Вай раҳбари гурӯҳи "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар онро созмони террористӣ медонанд. Ҷулонӣ ҳар гуна пайвандашро бо шабакаи “Ал-Қоида” рад карда, солҳои охир кӯшидааст, ки худро раҳбари амалгаро ва таҳаммулпазир ҷилва диҳад.
"Ҳайат Таҳрир аш-Шом" гурӯҳи тундравест, ки мехоҳад дар Сурия тибқи қонунҳои исломӣ ҳукумат кунад. Ин гурӯҳ аз созмонҳои хурди исломгарои ҷангҷӯ таркиб ёфтааст. Дар миёнашон хориҷиён, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ низ ҳастанд. Дастикам се зодаи Тоҷикистон ҳамчун таблиғгари ин ҳаракат кор мекунанд.
Арон Зелин, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи Вашингтон, аъзои "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро “ҷиҳодиёни сиёсӣ” номид. Ӯ гуфт: “Ҷулонӣ ва "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бештар амалгаро ҳастанд – шахсоне байни исломиҳои сиёсии суннатӣ ва аъзои “Ал-Қоида” ва гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ)."
Ҷулонӣ дар соли 1982 дар Арабистони Саудӣ ба дунё омадааст. Волидонаш сурӣ (суриягӣ) ва аз Баландиҳои Ҷулон ҳастанд. Ҳоло ин минтақаро Исроил назорат мекунад.
Вай эҳтимол дар соли 2003, пас аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ, ба гурӯҳи террористии “Ал-Қоида” пайвастааст. Дар соли 2012 “Ҷабҳат ан-Нусра”, шохаи “Ал-Қоида”-ро дар Сурия таъсис дода, сипас иддао кард, ки аз он дур шудааст. Соли 2017 ба гурӯҳҳои дигари мухолиф пайваста, "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро асос гузошт.
Абумуҳаммад Ҷулонӣ замоне салла мебасту риши дароз дошт. Дертар вижагиҳои як раҳбари ҷангҷӯро канор гузошта, мӯйҳояшро кӯтоҳ кард ва бо расонаҳои ғарбӣ мусоҳиба дод.
Коршинос Филлип Смит раҳбари "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро “маккор” тасвир кард, ки “дар пайи даст ёфтан ба таҳкими қудрати худ ва созмонаш аст”.
Бар рағми дигаргунии зоҳирӣ ва талошҳои ӯ барои табдили додани худ ба як шахси амалгаро ва муътадил, нигарониҳо дар мавриди Ҷулонӣ ва гурӯҳаш ҳамчунон боқист.
Департаменти давлатии Амрико дар изҳороте аз соли 2013 Абумуҳаммад Ҷулониро террорист эълон кард ва бо ишора ба бомбгузориҳои маргталабонаи “Ҷабҳаи Нусра” гуфт, “дидгоҳи хушунатомез ва мазҳабӣ”-и гурӯҳи ӯ бо ормонҳои ҷомеаи Сурия ҳамнаво нест.
“Ифротгароӣ ва идеологияи террористӣ дар Сурияи пас аз Асад ҷой нахоҳад дошт", - гуфта шудааст дар изҳорот.
Сафорати Амрико дар Сурия соли 2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Вашингтон барои ба ҷавобгарӣ кашидани чеҳраҳои аршади “Ал-Қоида” дар Сурия, аз ҷумла Ҷулонӣ, пойбанд аст.
“Агар ҳатто Ҷулонӣ ва “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” ба ваъдаҳои худ дар бораи таҳаммулпазирӣ ва ҳамашумулӣ вафо кунанд ҳам, аз байн бурдани унвони террористии онҳо метавонад солҳо тӯл кашад,” -- гуфт Зелин.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия. Аз ДОИШ то "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"