Муовини раиси Шӯрои Олимпии Осиё ва шахсе, ки гуфта мешавад, Бозиҳои олимпиро ба Сочӣ оварда ва Русия номашро ба феҳрасти меҳмонони фахрии ин олимпиада ворид кардааст, мегӯяд, ба Сочӣ нахоҳад омад.
На танҳо дар ҷавоби талошҳояш барои пирӯзии Сочӣ, балки аз рӯйи вазифаи худ муовини раиси Шӯрои Олимпии Осиё Ғафур Раҳимов, мулаққаб ба Ғафур-бойбача, метавонад дар сафи меҳмонони асосии Бозиҳои олимпӣ бошад. Вале баъд аз чанд матлаб дар бораи собиқа ва фаъолиятҳои имрӯзаи ӯ ва ҳамчунин нақшаш дар фасоду дуздии садҳо миллион доллари сохтмони иншооти олимпӣ вай гуфтааст, ки ба Сочӣ сафар нахоҳад кард.
Ин нукта дар барномаи шабакаи телевизионии “АБС”-и Амрико замоне садо дод, ки Ғафур Раҳимов ба воситаи тарҷумон гуфт, барои ғалабаи Сочӣ ҳамчун мизбони Бозиҳои олимпӣ ҳеч гуна пора надодааст, чун “зарур нашудааст”. Тарҷумон ба ин ҳарфҳо афзудааст, ки Ғафур Раҳимов дар миёни раҳбарони олимпии кишварҳои Осиё “нуфузи қавӣ” дорад ва мақомоти Русия низ расман тасдиқ кардаанд, ки бе мадади ӯ, кишварҳои осиёӣ мумкин аст, аз номзадии Сочӣ ҳимоят намекарданд.
Хабарнигори телевизионии “АБС”, Брайан Росс, бо номи Ғафур Раҳимов дар ҷараёни таҳқиқи харҷҳои кайҳонии Русия дар сохтмони иншооти олимпӣ дучор омадааст. Бино бар маълумоти дарёфтии ӯ, наздик ба ними буҷаи иншооти олимпӣ рабуда, барои бунёди баъзе аз биноҳо то шаш баробари буҷаи ибтидоии онҳо пул харҷ шудааст. Яке аз ҳамсуҳбатон хабарнигор гуфтааст, соҳибкорон дар ҳамдастӣ бо мансабдорони давлат ба сурати умум зиёда аз 30 миллиард доллари буҷаи олимпии Сочӣ дуздидаанд.
Қаблан хабарнигорони “Новая газета” ошкор карда буданд, ки Ғафур Раҳимов дар ивази кӯмакаш ба макони бозиҳо интихоб шудани Сочӣ аз Кремлин хостааст, яке аз шариконаш, ки ҳоло вакили Думаи давлатии Русия аст, дар сохтмони иншооти олимпӣ ширкат кунад. Дар гузориши шабакаи “АБС”, аз ҷумла сухан аз Аҳмад Билолов меравад, ки ба сохтмони ҷаҳишгоҳи лижаронҳо машғул буд ва акнун мақомоти Русия ӯро дар рабудани 300 миллион доллар айбдор мекунанд. Соҳибкори дигари рус Валерий Морозов дар ин барномаи телевизиони “АБС” гуфт, ширкат дар иҷрои тарҳҳои бузур ва махусусан супоришҳои давлатӣ дар Русия бе ришват номумкин аст.
Муаллифи чандин матлаби таҳқиқотӣ дар бораи фасод дар Русия, Сергей Канев, мегӯяд, афроди наздик ба Ғафур Раҳимов дар маҳфили хосса худситоӣ кардаанд, ки барои ба Сочӣ овардани бозиҳои олимпӣ “халта-халта” пул сарф шудааст. Биноан, меафзояд ӯ, барои олами ҷиноӣ табиист, ки на танҳо харҷи худро ҷуброн, балки аз он ба маротиб баҳракашӣ кунад.
Сафири пешини Бритониё дар Ӯзбакистон, Крейг Муррей ба шабакаи “АБС” дар бораи Ғафур Раҳимов гуфтааст: “Вай яке аз чаҳор ё панҷ нафари асосиии тиҷорати ҳероин дар ҷаҳон аст. Вай мутлақо як табаҳкори хатарнок аст.”
Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида соли 2012 аз бонкҳои ҷаҳон хост, ҳисобҳои бонкии Ғафур Раҳимов ҳамчун яке аз “аъзои асосӣ”-ии созмони густардаи ҷиноӣ банданд ва аз моҳи феврали соли 2013 ҳукумати Узбакистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ, ташкили гуруҳи ҷиноӣ, сохтан ва истифода асноди қалбакии молӣ зидди Раҳимов парванда боз карда, аз Полиси байнулмилалӣ (Интерпол) боздошти ӯро хостааст. Вазорати умури дохилии Русия Ғафур Раҳимов, мавсум ба “Чёрний”-ро сардори гуруҳи созмонёфтаи ҷиноии фаромиллӣ медонад ва ин дастурро гирифтааст, ки ӯро бояд боздошт кунад.
Бори охир, ба навиштаи “Новая газета”, Ғафур Раҳимов моҳи апрели соли 2012 вориди Русия шуд ва ҳамчун узви ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё, таҳти сарварии раиси он шайх Аҳмад Ал-Фаҳд Ал-Сабоҳ дар расми ифтитоҳи олимпиадаи “Фарзандони Осиё” дар Ёқутистони Русия ширкат кард. Вай ба ин ҷо ҳамчун сафар кард. Ин дар ҳолест, ки Ғафур Раҳимов дар соли 2008, пас аз он ки ҳис кард, мавриди шубҳаи мақомоти Узбакистон шудааст, ватанашро тарк кард ва дар Дубай бар сар мебарад.
Ғафурро бо варзиш собиқаи боксёрии ӯ пайванд медиҳад ва ӯ муддате ноиби раиси Федератсияи бокси Узбакистон буд. Аммо дар солҳои 1990-и садаи гузашта яке аз бонуфузтарин ашхоси Узбакистон буд ва хадамоти махфии Русия ӯро “шахси дуюми Узбакистон пас аз Ислом Каримов” ном бурдааст. Вай “бизнес”-и худро аз фурӯши самбӯса сар карда, ба рекэт ва роҳзанӣ машғул шуд ва ба доираи назари “дузди қонунӣ” Аслан Усоян (Дед Ҳасан) афтод. Усоян ӯро ба яке аз иҷрокунандагони дастурҳои худ табдил дод ва соҳибкорони зиёде, на танҳо аз Узбакистон, балки кишварҳои ҳамсоя барои ҳалли “мушкилот”-и худ назди Ғафур меомаданд.
Бино ба маълумоти хадамоти махфии Русия, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбакистонро зери назорат дошт ва президент Ислом Каримов наметавонист, тасмимҳои муҳими худро бе машварат бо ӯ гирад. Дар санадҳои ФСБ-и Русия, ки “Новая газета” нақл кардааст, аз ҷмула гуфта мешавад, ки Ғафур бо хариду фурӯши аслиҳа ва сармоягузории амалиёти нерӯҳои Узбакистон низ машғул шуда, солҳои дароз пахта ва алюмини Тоҷикистонро ба хориҷа экспорт мекард.
Гуфта мешавад, вай барои як тонна пахта аз 300 то 600 доллари нақд медод ва онро дар хориҷа ба 1800-1950 доллар мефурӯхт. Ба гуфтаи баъзе манбаъҳо, Ғафур ва шарики ӯ Салим-бойбача (Салим Абдувалиев) олами ҷиноии Тоҷикистонро низ зери назорат доштанд ва афроди онҳо дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.