Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брест - дарвозаи Аврупо барои паноҳҷӯёни тоҷик (ВИДЕО)


Тафтиши асноди паноҳҷӯён дар вокзали роҳи оҳани Брест
Тафтиши асноди паноҳҷӯён дар вокзали роҳи оҳани Брест

Нозирони умур афзоиши шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои ғарбиро як навъ “эътироз бо пойҳо” меноманд ва мегӯянд, бад шудани фазои ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодии Тоҷикистон ва танг шудани айни фазо дар Русия теъдоди ҳарчӣ бештари тоҷикҳоро маҷбур мекунад, ки хонаводагӣ ба Аврупову Амрико ё ҳадди ақал ба Туркия кӯч банданд.

Ҷавод, як муҳандиси сохтмон аз Тоҷикистон, ки аз соли 1996 ба ин сӯ, 20 сол боз ҳар сол барои мардикорӣ ба Русия меравад, мегӯяд, ҳоло ӯву бисёре аз ҳамтақдиронаш ҳарчӣ бештар дар фикри рафтан ба Аврупо шудаанд. Аз як сӯ, бӯҳрони иқтисодӣ ва уфти башиддати қурби рубл даромади муҳоҷирони кориро дар Русия хеле ночиз кард. Аз сӯи дигар, мегӯяд Ҷавод, бархӯрди бадбинонаи ҳам мақомот ва ҳам ҷомиа ӯро хеле хаста кардааст.

Ҷавод, ки бо Радиои Озодӣ аз маҳалли кунунии кораш дар шаҳри Маскав сӯҳбат мекард, гуфт: “Ман забонашонро намедонам. Агар медонистам, ҳамин рӯз баромада меравам ба Олмон ё ягон ҷои дигар. Русия ба ҷону диламон задааст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоятро тахт кунӣ ҳам, ягон баҳона меёбанд, ки ту чароғакро вақти сурх буданаш гузаштӣ ё дар мошин тасмаатро набастӣ ва ихроҷ мешавӣ. Барои ҳамин, агар ҷои кори хуб бошад, чаро наравам? Ҳоло як гурӯҳи бачаҳои мо - 5-6 нафар – дар Олмон кор мекунанд. Ягон 10-12 нафари дигар – дар Австрия. Бачаҳои мо алакай баромада истодаанду лекин кам-кам.”

Ватан онҷо ки озораш набошад...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:57 0:00
Линки мустақим

Идораи кор бо паноҳандагони вазорати корҳои дохилаи Полша (Лаҳистон) дар ин ҳафта эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи 5539 паноҳҷӯро дар дасти баррасӣ дорад. 11 дарсади ин ҷӯяндагони чатри ҳимоят дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон будаанд. Тоҷикҳо аз лиҳози шумори паноҳҷӯёнаш дар ин кишвар танҳо аз Русия, ки манбаи асосии паноҳҷӯёнаш – ҷумҳуриҳои ошӯбзадаи Қафқоз, бахусус Чеченистон аст, ақиб мемонанд ва баробари ҳатто Украинаи ҷангзада ва ҳамсояи Лаҳистон будаанд.

Вокзали Брест
Вокзали Брест

Агнижка Куниска (Agnieszka Kunicka), раҳбари Сандуқи паноҳандагони Лаҳистон, созмони ҷамъиятие, ки ба паноҳҷӯён кумак мерасонад, дар шарҳи ин арқом гуфтааст, бояд байни муҳоҷири иқтисодӣ ва паноҳҷӯ фарқ гузошт: “Муҳоҷири иқтисодӣ аз мушкилоти иқтисодии кишвараш фирор мекунад ва ҳар вақт, бо беҳтар шудани шароит имкони бозгашт ба Ватанашро дорад. Ӯ ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ё рушди беҳтар тарки кишвар мекунад. Аммо паноҳҷӯ нафарест, ки дигар ба Ватани худ баргашта наметавонад, чунки таҳти хатари бузург, ҳатто хатари марг қарор дорад.”

Соли гузашта ҳам 12 211 хориҷӣ, аз ҷумла 539 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости паноҳгоҳ ба Лаҳистон муроҷиат карда буданд. Шабакаи муҳоҷирати Аврупо (Europejska Sieć Migracyjna, ESM), як созмони вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо қаблан дар гузориши солонааш навишт, ки шумори тоҷикони паноҳҷӯ дар Лаҳистон дар соли 2015 назар ба 103 нафари як соли қабл якбора 5 маротиба афзуда, ин назар ба ҷамъи онҳое, ки дар тӯли солҳои 1992-2014 барои паноҳгоҳ ба ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд, ду маротиба бештар будааст.

Аксари ин паноҳҷӯён тавассути шаҳри Брести Беларус талош мекунанд, ки худро ба Тересполи Лаҳистон – наздиктарин нуқтаи марзӣ дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бирасонанд. Нашрияи “Вечерний Брест” ин шаҳри қаҳрамони солҳои Ҷанги бузурги ватаниро “дарвозаи Аврупо барои паноҳҷӯён аз Шӯравии собиқ” унвон карда, менависад, танҳо аз аввали сол аз тариқи вокзали роҳи оҳани Брест 16 517 паноҳҷӯ роҳии Лаҳистон шудаанд, вале 12 300 нафар ё 70 дарсади онҳо аз Тереспол ноумед баргаштаанд.

Елена Жук
Елена Жук

Елена Жук, хабарнигори “Вечерний Брест”, ки мавзӯи истифодаи паноҳҷӯён аз масири Брестро таҳқиқ кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе паноҳҷӯён 20-30 маротиба бахти худро дар Тереспол месанҷанд: “Ин паноҳҷӯён аз Брест то Тереспол виза намегиранд, бархеаш бо худ ҳатто ягон санад надоранд. Марзбонҳои Беларус онҳоро сар медиҳанд, вале ҷониби Лаҳистон, ки ҳукумати кунуниаш ба муҳоҷирон чандон рӯи хуш нишон намедиҳад, аксари ин паноҳҷӯёнро пас мегардонад. Ҳангоми таҳқиқи мавзӯъ бо чанд ҷавони тоҷики роҳии Аврупо ҳам вохӯрдам. Онҳо фирории сиёсӣ набуданд, балки гуфтанд, дар Ватани худ ҷои кори муносиб намеёбанд ва барои ҳамин мехоҳанд ба ҷустуҷӯи ҷои кори хубтару як зиндагии хубтар ба Аврупо бираванд. Тоҷикҳо, ба фарқ аз чеченҳо, бино ба мушоҳидаи ман, танҳо-танҳо мегузаранд, на оилавӣ. Фарқи дигарашон ин аст, ки аксараш пеши ёру ошноҳои алакай дар Аврупо ҷобаҷошудаашон мераванд, на ҳамту таваккал ба Худо. Вале як умумияте, ки дар ҳамаи ин паноҳҷӯён дида мешавад, талоши ҷустуҷӯи як сарнавишти беҳтар аст.”

Асадулло исми мустаори як зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки 9 моҳ пеш ба яке аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо паноҳ овард ва моҳе пеш зану фарзандонаш маҳз аз тариқи Лаҳистон ба ӯ пайвастанд. Асадулло мегӯяд, ки дархости паноҳҷӯии ӯ ҳанӯз дар дасти баррасист, ки метавонад як ва ҳатто ду сол идома кунад. Аммо дар ин муддат кишваре, ки ин ӯро ба ҳайси паноҳҷӯ пазируфтааст, ба хонаводаи Асадулло моҳе ҳудуди 1000 евро кумак ва фарзандони ӯро бо мактаб таъмин мекунад ва пули иҷораи манзили онҳоро низ медиҳад.

Асадулло мегӯяд, бисёриҳо аз Лаҳистон танҳо ҳамчун як кишвари транзитӣ барои расидан ба давлатҳои пешрафтатари Аврупо истифода мебаранд: “Ин роҳ қариб 14 сол боз вуҷуд доштааст, вале то ҳол аз он асосан чеченҳо истифода мебурданд. Мардум Полша гуфта мегузаранд ва барои ҳамин дар омори ин кишвар шумори паноҳҷӯёни мо 600-700 нафар мешавад. Вале дар асл аз ин шумор ягон 10 фоизаша агар бимонад дар Лаҳистон, мемонад. Бақия ҳама баъди гузаштан таксиҳоро мегиранду ба Олмону Белгияву кишварҳои дигари шароиташон хубтар мераванд.”

Асадулло мегӯяд, барои гузаштан аз нахустин марҳалаи дарёфти ҳаққи паноҳҷӯ танҳо каме тоқат ва пул лозим аст: “Роҳи Брест -Тереспол роҳи гурез нест, роҳи расмии давлатӣ аст. Давлат онҷо қонунӣ нақши панҷа мегирад, сурат мегирад, баъд иҷозат медиҳад. Онҷо виза лозим нест, бе виза меоянду ҳамонҷо дархости паноҳҷӯӣ медиҳанд ва мегӯянд, ки мо гурезаем, мо дар Тоҷикистон зери таъқибу фишор қарор дорем. Баъди ягон 10-15 рӯз мегузаронанд аз марз, лекин ин хел нашудааст, ки дар як ё ду рӯз гузаронда бошанд. То он ҷо бояд аз Брест ягон 40 километр бо қатори роҳи оҳан рафт. Агар гузаштӣ аз марз – мегузарӣ, агар не – бояд боз ба қатор шиниву пас бигарданд. Ва ҳамин хел ҳар рӯз, то замони ҳал шудани дархосташон бояд равуо кунанд. Масрафи ҳаррӯзаи ин рафтуомадро метавонам ба шумо бигӯям, ки 80 евро мешавад.”

Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Шабнам Худойдодова, як фаъоли тоҷик, ки дар Лаҳистон паноҳ ёфтааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бо ваколатдори ҳуқуқи башари ин кишвар масъалаи ҳалли ҳарчӣ зудтари парвандаҳои онҳоеро, ки ба далелҳои сиёсӣ тарки Тоҷикистон кардаву аз Лаҳистон паноҳ хостааст, дар миён гузоштааст: “Мо мехоҳем барои инҳо вакил бигирем, ки корашонро зудтар ҳал шавад. Аксарияти кулли он тоҷиконе, ки дар Аврупо, аз ҷумла дар Лаҳистон паноҳ меҷӯянд, худро ё узви ҳизби наҳзати исломӣ ваё аз “Гурӯҳи 24” муаррифӣ мекунанд. Вале дар асл 90 дарсади онҳо рабте ба ҳизби наҳзат ё “Гурӯҳи 24” надоранд.”

Шабнам Худойдодова мегӯяд, як мушкили умдаи паноҳҷӯёни тоҷик надонистани қонуну қоидаҳои паноҳандагӣ дар кишварҳои Аврупо ва мушкили дигар бетоқатии онҳост: “Бисёрии онҳо аз Лаҳистон дархости паноҳ мекунанд, вале баъди ягон ду ҳафтаи зиндагӣ дар инҷо, баробари дарёфти кумаки пулӣ, худро ба Олмону Ҳолланду кишварҳои дигар мезананд. Вақте идораи кор бо хориҷиҳои Лаҳистон дархости онҳоро баррасӣ мекунад, мебинад, ки ин паноҳҷӯ бар хилофи қоидаҳои ҷоришуда алакай дар Лаҳистон нест. Ин сабаб мешавад, ки дархости паноҳандагии ӯро рад кунанд.”

Бар асоси натиҷаҳои як назарпурсии созмони Gаllup, ки тирамоҳи соли 2015 нашр шуд, ҳар сокини сеюми Тоҷикистон орзуи кӯч бастан ба кишварҳои хориҷро доштааст. Ва бештар аз ҳама ҷавонон.

Бино бар арқоми Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳар сол аз 3 то 11 ҳазор нафар аз ин кишвар ба қасди кору зиндагии ҳамешагӣ ба хориҷ кӯч мебанданд. Тайи даҳ соли охир аз Тоҷикистон 62 758 нафар кӯч бастаанд. Аксари онҳое, ки барои ҳамеша тарки Тоҷикистон кардаанд, ҷавонони аз 25 то 29-сола будаанд.​

Нозирони умур талабгорони паноҳандагӣ аз Тоҷикистонро ба ба чанд шоха тақсим мекунанд ва мегӯянд, миёни онҳо ҳам фирориёни сиёсӣ ҳастанд ва ҳам муҳоҷирони иқтисодӣ.

Абдумалики Қодир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳиҷрати тоҷикон ба Ғарб бахусус баъди ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 – саркӯби ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода ва манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ - вусъат гирифтааст.

Абдумалики Қодир
Абдумалики Қодир

​Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд: “Дар ин мавҷ паноҳҷӯёни сиёсие аз Тоҷикистон рафтанд, ки аз фазои сиёсии имрӯзаи кишвар, аз маҳдуд шудани имкони изҳори ақидаҳои сиёсиашон норозианд ва маҷбуранд, ки тарки ватан кунанд, то дар ягон кишвари дигар барои худ макони роҳаттар биёбанд. Тоифаи дигар онҳоеянд, ки ба сабаби набуди шароити иқтисодӣ, яъне набуди ҷои кору маоши хуб дар Тоҷикистон, ҷилои Ватан мекунанд. Ин мардум то ҳол бештар ба Русия мерафтанд, вале бо бад шудани вазъи ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсии Русия ва ноамн шуданаш барои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мардум дигар талош дорад, ки масирҳои нав биҷӯянд.”

Аммо Абдумалики Қодир мегӯяд, нафарони зиёде ҳам ҳастанд, ки дар асл рабте ба фаъолиятҳои сиёсӣ надоштанд, вале бо истифода аз конъюктураи сиёсии имрӯза ба тан ҷомаи оппозисиюни сиёсӣ пӯшида, мехоҳанд худро дар Аврупо ё Амрико бигиранд.

Пурсиш: Куҷо барои кор ва зиндагӣ беҳтар аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Фирӯз Баротов, таҳлилгари ҷавони тоҷик низ заминаҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар ин мавҷи нави ҳиҷрати зодагони Тоҷикистон ба Амрикову Аврупо боризтар мебинад: “Онҳо мебинанд, ки дар Тоҷикистон тағйироте дар зиндагии онҳо ба назар намерасад ва онҳо мехоҳанд ҳадди ақал барои фарзандони худ шароити як ояндаи беҳтарро фароҳам биоранд. Аммо тоҷиронро шояд фасоду мониаҳои бюрократии фаровон дилсард мекунанд ва фикр мекунанд, ки агар ин қадар заҳмате, ки инҷо барои пешбурди бизнеси худ ба харҷ медиҳанд, дар як ҷои дигар бикунанд, комёбтар мешаванд. Чунки дар Аврупо як чизи хуб барои тиҷорат ҳамин аст, ки онҷо фасод нест.”

Аммо коршиносон дар авҷи нави ҳиҷрати тоҷикҳо ба сӯи Ғарб оҳангҳои эътирозро ҳам мебинанд ва мегӯянд, ин як навъ эътироз бо пойҳо ба зидди нокомиҳои мақомоти кунунист. ​

Фирӯз Баротов
Фирӯз Баротов

​Фирӯз Баротов дар ин маврид мегӯяд: “Як гурӯҳи онҳое, ки азми Амрикову Аврупоро кардаанд, қишри рӯшанфикрест, ки коре ба сиёсат надорад ва аслан намехоҳанд ҳам, ки ба бозиҳои сиёсӣ ҳамроҳ шавад. Лекин онҳо мехоҳанд як зиндагии дигар дошта бошанд ва чун мебинанд, ки имконият барои сохтани чунин зиндагиро дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон надоранд, шояд бо ин рафтани худ ба хориҷ мехоҳанд як навъ эътирози худро нишон диҳанд. Ва дар ягон кишвар ба зиндагие даст биёбанд, ки дар инҷо аз расидан ба он ноумед шудаанду фикр мекунанд, ки дар ягон мулки бегона барояшон чунин зиндагӣ даст медиҳад.”

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан муҳоҷиратро як амри маъмул дар шароити ҷаҳонишавӣ меноманд ва мегӯянд, ҳатто давлатҳои пешрафта низ ба ин раванди табодули нирӯи корӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Вале Абдумалики Қодир мегӯяд, ки ин мавҷи ҳиҷрат барои Тоҷикистон дар дарозмуддат паёмадҳои манфӣ ҳам дорад, чунки асосан мардуми босаводу забондонаш тарки кишвар мекунанд: “Табиист ки ҳар кишваре ки қишри бомаърифаташ аз Ватан меравад, ҳамеша дучори мушкили пешрафт мешавад. Вале мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон барои гирифтани пеши роҳи ин фирори мағзҳо чораҳои шоистаеву ҳатто иродаи қобили мулоҳизае барои ин дида намешавад.”

Муҳаббат ба Ватан ва пойбандӣ ба решаҳои худ як фарҳанги хеле роиҷ дар байни мардуми тоҷик аст, ки ҳатто шоиронаш аксаран ғарибиро як азоби алим ва зиндагиро дар Ватан бо вуҷуди ҳама мушкилоташ хушу ширин тасвир мекунанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Ё:

Амири беватан хору залил аст,

Гадои дар Ватан шоҳу амир аст.

Ба ҳамин далел буд, ки ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аксари паноҳҷӯёни тоҷик ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ва дури дур – ба Русия паноҳ бурданд ва танҳо теъдоди ангуштшуморе то ба Аврупову Амрико ғайрат карданд.

Вале дар пасманзари мавҷи садҳо нафаре, ки худро аз Тоҷикистон бо ҳар роҳу васила, аз ҷумла дар зери сипари далоили сиёсӣ худро ба Аврупову Амрико мезананд, чунин ба назар мерасад, ки ҷои ин фарҳанги “гадои дар ватан – шоҳи ғарибӣ”-ро дар зеҳни мардуми тоҷик ҳарчӣ бештар фикрҳои комилан баракс мегиранд:

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчи каломест шариф,

Натавон зист ба сахтӣ, ки ман инҷо зодам.

Асадулло, ҳамсӯҳбати алакай дар Аврупо паноҳбурдаи мо гуфт, ӯ ҳам ҳоло байти дигаре аз классиконро сармашқи зиндагиаш қарор додааст:

Ватан онҷо ки озораш набошад,

Касеро бо касе кораш набошад.

XS
SM
MD
LG