Панҷакент. Латукӯби як ҷавон аз сӯи пулис

Самандар Ҷалолзода, ки мегӯяд, аз тарафи полис латукӯб шудааст.

Волидайни як ҷавони 22-солаи сокини Панҷакент аз латукӯби писарашон аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба Додситонии вилояти Суғд шикоят бурдаанд.

Нигора Раҳмонова, модари Ҷалолзода Самандар --сокини Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 10-и шаби рӯзи 4-уми декабр писарашро ду корманди милиса, ки насаби якеаш Арбобов мебошад, аз дохили мошини сабукраваш берун кашида, ба бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданӣ мешаванд. Ба гуфтаи ин модар, писараш дар соати 10-и шаб ба назди бобояш, ки ронандаи мошин боркаш аст, рафта будааст.

"Ӯро аз мошинаш берун кашида, ба мошини худашон савор мекунанд. Бобояш аз ақибаш мехоҳад, дари мошинро боз кунад, ки мошин ҳаракат мекунад ва ӯ афтода, сару рӯяш хуншор мегардад. Мо бо падараш ба ШКД рафтем, ки аз дохили яке аз утоқҳо садои доду фарёди писарам баланд мешуд. Овози писарамро шинохтем, ки дод мезад, маро назанед."

Ин модар мегӯяд, нисфишабӣ дар ҳолати нимҳӯшӣ аз ШКД-и Панҷакент фарзандашонро берун карданд ва ба беморхона барои ташхис бурданд, вале дар Панҷакент ягон пизишк барои ташхиси фарзандаш розӣ нашудааст. Аз ин сабаб Ҷалолзода Самандарро ба Хуҷанд мебаранд ва ба гуфтаи модар, ҳоло ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарист. Ташхиси пизишки собит кардааст, ки сар, гурдаҳо ва пойҳои ин ҷавон аз зарб осеб дидаанд.

Худи Ҷалолзода Самандар мегӯяд, ду корманди милиса, ки агар рӯ ба рӯ бинад, онҳоро мешиносад, ӯро тариқи зарфи пласмасии обгирӣ ба сару шикамаш задаанд. Ҷалол Камолов, падарбузурги ин ҷавон мегӯяд, рафтори кормандони милиса нисбат ба наберааш хушунатбор ва ғайриқонунӣ буд.

Аммо Мирзо Исоматов, сардори Шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Панҷакент имрӯз, 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои ин волидайн дар мавриди лату куб шудани фарзандашон асос надорад.

Ин масъули пулиси Панҷакент гуфт, воқеан, ин ҷавон, ки рафторҳои шубҳаовар доштааст, шаби 4-уми декабр таваҷҷуҳи кормандони милисаро ба худ ҷалб мекунад. Кормандони милиса ба хотири дақиқ кардани шахсияташ ӯро ба бинои шӯъба оварда, пас аз муайян кардани шахсияташ ӯро ҷавоб медиҳанд:

"Ин як кори маъмулии кормандони милиса аст, ки шахсони шубаҳнокро пурсуҷӯ мекунад. Ӯро касе назадааст ва инро агар санҷиш кунанд, маълум мешавад. Ин хонавода, иғвогар ҳаст ва чанд аъзояш ҳам доғи судӣ дорад. Лекин ман ба бовари гуфта метавонам, ки касе ин ҷавонро назадааст."

Аммо Нигора Раҳмонова, модари Самандар мегӯяд, аллакай кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ талош доранд, то ин ҷинояти худро бо баҳонаҳои гуногун рӯйпӯш кунанд.

Самандар Ҷалолзода, ҷавоне, ки наздиконаш иддао доранд, латукӯб шудааст, 22 сол дошта, дар бозори “Гулистон”-и Панҷакент ба тиҷорат машғул мебошад.