Муаллим ба падари Меъроҷ: "Пул надорӣ, мошинатро фурӯш..."

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти пулиси ноҳияи Ашт мегӯянд, тафтиши қазияи латукӯби як хонандаи мактаби рақами 42-и ин ноҳия аз сӯи як омӯзгор идома дорад.
Саидхон Азизхонов, падари Меъроҷ Азизхонов, талабаи мактаби шумораи 42-и ноҳияи Ашт, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, бо ирсоли нома ба Озодӣ дар амри “ба ҷавобгарӣ кашидани касе, ки писарашро зада бистарӣ кардааст” ёрӣ хостааст.

Меъроҷ Азизхонов, талабаи синфи 5-уми мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашт ҳоло бо осеби майнаи сар дар бемористони маркази ин ноҳия бистарӣ аст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 26-уми май дар саҳни мактаб муаллими фанни забони русӣ Аҳрор Мирзоҷонов ӯро задааст: “Мо ҳамроҳи бачаҳо сӯҳбат карда нишаста будем. Муаллим манро наздашон ҷеғ заданд. Рафтам, “кепката аз сарат гир” гуфта, ба гӯшам шаппотӣ заданд. Гӯшам ҳуштак кашида аз чашмам алов парид. Гӯшамро дошта гуфтам, ки заданашонро ба бобом, ба падарам мегӯям. Он кас ҳақорат карданд.”

Меъроҷ мегӯяд, он рӯз дар бар куртаи варзишиву шими кӯтоҳ (шорт) дошт: “Муаллим пештар гуфта буданд, ки ба дарс бо либоси мактабӣ биёям. Аммо ман надоштам. Аммо рӯзи 26-уми май нагуфтанд, ки барои чӣ манро заданд.”

Вай афзуд, баъди зарбаи муаллим сараш дард мекарду дилаш беҳузур мешуд. Пайвандонаш рӯзи 31-уми май ӯро ба ташхисгоҳи Хуҷанд бурда, бо маслиҳати табибони ташхисгоҳ, ки гуфтаанд, майнааш осеби сабук дидааст, дар бемористони ноҳияи Ашт бистарӣ намудаанд.

Хайём Қодиров, нозири пулис дар деҳаи Ашт мегӯяд, мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ доранд: “Ҳанӯз аниқ маълум нест, ки муаллим талабаро як шаппотӣ задааст ё не. Мо дар ин бора аз чандин муаллимону пайвандони Меъроҷ баёнот гирифтем. Муаллим Мирзоҷонов мегӯяд, Меъроҷро назадааст, фақат “кепкаатро рост кун” гуфтааст, халос. Аммо хешони Меъроҷ “муаллим вайро заду майнааш зарб дид” гуфта, дар беморхона хобондаанд. Мо ҳоло натиҷаи ташхиси ниҳоии табибонро мунтазирем.”

Ин нозири пулис афзуд, ба навбати худ як гурӯҳ муаллимони мактаби Меъроҷ даъво кардаанд, ки баъди ҳодиса бобову як хеши вай ба мактаб рафта, муаллимонро носазо гуфтаанд.

Бар асоси ташхиси аввалияи табибон, майнаи Меъроҷ осеби сабук дида, вале натиҷаи ниҳоӣ баъди 2-3 ҳафта муайян хоҳад шуд.

Саидхон Азизхонов, падари Меъроҷ дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Красноярски Русия қарор дорад. Вай дар номаи худ ба унвони “Озодӣ” менависад, ки писари 10-солаашро омӯзгор Аҳрор Мирзоҷонов барои надоштани либоси мактабӣ задааст.

Вай дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июн гуфт, ки қабл аз фарзандашро латту кӯб кардани муаллим дар мактаб, раҳбарияти мактаб борҳо ба Меъроҷ фишор меоварданд, ки ҳатман ба дарс бо либоси ягонаи мактабӣ ҳозир шавад: “Писарам ба ман занг мезад, ки пул фиристаму аз мактаб формаи ягонаи мактабӣ харад. Ман ба вай мегуфтам, ки нав 2 моҳ шуд ба Русия омаданам, ҳоло аз қарзҳоям халос нашудаам, мактаб ҳам ба охир расида истодааст, боз каме тоқат кунад, ҳатман пул мефиристам, моҳи сентябр мехарад. Баъди ин муаллимаш ба сари писарам даст бардоштааст ва вайро бо осбеи майнааш ба беморхона бурдаанд.”

Вай афзуд, талош дорад муаллимеро, ки писарашро зада, ба саломатиаш осеб расондааст, назди қонун ба ҷавобагарӣ кашида, то ки чунин ҳодисаи ба сари фарзанди мардум даст бардоштани муаллим дар мактаб такрор наёбад.
Саидхон Азизхонов, падари Меъроҷ, сокини 38 солаи ноҳияи Ашт, ба гуфтаи худаш, 3 фарзанд дорад. Вай афзуд, кӯдаки хурдиаш бемор ва фишори хуни майнааш баланд аст: “Ду сол боз кӯдакамонро табобат мекунем ва ман бисёр қарздор шудам. Ҳоло дар Русия кори дуруст пайдо накардам ва пул надоштам. Ман инро ба мудири мактаби писарам ҳам дар сӯҳбати телефонӣ гуфтам, аммо он кас гуфтанд, ки пулат набошад, мошинатро фурӯхта ба писарат формаи мактабӣ бихар. Ҳамин гапи он кас ба ман хеле таъсир кард, ки ҳеҷ шароити вазнини маро фаҳмидан намехоҳанд.”

Дар ҳамин маврид Аббосхон Азизхонов, амаки Меъроҷ Азизхонов дар як сӯҳбати видеоӣ аз шаҳри Сургути Русия бо радиои Озодӣ чунин гуфт:

Аммо Насибҷон Қодиров, мудири мактаби рақами 42 дар ноҳияи Ашт, ки Меъроҷ дар он таҳсил мекунад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди ин баракс маъмурияти мактаб ба падари Меъроҷ пешниҳод кард, либоси ягонаи мактабиро барои фарзандаш насия бигирад ва метавонад пули онро баъд супорад.

Ӯ дар бораи моҷарои байни муаллиму талаба афзуд: “Он рӯз, 26 - уми май, муаллим Ҳоҷибоев дар мактаб навбатдор буд. Вай Меъроҷро дар саҳни мактаб мебинад, ки бо лисоби ғайримактабӣ давутоз карда гаштааст. Муаллим вайро сарзаниш кардааст, ки чаро бе либоси мактабӣ омадӣ ва гуфтааст, ки каллапӯшат чаппа ва онро рост карда мондааст. Ҳамин, дигар чизе нашудааст, он ҷо муаллимон шоҳид будаанд. Аммо баъди чанд рӯз модари Меъроҷ даъво кард, ки гӯё муаллим ба сари фарзандаш даст бардоштаасту осеб расондааст. Агар ин тавр бошад, чаро чанд рӯз чизе нагуфтанд ва писари осебдидаашонро ба ҳоли худаш гузоштанд, ки бозӣ карда гардад. Роҳбари синфашон баъди чанд рӯз ба хонаи Меъроҷ рафта дидааст, ки вай давутоз дорад.”

Мудири мактаби рақами 42-и ноҳияи Ашт афзуд, маъмурияти мактаб ба муаллим Ҳоҷибоев баъди моҷарояш бо Меъроҷ танбеҳ эълон кардааст. Ва ӯ дар ҳузури муаллимон аз бобои Меъроҷ барои муносбати меҳрубонона надоштан бо талабааш бахшиш пурсидааст. Мусоҳибам афзуд, мактабаш аз як корхонаи хуҷандӣ либоси мактабӣ гирифта, аз рӯи шартнома пули онро бояд то моҳи сентябр супорад. Аз ин рӯ, пули либосро аз талабаҳо ҷамъ меоранд. Нархи либоси ягонаи мактабӣ барои хонандаҳои синфҳои поёнӣ 135 сомонӣ, барои духтарон 140 ва талабаҳои синфҳои болоӣ каме баланд аст.

Насибҷон Қодиров, мудири мактаби рақами 42 дар ноҳияи Ашт афзуд, онҳо ҳозиранд ба Меъроҷ ёрӣ расонанд ва ҳоли ӯро аз бобояш ҳамвора мепурсанд. Аммо худи Меъроҷ, ки ҳоло дар беморхона табобат мегирад, мегӯяд, то ҳол касе аз муаллимонаш барои аёдати вай бемористон наомадаанд.