1200 дархости паноҳандагии тоҷикон дар Полша

Дар зарфи якуним соли охир ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон (Полша) дархости паноҳандагӣ кардаанд. Аммо аз ин шумор то имрӯз танҳо як нафар соҳиби мақоми расмии паноҳанда дар ин кишвари аврупоӣ шудаанд.

Идораи кор бо хориҷиёни вазорати корҳои дохилаи Лаҳистон (Полша) мегӯяд, аз 1191 дархости паноҳандагӣ, ки ин идора тайи соли 2015 ва 5 моҳи аввали соли равон аз шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтааст, танҳо ба як нафар расман мақоми паноҳанда додаанд.

Якуб Дудзяк, сухангӯи раҳбари Идораи кор бо хориҷиёни Лаҳистон дар як посухи хаттӣ, ки рӯзи 30 июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, навишт, “аз оғози соли равон, 650 шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини ҳимояти байналмилалиашон ба Лаҳистон дархост додаанд. Аз ин шумор дар 4 мавриди посухи манфӣ дода шуд ва 533 қазияи дигар аз сӯи Идораи кор бо хориҷиён бекор карда шуд.”

Якуб Дудзяк дар номааш афзуд, ки дар соли 2015 низ 541 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карда буданд, вале аз ин шумор “танҳо 1 нафар мақоми расмии паноҳанда гирифт ва дар 18 маврид ҷавоби манфӣ дода шуд. 498 дархости дигар бекор карда шуд, чунки ин хориҷиҳо дархостҳои худ ҷиҳати таъмини ҳимояти байналмилалиро пас гирифтанд (барои мисол, ба далели тарки қаламрави Лаҳистон).”

Идораи кор бо хориҷиёни Лаҳистон мегӯяд, тибқи қонунҳои ин кишвар, дархости афроди паноҳҷӯ танҳо дар ду ҳолат метавонад лағв шавад:

- худи хориҷӣ дархосташ барои таъмини ҳимояти байналмилалиро пас мегирад;

- Раҳбари Идораи кор бо хориҷиён дар сурати 1) дар тӯли ду рӯз аз замони сабти аризааш ба маркази қабули паноҳҷӯён ҳозир нашудани аризадиҳанда, 2) ба муддати беш аз 7 рӯз бидуни ягон сабаби узрнок тарки ин марказ кардани паноҳҷӯ ва 3) тарки қаламрави Лаҳистон кардани паноҳҷӯ низ метавонад чунин тасмим бигирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳиҷрати тоҷикон ба Аврупо

Ин шарҳи Идораи кор бо хориҷиёни вазорати корҳои дохилаи Лаҳистон дар пайи нашри як матлаби Озодист, ки мегуфт, 11 дарсад аз ҷамъи паноҳҷӯёне, ки ба Лаҳистон рехтаанд, аз Тоҷикистон мебошанд, вале аксари паноҳҷӯёни тоҷик аз Лаҳистон барои расондани худ ба кишварҳои пешрафтатари Аврупо, назири Олмону Ҳолланд истифода мекунанд.

Аксари ин паноҳҷӯён тавассути шаҳри Брести Беларус талош мекунанд, ки худро ба Тересполи Лаҳистон – наздиктарин нуқтаи марзӣ дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бирасонанд ва худро дар дафтари маҳаллии Идораи кор бо хориҷиёни Лаҳистон сабти ном кунанд. Елена Жук, хабарнигори “Вечерний Брест”, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе паноҳҷӯён 20-30 маротиба бахти худро дар Тереспол месанҷанд: “Ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ бо чанд ҷавони тоҷики роҳии Аврупо ҳам вохӯрдам. Онҳо фирории сиёсӣ набуданд, балки гуфтанд, дар Ватани худ ҷои кори муносиб намеёбанд ва барои ҳамин мехоҳанд ба ҷустуҷӯи ҷои кори хубтару як зиндагии хубтар ба Аврупо бираванд. Тоҷикҳо, ба фарқ аз чеченҳо, бино ба мушоҳидаи ман, танҳо-танҳо мегузаранд, на оилавӣ.”

Намояндагони созмони “Мухолифони тоҷик дар Лаҳистон” мегӯянд, аксари зодаҳои Тоҷикистон барои дарёфти паноҳ дар ин кишвари аврупоӣ худро узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ваё аз ҳаводорони “Гурӯҳи 24”, як созмони дигари низ дар Тоҷикистон мамнӯъ мегиранд.

Вале, мегӯянд онҳо, дар миёни ин паноҳҷӯён онҳое ҳам, ки ягон собиқаи муборизаи сиёсӣ надоштанд, низ зиёданд, ки ҳоло мехоҳанд дар зери ҷомаи “узви наҳзат” ё “тарафдори “Гурӯҳи 24” соҳиби сарпаноҳ дар Аврупо шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан муҳоҷиратро як амри маъмул дар шароити ҷаҳонишавӣ меноманд ва мегӯянд, ҳатто давлатҳои пешрафта низ ба ин раванди табодули нирӯи корӣ рӯбарӯ ҳастанд. Аммо мунтақидон авҷи нави ҳиҷрати тоҷикҳо ба сӯи Ғарбро як навъ эътироз бо пойҳо ба зидди нокомиҳои мақомоти кунунии Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ин раванд дар пайи саркӯбии дигарандешон дар солҳои охир, бахусус баъди ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 – саркӯби ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ва манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ - вусъат гирифтааст.