Номзад ба раёсатҷумҳурии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ аз ҷараёни бозшумории овозҳои даври дувуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ хориҷ шудааст. Ин иқдом ҷараёни шумориши оро ва эълони натоиҷи ниҳоии даври дувуми интихоботи президентии Афғонистонро, ки ҳанӯз рӯзи 14 июн доир шуда буд, таҳти суоли бештар қарор дода, имкони ҳалли бахубии бӯҳрони сиёсии бархоста дар атрофи ин маърака боз ҳам тиратар мекунад.
Муҳаммадуллоҳ Ҳайдарӣ, муовини раиси ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ рӯзи 27 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тими Абдуллоҳ танҳо дар сурати иҷро шудани талабҳояш ба раванди бозшумории оро бар хоҳад гашт. Ҳайдарӣ аммо таъкид кард, ки ситоди онҳо ҳар қароре дар мавриди натоиҷи интихоботро, ки дар ғайби онҳо қабул мешавад, нахоҳад пазируфт.
Як узви дигари ситоди доктор Абдуллоҳ раванди бозшумории овозҳоро “масхара” номид. Фозил Аҳмад Маънавӣ рӯзи 26 август гуфт, талабҳои доктор Абдуллоҳ дар бораи сарфи назар кардани овозҳои қалбакӣ рад шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бозшумории тақрибан 8 миллион овозҳои интихоботи рӯзи 14 июни раёсатҷумҳурии Афғонистон чанд ҳафта боз дар Кобул таҳти назари СММ идома дорад. Ҳадаф аз ин бозшуморӣ тадқиқи ғолиби воқеии даври дувуми интихобот аст. Дар пасманзари даъвоҳо дар бораи тақаллуби фаровон ҳарду номзад – ҳам Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷа ва ҳам Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молияи Афғонистон – иддао доранд, ки интихоботро ӯ бурдааст.
Сухангӯи намояндагии СММ дар Кобул гуфт, бозшумории овозҳо бидуни ҳузури намояндагони доктор Абдуллоҳ дар ҳузури нозирони дохиливу хориҷӣ идома хоҳад кард. Вале ӯ бидуни ташреҳ тасдиқ кард, ки раванди бозшуморӣ дар ҳоли ҳозир “муваққатан хароб шудааст.”
Намояндагони СММ мегӯянд, ба хотири таъмини адолат аз намояндагони ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳам хостаанд, то аз ҷараёни бозшумории овозҳо хориҷ шаванд. Мақомоти СММ дар Кобул мегӯянд, талабҳои доктор Абдуллоҳ ва ситоди ӯро хоҳнад омӯхт.
Ситоди Аҳмадзай дар айни замон аз бойкоти навбатии тими Абдуллоҳ изҳори “таассуф” кардааст. Довуд Султонзай, узви ситоди Аҳмадзай ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, “мақомоти СММ аз мо хостанд, ки хориҷ шавем. ” Султонзай гуфт, ситоди Аҳмадзай талаб дорад, то “раванди бозшуморӣ босуръат идома ёбад ва натиҷаҳои интихоботро ҳарчӣ зудтар эълон кунанд.”
Бойкоти ситоди Абдуллоҳ имкони напазируфтани натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистон аз сӯи тарафдорони ин номзадро бештар мекунад. Зоҳиран ин иқдом дурнамои хушунатҳои сиёсӣ дар ин кишвари ҷангзадаро, ки нирӯҳои давлатиаш дар канори нирӯҳои НАТО алайҳи ҷангиёни Толибон меҷанганд, низ меафзояд.
Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даврои аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.
Ин натиҷаҳо мунҷар ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ”, “нопок” бозшуморӣ шаванд.
Раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи 26 август бо ҳарду номзад мулоқот кардааст. Дар баёнияи матбуотии дафтари Карзай бидуни ироаи ҷузъиёт гуфта мешавад, ки онҳо раванди интихоботро баҳс кардаанд. Худи Карзай ба ин далел ки ҳарду давраи чорсолаи раёсаташро адо кардааст, ҳаққи ширкат дар интихоботи имсоларо надошт. Карзай баъд аз мулоқот бо ҳарду номзад гуфтааст, ки ҷойгузини ӯ бояд, тавре ки муқаррар шудааст, рӯзи 2 сентябр адои савганд кунад. Аммо суол ин аст, ки тоҷи раёсати Афғонистонро дар ин рӯз оё кадоме аз ин номзадҳо ба сар хоҳад кард? Доктор Абдуллоҳ? Ё Аҳмадзай?