудаанд. Дар яке аз марказҳои раъйдиҳӣ дар Кобул, маргталабе 10 нафар аз ҷумла раъйдиҳандагон ва як афсари пулисро куштааст.

Аз ин пештар дар таркишҳои алоҳида дар дигар марказҳои раъйдиҳӣ дар Кобул 3 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Дар вилояти Ғур 11 ва дар Кундуз 3 афсари пулисро куштаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Генерал Абдурозиқ, фармондеҳи қудратманд кушта шуд. ВИДЕО

Абдулбодӣ Сайёд, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон аз мардуми кишвараш хост, ки ба сабаби истифодаи системаи нави ташхиси биометрии раъйдиҳандагон сабур бошанд ва гуфт, даҳҳо омӯзгоре, ки бояд дар марказҳои раъйдиҳӣ кор мекарданд, дар ин рӯз ба кор наёмадаанд.

Бунёди Интихоботи Шаффоф дар Афғонистон гуфт, нозиронаш шоҳид будаанд, ки дар сеяки марказҳои раъйдиҳӣ кормандонаш роҳи истифодаи абзори ташхиси кортҳои биометриро намедонистанд.

Фанновариҳои навро барои ҷилавгирӣ аз таққаллубкорӣ дар интихобот ва дер ба кор андохтаанд.

Ашраф Ғанӣ ҳангоми раъйдиҳӣ дар Кобул

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон субҳи 20-уми октябр баъди раъйдиҳӣ дар як суханронӣ аз тариқи телевизион, шаҳрвандони кишвар ва маъмурони амниятиро аҳсан гуфт.

Толибон дар рӯзи интихобот ба мардум ҳушдор доданд, ки дар интихобот ва ба қавли онҳо « дар ҷараёни сохта ва театр ва барои ҳифзи ҷонашон» ширкат накунанд.

Корзори таблиғотии сеҳафтаинаи интихоботи Афғонистон ҳам олуда ба хушунату буд. Дар ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон ва гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар маҷмӯъ 37 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳашт довтабалаб ба мақоми вакилӣ ҳам ҷон доданд ва сарнавишти ду номзади рабудашуда маълум нест.

Барои 249 курсии Вулуси Ҷирга ва ё порлумони Афғонистон бештар аз 2500 нафар ва аксаран номзадҳои мустақил рақобат доранд. Дар миёни онҳо 417 зан аст.