Русия номи шахсеро ба феҳрасти меҳмонони фахрии Олимпиадаи Сочӣ ворид кардааст, ки аз сарони олами ҷиноии Осиёи Марказӣ ва сармоягузорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳукумати Узбакистон аз Полиси байнулмилалӣ (Интерпол) боздошти ӯро талаб кардааст. Ҳамчунин Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида Ғафур Раҳимовро узви дастае мешуморад, ки саромадони олами ҷиноӣ “Япончик” ва “Дед Ҳасан” аз раҳбаронаш буданд. Вазорати умури дохилии Русия Ғафур Раҳимов, мавсум ба “Чёрний”-ро сардори гуруҳи созмонёфтаи ҷиноии фаромиллӣ медонад ва ин дастурро гирифтааст, ки ӯро бояд боздошт кунад.
Аммо Ғафур, ба навиштаи “Новая газета” борҳост, ба Русия сафар мекунад ва моҳи апрели соли 2012 дар расми ифтитоҳи олимпиадаи “Фарзандони Осиё” дар Ёқутистони Русия ширкат ҷуста буд. Вай ба ин ҷо ҳамчун узви ҳайати Шӯрои Олимпии Осиё, таҳти сарварии раиси он шайх Аҳмад Ал-Фаҳд Ал-Сабоҳ сафар кард. Ғафур, пас аз он ки дар соли 2008 Узбакистонро тарк кард, аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ узви ин шӯро шуд ва масъули равобит бо Русия аст.
Гуфта мешавад, Ғафур Раҳимов барои он ба Бозиҳои олимпии Сочӣ даъват шудааст, ки кишварҳои осиёиро розӣ кард, дар интихоботи макони баргузории бозиҳои олимпӣ ба фоидаи Русия раъй диҳанд. Раиси Кумитаи олимпии Русия Леонид Тягачев як моҳ пас аз ғалабаи Сочӣ дар соли 2007 дар мусоҳиба бо «Российская газета» гуфт, бе раъйи кишварҳои осиёӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Ғафур Раҳимов ба даст омаданд, Русия пирӯз шуда наметавонист.
Манобеи “Новая газета” гуфтаанд, дар ивази ин “хидмат” Ғафур хостааст, ки як коршарики собиқаш ва ҳоло вакили Думаи давлатӣ дар сохтмони иншооти олимпӣ ширкат кунад ва ба худи ӯ имкони истихроҷи алмосҳои Ёқутистон дода шавад.
Ҳоло Ғафур Раҳимов дар яке аз минтақаҳои боэътибори Дубай зиндагӣ мекунад ва соҳиби шабакаи фурӯшгоҳҳои ҷавоҳирот буда, ҳамчун ноиби раиси Шӯрои Олимпии Осиё аз дахлнопазирии дипломатӣ бархӯрдор аст.
Дар ҳоле ки ӯ аз сафар ба Русия ҳарос надорад, наметавонад ба ватанаш Узбакистон равад, зеро аз соли 2013 ба ин сӯ полиси Узбакистон ҷустуҷӯи ӯро эълом доштааст. Вале мухолифони узбак мегӯянд, бархе аз раҳбарони хадамоти амнияти Узбакистон ва мансабдорони дигари ин кишвар борҳо дар ҳавлии Ғафур дар Дубай меҳмон шудаанд.
Ғафурро бо варзиш собиқаи боксёрии ӯ пайванд медиҳад ва муддате ноиби раиси Федератсияи бокси Узбакистон буд. Аммо дар солҳои 1990-и садаи гузашта яке аз бонуфузтарин ашхоси Узбакистон буд ва хадамоти махфии Русия ӯро “шахси дуюми Узбакистон пас аз Ислом Каримов” ном бурдааст. Вай “бизнес”-и худро аз фурӯши самбӯса сар карда, ба рекэт ва роҳзанӣ машғул шуд ва ба доираи назари “дузди қонунӣ” Аслан Усоян (Дед Ҳасан) афтод. Усоян ӯро ба яке аз иҷрокунандагони дастурҳои худ табдил дод ва соҳибкорони зиёде, на танҳо аз Узбакистон, балки кишварҳои ҳамсоя барои ҳалли “мушкилот”-и худ назди Ғафур меомаданд.
Бино ба маълумоти хадамоти махфии Русия, нуфузи Ғафур Раҳимов дар солҳои 1990 ба сатҳе расида буд, ки то 15 дарсади саноати пахтаи Узбакистонро зери назорат дошт ва президент Ислом Каримов наметавонист, тасмимҳои муҳими худро бе машварат бо ӯ гирад. Дар санадҳои ФСБ-и Русия, ки “Новая газета” нақл кардааст, аз ҷмула гуфта мешавад, ки Ғафур бо хариду фурӯши аслиҳа ва сармоягузории амалиёти нерӯҳои Узбакистон низ машғул шуда, солҳои дароз пахта ва алюмини Тоҷикистонро ба хориҷа экспорт мекард. Ғафур ба андозае пулдор шуда буд, ки метавонист, дар як харид то 5 тонна пахтаи Тоҷикистонро бо пули нақд аз худ кунад. Гуфта мешавад, вай барои як тонна пахта аз 300 то 600 доллари нақд медод ва онро дар хориҷа ба 1800-1950 доллар мефурӯхт. Ба гуфтаи баъзе манбаъҳо, Ғафур ва шарики ӯ Салим-бойбача (Салим Абдувалиев) олами ҷиноии Тоҷикистонро низ зери назорат доштанд ва афроди онҳо дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.
Дар ҳамин давра Ғафур Раҳимов ба яке аз шахсони наздики генерали узбактабори Афғонистон Абдулрашиди Дӯстум табдил ёфт ва дар паҳлуи тиҷорати ошкоро ҳамроҳи ӯ қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба Русия ва Аврупоро роҳандозӣ кард. Вақте дар Аврупо дастаи Рикардо Фанчинӣ торумор гашт, сирри ширкати ӯ дар ин шабака фош гашт. Ҳоло Фанчинӣ дар Амрико дар ҳабси дарозмуддат аст ва ҳамсари ӯ -- Иоланта Фанчинӣ бо иттиҳоми пулшӯйӣ дар Белгия маҳкум шудааст. Маҳз онҳо дар бораи ширкати Виктор Бут дар қочоқи маводи мухаддир аз Таиланд маълумот дода, сабаби ҳабс ва истирдоди ӯ гаштаанд. Дар ҳамин давра дар Узбакистон ширкатҳои Ғафур Раҳимов зери фишор афтоданд ва худи ӯ аз мақомаш дар Федератсияи бокс маҳрум гашт. Даҳҳо миллион доллари ӯ мусодира ва худаш маҷбур шуд, Узбакистонро тарк кунад.
Хабари сафари эҳтимолии Ғафур Раҳимов ба Сочӣ ин тахминҳоро ба миён овардааст, ки оё Тошканд аз Маскав ҳабси ӯро талаб хоҳад кард ё на. Бархе аз коршиносон дар субҳат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ ин эҳтимолро рад карда, гуфтаанд, ба ғайр аз ёрии Раҳимов ба пирӯзии Сочӣ Ғафур ҳанӯз аз соли 1990 бо хадамоти амнияти Русия робитаҳои қавӣ дошт ва шояд ин равобитро то ҳоло ҳифз кардааст. Онҳо меафзоянд, инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки он солҳо Владимир Путин раиси ФСБ-и Русия буд.