Нақли бародар ва ҳамсояааш дар бораи марги Абу Холиди Кулобӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нусрат Назаров, сокини Кӯлоб, ки давоми ду сол бо нашри наворҳои видеоӣ ва бо номҳои Абу Холиди Кӯлобӣ ва Фурқон Фаластин ҳукумати Тоҷикистонро таҳдид мекард, кушта шудааст. Хайрулло Назаров, бародари Нусрат 9-уми июл гуфт, ба ӯ аксеро нишон доданд, ки дар он ҷасади фавтидаи бародараш буд.