Филмсозони тоҷик мегӯянд, ки дар соли 2013 бо таҳияи ду филми ҳунарӣ қадамҳои умедбахше дар роҳи рушди синамои тоҷик гузошта шуд, аммо мушкилоти зиёде дар ин самт ҳамоно боқӣ мондааст.
Носир Саидов, директории киностудияи «Тоҷикфилм» мегӯяд, «беҳтарин комёбии киностудия он буд, ки дар ин сол ду филми ҳирфаии ҳунарӣ--«Оинаи беҷило» ва Марги бегуноҳ» ва беш аз бист филми мустанад рӯи навор омад ва киностудия бо таҷҳизоти нави стандарти ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шуд».
Ҷаноби Саидов аз филми коргардонҳо Юнус Юсуфов ва Асланшоҳ Раҳматуллоев «Марги бегуноҳ» аз рӯи асари нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоев ном мебарад ва меафзояд, ин филм бо риояи меъёрҳои байналмилалии филмсозӣ ва иҷрои хуби техникӣ таҳия шуд. Дар сохтани ин филм як гурӯҳи хуби ҳирфаӣ ва байналмилалӣ ҷамъ шуданд, ки ин падидаи тоза дар филмсозии замони истиқлол маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон филми худи Носир Саидов, «Оинаи беҷило» аз рӯи филмномаи Бахтиёр Каримов рӯи навор омад, ки нахустнамоиши ҷаҳонии он дар Корея баргузор шуд. Ба таъкиди ҷаноби Саидов дар замони соҳибистиқлолӣ аввалин бор буд, ки намоиши ҷаҳонии филми тоҷикӣ баргузор шуд. Носир Саидов мегӯяд, ин филм ба наздикӣ дар Ҳиндустон, охири моҳи январ дар ҷашнвораи «Фаҷр»-и Эрон, моҳи феврал дар Фаронса ва моҳи апрел дар Амрико ба намоиш хоҳад даромад.
Киностудияи «Тоҷикфилм», ки замони шӯравӣ бо филмҳои ҳунарии баландпояаш машҳур буд, талош дорад шӯҳрати пешинашро дубора эҳё намояд.
Аз филмҳои он замон кофист танҳо филмҳои таҳиякардаи Борис Кимёгаровро аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ном бубарем, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард ва филми «Қисмати шоир», ки дар ҷашнвораи байналмилалии Канн сазовори ҷоизаи «Уқоби тилоӣ» гашта буд. Бо вуҷуди ин, филмсозон мегӯянд, соле, ки сипарӣ мешавад, барои онҳо соли бобарор буд, зеро дар ин сол нахустин бор ба таҳияи филми ҳирфаии ҳунарӣ даст ёфтанд.
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди собиқадорони соҳа замони шӯравӣ киностудияи «Тоҷикфилм» соле 4-5 филми бадеӣ, 8-10 филми мустанад таҳия мекард, 40-50 филмро дубляж мекард ва 4 маҷаллаи таҳлилии соҳа ба нашр мерасид. Онҳо мегӯянд, имрӯз кинои тоҷик дар вазъи ногуворе қарор дорад, ки маблағгузории кам, нарасидани мутахассисони баландпояи фаннӣ, филмноманависон ва коргардонҳо аз мушкилоти аслӣ ном бурда мешавад.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳама мушкилотро танҳо бо кӯмаки давлат ҳал кардан мумкин аст, зеро филмсозӣ соҳаест, ки маблағи зиёд мехоҳад. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Ҳақдодов барои тарбияи мутахассисони соҳа бояд ҷавононе, ки истеъдоди коргардонӣ ва филмноманависӣ доранд, ба мактабҳои ҳунарии кишварҳои дигар барои таҳсил фиристода шаванд, то диди ҷавонҳо дар он кишварҳо боз шавад ва онҳо бо назари имрӯзии синамо ба Тоҷикистон баргарданд.
Зеро ба таъкиди ҷаноби Ҳақдодов имрӯз дар Тоҷикистон чунин мактабҳо фаъолият намекунанд ва аз ҷониби дигар танҳо дар доираи Тоҷикистон маҳдуд будан расидан ба рушди синамои ҷаҳониро душвор мегардонад. Ҷаноби Ҳақдодов изҳори нигаронӣ мекунад, ки чанд тан филмноманависоне, ки ҳастанд, аз замони шӯравӣ мондаанд ва аз насли наве, ки ба майдон омад, танҳо Бахтиёр Каримовро метавон ном бурд, ки кораш дар қиёс ба корҳои дигаре, ки солҳои охир анҷом шуданд, ҳирфаитар буд.
Сафар Ҳақдодов мегӯяд, бояд сохтори алоҳида фаъолият кунад, ки танҳо ба масоили синамо машғул боша два рушд, тарғиб ва пешниҳоди филмро ба роҳ монад: «Дар паҳлӯи истеҳсоли филм сабкҳои гуногуни пахши синамо, толорҳои нави синамоӣ ва бозори синамо ба вуҷуд ояд. Ҳамаи ин бе сармоягузории давлат ғайриимкон аст. Дар мо бозори озоди синамоӣ дар мо вуҷуд надорад. Сохтори нави синамоӣ шаклҳои нави пешниҳоди филмро на танҳо дар диск, балки бо василаҳои дигар ба роҳ монад».
Соҳибназарон мегӯянд, ҳоло синамо ба соҳае табдил ёфтааст, ки ҳар нафари ҳаваскори каму беш бо видео ва ё телевизион робита дорад, мехоҳад худро дар ин соҳа санҷад. Натиҷаи чунин бархӯрд буд, ки солҳои охир филмҳои ғайриҳирфаӣ низ зиёд рӯи саҳна омаданд, ки таваҷҷӯҳи тамошогарони асили синаморо ба филмҳои тоҷикӣ коҳиш додаанд.
Як мушкили дигари аз тамошои филм дур мондани мухлисони синамо камфаъолиятии кинотеатрҳо унвон мешавад, ки замони шӯравӣ аз дӯстдоштатарин макони ҷавонон маҳсуб мешуд. Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик мегӯяд, «тамошои филм дар кинотеатрҳо кайфияти аҷиб дорад. Ҳоло дар кишварҳои дигар кинотеатрҳо мисли солҳои қаблӣ фаъолият доранд ва мардум пайваста филмҳои навро дар кинотеатрҳо тамошо мекунанд.» Ортиқи Қодир эҳёи дубораи кинотеатрҳо барии ҷалби мардум ба тамошои филм хеле муҳим мешуморад.
Замони шӯравӣ дар Тоҷикистон беш аз дусад кинотеатр ва беш аз ду ҳазор клуб фаъолият мекард, ки ба пешниҳоди филм машғул буд. Ҳоло дар Душанбе 4-5 кинотеатр фаъолият мекунанд ва соле як-ду дафъа дар Кохи Ҷомӣ ва Кохи «Тоҷикистон» нахустнамоиши филмҳои нав баргузор мешавад.