Мақомоти умури дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, ки Сафар Рустамови 35-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷараёни даргириҳои Сурия кушта шудааст.
Хайрулло Рустамов, яке аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ва падари Сафар Рустамов, 4 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марги писарашро аз мақомот фаҳмида ва танҳо баъд аз дидани акс ба ин ҳодиса бовар кардааст. Рустамов мегӯяд, ки Сафар соҳиби се духтар ва ду писар буд ва як соли пеш ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз Русия ба Сурия рафтааст.
"Дар Маскав таксиронӣ мекард. Мошин дошт. Соҳиби кори хуб буд, аммо соли гузашта аз мақомот фаҳмидем, ки дар Сурия будааст. Ман ба онҳо гуфта будам, ки аз ҳар роҳе ӯро ёфта ва ба ватан оранд. Аммо сад афсӯс, хабари маргашро шунидам,"-нақл кард Хайрулло Рустамов.
Ӯ дар бораи келин ва наберагонаш ҳарфе назад ва аммо афзуд, барои писараш маъракаи фотиҳа баргузор кардааст. Мақомоти умури дохилии Хатлон низ гуфтанд, хонаводаи Сафар Рустамов рӯзи ҷумъаи 1 май маросими фотеҳаи ӯро дар маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб баргузор намудаанд. Хайрулло Рустамов аз афроде буд, ки дар канори Сангак Сафаров ва Салмон Лангариев бо мухолифат аз "исломӣ шудан"-и кишвар дар солҳои 1990 даст ба ҷанги зидди исломгароён ва демократҳои Тоҷикистон зада буд. Ангезаҳои сафари писари ӯ ба Сурия дақиқ нест, вале гуфта мешавад, ӯ аз Русия ба Сурия рафтааст.
Аввали соли равон додситони вилояти Хатлон теъдоди умумии ҷавонони хатлониро, ки дар Сурия, Ироқу Афғонистон меҷанганд, 31 нафар гуфта буд, ки баъди як моҳ шумораи онҳо 40 нафар баробар шуд. Ба сурати умум шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия 300 нафар тахмин зада мешавад, ки зиёда аз 60 нафари онҳо кушта шудаанд.
Коршиноси масоили амниятии Тоҷикистон Маҳдии Собир мегӯяд, маълумоти ахир нишон медиҳад, ки на танҳо фарзандони хонаводаҳои нодор ба Сурия мераванд, балки дар байни онҳо касоне кам нестанд, ки дар оилаҳои пулдор ба воя расидаанд. Ба андешаи ӯ, чунин афрод бар пояи ақида амал мекунанд."Бархе аз онҳо афроде ҳастанд, ки бино бар имкониятҳои молии худ бо ҷаҳони Ғарб аз наздик ошно мешаванд ва онро рад мекунанд. Аз ин ҷо ба баъд ифтрогаро шудани ҷавонони мусалмон ин як раванди равонию иҷтимоӣ шудан дорад. Роҳи инро гирифтан хеле душвор аст."
Абӯбакри Файзалӣ, таҳлилгари дигар мегӯяд: "Фикр мекунам, рафтани фарзандони пулдорону мансабдорон ба Сурия метавонад ду омил дошта бошад. Якум, ғарра шудани онҳо ба пулу мол ва гум кардани мазмуни зебоӣ ва рангорангии зиндагӣ шояд бошад ва дуввум шояд беназоратӣ ва ё худ имконпазир будани ҳама чизу ҳама кор, моҷароҷӯӣ ва донистани он ки ҷазое онҳоро интизор нест."
Ба андешаи коршинос Фирӯз Баротов, ба чунин ҷавонон, ки аз марҳалаи мазҳабишавии ҷомеа гузаштаанд, "экстрим" намерасад. "Ҳамон гуна ки дар солҳои гузашта фарзандонни хонаводаҳои пулдор аксаран мӯътоди маводи мухаддир мешуданд ё пойгаи босуръати мошинрон буданд. Ҳоло барои онҳо саҳнаи дигар даркор аст."
Пажӯҳишгари тундгароии мазҳабии ҷавонон, Беҳрӯзи Ёдгор мегӯяд, сарватмандон ва мансабдорон амалан барои тарбияи фарзандони ихуд фурсати камтар доранд ва фикр мекунанд, таъмин кардани фарзанд бо имкониятҳои молӣ кофист, ки онҳо вазифаи худро иҷрошуда ҳисобанд. Аз сӯи дигар "бисёре аз мансабдорон кӯшиш мекунанд, 5 вақт намози худро дар масҷидҳо гузаронанд ё ба дуои рӯҳониён пойбандии зиёд дошта бошанд, дар ҳоле ки худ дониши динии мукаммал надоранд. Фарзандон нахустин сабақро аз намунаи падарони худ мегиранд ва дар аксари ҳолат зери таблиғоти гурӯҳҳои ирфотгарое мисли Салафия, Хизби Таҳрир ва Ансоруллоҳ ва монанди инҳо меафтанд. Майли зиёди фарзандони чунин оилаҳо ба сарват низ метавонад дар ҷалб шудани онҳо ба Сурия ё Ироқ нақши муайян дошта бошад."
Бино бар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 - Давлат-ул-Ислом, 7 нафар - Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар - Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар - Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.
Садҳо уламои ислом ҷиҳод дар Сурия ва Ироқро фитна хондаанд. Аз ҷумла, уламои маъруфи тоҷик мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон бо фитна хондани ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз ҷавонони мусалмон хоҳиш кардаанд, то дар ин ҷангҳо ширкат накунанд. Аммо бо ин вуҷуд, хабари рафтани ҷавонони тоҷик ба Сурия ва кушта шудани онҳо нашр мешавад.