Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Абдурозиқ, фармондеҳи қудратманд кушта шуд. ВИДЕО


Генерал Абдурозиқ, аз қудратмандтарин фармондеҳон дар ҷануби Афғонистон ва раиси пулиси вилояти Қандаҳор, рӯзи панҷшанбеи 18-уми октябр дар ҷараёни ҳамла дар дохили бинои ҳукумати ин вилоят, кушта шуд.

Генерал Скотт Миллер, фармондеҳи баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон, ки чанд лаҳза пештар бо Абдурозиқ мулоқот дошт, дар ин ин ҳамла осеб надид, вале раиси амнияти ин вилоят генерал Абдулмуъмин дар ин ҳамла ҷон бохт. Раиси вилояти Қандаҳор Зулмай Висо дар ин ҳамла захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ аст.

Генерал Абдурозиқ дар миёни мардуми Қандаҳор ва ҳамин тавр Афғонистон аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор буд ва бештар бо ҷабҳаи сиёсии мухолифи президент Ашраф Ғанӣ робита дошт.

Мақомҳои афғон гуфтаанд, яке аз муҳофизон (маълум нест муҳофизи худи генерал Абдурозиқ ё волии Қандаҳор) дар ҳоле, ки вай дар ҳоли хуруҷ аз нишасте бо генерал Скотт Миллер ва дигар мақомҳои маҳаллӣ буд, даст ба тирандозӣ зад. Ҳоҷӣ Оғо Лолӣ, муовини волии Қандаҳор таъйид кард, ки ин ҳамла аз сӯи яке аз муҳофизон сурат гирифтааст.

Мулоқоти рӯзи панҷшанбе оид ба ҳамоҳангӣ барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар вилояти Қандаҳор будааст. Сухангӯи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфтааст, ки ба генерал Миллер осебе нарасидааст, вале ду амрикоӣ захмӣ шуданд.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта ва гуфтааст, ки ҳадафи ин ҳамла ҳам Абдурозиқ ва ҳам Скотт Миллер будааст. Абдурозиқ яке аз сарсахттарин мухолифони Толибон буд ва бо саркӯби Толибон шӯҳрат ёфта буд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, ин ҳамла таҳаввуле зиёнбор барои ҳукумати Афғонистон ба шумор меравад, ки қарор аст рӯзи шанбе интихоботи порлумониӣ баргузор кунанд. Толибон гуфтаанд, ки ба раванди баргузории ин интихобот халал мерасонанд. Толибон дар баёнияе гуфтаанд, "раиси пулиси золими Қандаҳор ҳамроҳ бо чанд мақоми дигар кушта шуданд."

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Генерал Абдурозиқ дар миёни мардуми Қандаҳор ва ҳамин таври Афғонистон аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор буд ва бештар бо ҷабҳаи сиёсии мухолифи президент Ашраф Ғанӣ робита дошт. Шуморе аз коршиносон ин ҳодисаро ба раванди музокироти ҳукумат бо Толибон рабт додаанд. Фармондеҳи пулиси Қандаҳор бо мавзеъгириҳои тундаш алайҳи Покистон машҳур буд.

Абдурозиқ мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар буд, вале фармондеҳони низомии Амрико аз вай ба унвони яке аз раҳбарони коромади Афғонистон ёд мекарданд, ки вилояти стратегии Қандаҳорро таҳти контроли худ дошт.

Ин фармондеҳи маъруфи афғон борҳо аз чунин ҳамлаҳо наҷот ёфта буд ва соли гузашта низ дар ҳамлае дар Қандаҳор, ки ҷони панҷ дипломати Иморати Муттаҳидаи Арабро гирифт, осебе ба вай нарасида буд.

XS
SM
MD
LG