"Барқи Тоҷик": Ба Афғонистон дар зимистон барқ намедиҳем

Ширкати "Барқи Тоҷик" дар шарҳи сӯҳбатҳои раҳбари Афғонистон гуфт, дар фасли сармо ба ин кишвари ҳамсоя танҳо як миқдори ночизи нирӯи барқ медиҳад. Аҳмадзай рӯзе пеш аз Тоҷикистон ситоиш кард, ки кишварашро дар фаслҳои зимистон бо барқ таъмин мекунад.

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар посух ба бозтоби суханони ахири раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки аз Тоҷикистон барои таъмини кишвараш бо нирӯи барқ дар фаслҳои зимистон ситоиш кардааст, гуфт, ин як изҳороти сиёсист, вагарна Душанбе дар фасли сармо ба ин кишвари ҳамсояаш барқи чандоне намедиҳад.

Як намояндаи ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 21 октябр ба шарти набурдани номаш ба Радиои Озодӣ дар посух ба навиштаҳои бархе расонаҳо оид ба мулоқоти президенти Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов дар мавриди интиҷоли барқи ба ин кишвари ҳамсоя гуфт, “ин ҳарфҳо марбут ба сиёсат аст, вагарна ҳаҷми барқе, ки тавлид мешавад, дар фасли сармо ба худи Тоҷикистон кифоя намекунад."

Мулоқоти Аҳмадзай бо сафири Тоҷикистон

Расонаҳои маҳаллӣ дар бозтоби натиҷаҳои мулоқоти рӯзи 20 октябри Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо Шарофиддин Имомов ва изҳори сипоси раҳбари Афғонистон ба Тоҷикистон барои таъмини кишвараш бо нирӯи барқ дар фаслҳои зимистон навиштанд, Тоҷикистон дар ҳоле ба Афғонистон барқ медиҳад, ки худаш дар фасли сармо гирифтори лимити шадиди нирӯи барқ аст ва аксари манотиқаш дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай зимни сипос аз идомаи интиқоли барқи Тоҷикистон дар ҷараёни зимистон ба Афғонистон умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ояндаи наздик ба бозори энержии минтақа табдил мешаванд.

Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, ки Тоҷикистон дар фасли зимистон танҳо як миқдори ночизи барқро ва он ҳам барои ҳифзи истгоҳи интиқоли барқ ба Афғонистон интиқол медиҳад, зеро агар ин корро накунад, ин истгоҳ аз фаъолият бозмемонад. Ба гуфтаи намояндаи ширкат, дар ҳоле ки дар фасли зимистон ҳатто пойтахти Тоҷикистон ба бӯҳрони барқ рӯбарӯ мешавад, ин кишвар имкони бо барқ таъмин кардани кишвари ҳамсояашро надорад.

Ин дар ҳолест ки сокинони навоҳии бо Афғонистон ҳаммарз мегӯянд, дар фаслҳои зимистон аз рустоҳои ғарқи торикии худ рустоҳои чароғон дар он сӯи Омӯро мебинанд. Мақомоти Афғонистон низ ҳамеша дар бораи гирифтани нирӯи барқ аз Тоҷикистон дар фасли сармо гузориш медиҳанд.

Ин масъала ҳар сол дар маҳфилҳо ва матбуоти Тоҷикистон доман зада мешавад, ки чаро як кишваре ки худ ба камбуди барқ рӯбарӯст, ба Афғонистон барқ медиҳад?

Аммо ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла “Барқи Тоҷик” ин иддаоро ҳамеша радд мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо дар мавсими фаровонии барқ, яъне аз нимаи баҳор то нимаи тирамоҳ тавассути ду хатти баландшиддати 220-волтӣ ва 110-волтӣ ба шимоли Афғонистон барқ медиҳанд. Душанбе дар баҳори имсол гуфта буд, ки имкон дорад, дар мавсими гармо ба Афғонистон то 1,9 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ бифурӯшад.

Бино ба охирин хабарҳо, аз оғози моҳи октябр ҳаҷми интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон комилан қатъ шуда, ба Афғонистон дар ҳаҷми 1,2 миллион киловатт-соат боқӣ мондааст. Моҳе пеш ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон қариб 8 миллиард киловатт-соат буд. Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар имсол содироти барқашро 42 дарсад афзуда, дар 9 моҳи соли равон, яъне аз январ то сентябр, ин кишвар ба хориҷ ва асосан ба Афғонистон 1 миллиарду 169 миллион киловатт-соат нирӯи барқ фурӯхт. Душанбе аз ин ҳисоб 3 8 миллион доллар ба даст овардааст, ки назар ба як соли қабл 34 дарсад бештар аст.