Химики тоҷик Абдусалом Одиназода ба тундгароӣ муттаҳам шуд

Абдусалом Одиназода. Акс аз саҳифаи Фейсбук

Мақомоти Тоҷикистон Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралияро ба тундгароӣ муттаҳам карданд.

Ду фарзанд - як духтар ва як писар - дорад. Абдусалом Одиназода мегӯяд, ки фарзандонаш бо ӯ ҳамфикр нестанд ва комилан зиндагии дигаре доранд.

Доктор Абдусалом Одиназодаи 50-сола, ки дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор мекунад, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат” ва “даъват ба ифротгароӣ тариқи интернет” муттаҳам аст.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бо шарти ифшо нашудани ном рӯзи 3-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ду соли ахир Одиназода аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби ифротгароӣ машғул аст. “Ӯ, ҳамчунин, сокинонро ба сарнагунии ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон даъват мекунад”, - афзуд манбаъ.

"Аз Тоҷикистон ихроҷ карданд"

Абдусалом Одиназода 15 соли ахир дар Австралия зиндагӣ ва кор мекунад. Шаҳрвандии ин кишварро дорад. Вай соли 2015 эълон кард, ки “ғарибӣ ба дилаш задааст” ва барои кору зиндагӣ ба Тоҷикистон баргашт. Як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори кимиё фаъолият кард, вале моҳи майи соли 2016 дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, бо далели нодуруст будани ҳуҷҷатҳо ӯро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Ин акси Абдусалом Одиназода соли 2012 дар Фейсбук гузошта шудааст

То ин замон баҳсҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар атрофи забони форсӣ ва ҳувияти тоҷикӣ буд. Ба оини зардуштӣ низ арҷ мегузошт. Аммо баъди онки Тоҷикистонро тарк кард, ақидатан тағйир намуд ва дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои диниро ба роҳ монд. Аз ҷангҷӯёни ДИИШ ба таври ошкоро пуштибонӣ карда, дар саҳифааш навори ин гурӯҳи тундравро низ бознашр мекунад.

Назарҳояш ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Ҳам аз ҷониби рӯшанфикрон ва ҳам диндорон танқид мавриди интиқод қарор мегирад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки ӯро як “инсони гирифтори бемории равонӣ” унвон мекунанд.

"Мақомоти Австралия хабар доранд"

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Абдусалом Одиназода тақрибан ду сол боз сӯҳбатҳои видеоӣ нашр карда, ба тахрибкорӣ даъват мекунад. Аз амалҳои ӯ ба мақомоти Австралия низ мактуб фиристода шудааст.

Абдусалом Одиназода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ ба ин мазмун ки "ӯ террорист аст", аз Тоҷикистон нома гирифтааст. Одиназода иттиҳоми мақомоти тоҷикро рад намекунад ва мегӯяд, интизор дошт, рӯзе алайҳи ӯ парванда боз мешавад.

Унвони доктори илми биохимияро дорад. Дар мавзӯи “Технологияи ДНК” ва “Метаболизми дохили ҳуҷайра. Вазифа ва сохтори он” таҳқиқи илмӣ анҷом додааст.

“Зиёд мактуб фиристоданд ба Австралия, ки ин одам террорист аст. Салафӣ гуфтанд. Дар ин ҷо салафӣ будан гуноҳ нест. Албатта, инҷо низ аз калимаҳои терроризм дар ҳарос ҳастанд. Барои ҳамин, гуфтам, ки ҳар чӣ ҳаст, аз роҳам намегардам. Медонам, ки хатарҳо вуҷуд дорад. Шояд бо давлати Австралия низ мушкил пайдо кунам. Аммо аз роҳе, ки меравам, барнамегардам”, - гуфт ӯ.

"Фарзандонам бо ман ҳамфикр нестанд"

Одиназода мегӯяд, дар ду соли ахир воқеияти зиндагиро дарк карда, “ба Ислом рӯ овардааст”. Ҳадафаш, ба қавли худи ӯ, "тарғиби асли Ислом ва муттаҳид дидани мусалмонон будааст". Чизе, ки мақомоти тоҷик қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, Одиназода аз ҷангҷӯёни ифротгаро ҳимоят мекунад, ки ин кораш ҳам мухолифи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳам шариати ислом аст.

Соле пеш дар навиштае аз Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик, ки соли 2015 ба ДИИШ пайваст, низ тавсиф кард. Ҳоло мегӯяд, ба он хотир аз Гулмурод тавсиф кард, ки ӯ ба хотири “ҳақиқат” гӯиё аз баҳри ҳама дороии дунё гузаштааст.

Ӯ гуфт, се моҳи ахир аз Донишгоҳ рухсатии бемузд гирифта, пайи ҳал кардани мушкили ҷиддии хонаводагӣ ва ба омӯзиши Қуръон машғул шудааст. Унвони доктори илми биохимияро дорад. Дар мавзӯи “Технологияи ДНК” ва “Метаболизми дохили ҳуҷайра. Вазифа ва сохтори он” таҳқиқи илмӣ анҷом додааст.

Абдусалом Одиназода зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфара ҳаст. Худаш мегӯяд, аз 16-солагӣ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷ аз кишвар таҳсилу кор кардааст ва ҳеч гоҳ шаҳрвандии ин кишварро надошт.

Ду фарзанд - як духтар ва як писар дорад. Одиназода мегӯяд, фарзандонаш бо ӯ ҳамфикр нестанд ва комилан зиндагии дигаре доранд.