Вакили дифоъ Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе дар пайи бемории саратони мағзӣ дар бемористон даргузашт.
- Исроилова, ки ду рӯз пеш ба хок супурда шуд, моҳҳои охир на танҳо аз бемории сангин азият шуда буд, балки дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ муҳокима шуд.
Исроиловаро моҳи октябр дар он гумонбар карданд, ки аз як шаҳрванди Тоҷикистон барои ба манфиати ӯ ҳал кардани баҳси шаҳрвандӣ маблағи калон гирифта вале корро буд накардааст. Дар иттиҳом гуфта мешуд, ки Исроилова соли 2014 аз муштариаш бо ваъдаи ҳалли як баҳси манзил 8300 доллар гирифта, вале ба ваъдааш вафо накардааст.
Ба иттилои наздиконаш, вазъи сиҳҳатии Исроилова оғози моҳи феврал дар боздоштгоҳ хеле бад шуд, ӯро ба бемористони "Истиқлол" барои муолиҷа интиқол доданд ва ӯ чанд рӯз пеш дар бемористон даргузашт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як вакили дифоъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавадБаъди як ҳафтаи ҷарроҳӣ дар бемористон даргузашт
Яке аз пайвандони Жанна Исроилова рузи 28-уми феврал дар сӯҳбат Радиои Озодӣ гуфт, ин вакили дифоъ пас аз як ҳафтаи ҷарроҳӣ дар бемористони "Истиқлол" фавтид ва ду рӯзи пеш ӯро ба хок супурданд.
Аввали ин моҳ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Жанна Исроиловаро дар тақаллуб гунаҳгор карда ӯро аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифт. Замони дар ҳабс буданаш Исроилова пули баҳсии собиқ муштариашро барқарор кард ва додгоҳ ҳам ӯро ба шарти пардохти ҷарима аз боздошт раҳо кард.
Аммо назиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзҳои ахири дар боздошт буданаш вазъи саломатии Исроилова хуб набуд ва баъди раҳо шудан аз боздошт дар бемористон бистарӣ шуда ҷарроҳии саратони мағзиро пушти сар кард.
"Вақте кораш ба суд рафт, зиёд зиқ шуд. Дар чаҳор рӯзи боздошт бемориаш хуруҷ кард ва шаби охири рӯзи боздошташ вазъияташ якбора бад шуду ба беморхона бурдем",-гуфт ӯ.
Баҳси манзил ва иттиҳоми Оҷонсии зидди коррупсия
Оҷонсии мубориза бо коррупсия моҳи октябри соли гузашта дар вебсайташ навишт, ки Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як сокини пойтахт гумонбар мешавад. Даъвогар дар шикояташ ҳуқуқшиносро барои гирифтани 8300 доллар муттаҳам кардааст.
Дар шикояти шаҳрванде, ки исмаш оварда намешавад, ҳуқуқшинос дар он муттаҳам шуд, ки гӯё соли 2014 бо ваъдаи кӯмак дар ҳалли як баҳси манзил дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пул гирифта ва ба ваъда вафо накардааст. "Илова ба ин, аз шаҳрванд "А" овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15-уми октябри соли 2018 - 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд", - навишта буд вебсайти Оҷонсии зидди коррупсия.
Дар хабар омадааст, ки Исроилова ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари боқимонда боздошт шуд. Моддаи 247, қисми 4, ки бар асоси он парванда боз шудааст, дар сурати гунаҳкор эътироф шудани шахс пардохти ҷарима ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки худи Исроилова дар ҷараёни тафтишот ба ин иттиҳомот розӣ шуд ё на, вале тавре наздиконаш мегӯянд, ин қазия ӯро хеле хаставу бемор карда буд.
"Қазия бояд дуруст омӯхта шавад"
Ҳамзабек Ҳакимзода, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе, ки Жанна Исроилова се соли ахир онҷо фаъолият мекард, аз ӯ ба ҳайси "як зани хуб" ва "кордон" ном бурд. Вай гуфт, ҳанӯз аз соли 2000, замоне, ки Исроилова ба ҳайси адвокат фаъолият мекард, ӯро мешинохт.
Ҳамзабек Ҳакимзода ба ин бовар аст, ки боздошт ва боз шудани парванда алайҳи ӯ як зарбаи сахте буд, ки натавонист онро таҳаммул кунад. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, воқеан сахт аст вақте як нафар барои ҳимояи ҳуқуқаш ба вакили мудофеъ муроҷиат мекунад ва баъдан аз болои ӯ шикоят карда ӯро ба додгоҳ мекашад.
"Вақте ки як адвокатро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт мекунанд, пеш аз ҳама ин қазия бояд дуруст омӯхта шавад. Агар ҳолате мешуд, ки ин адвокат худро судя ё журналист муаррифӣ мекард, дар он ҳолат метавон гуфт, ки ӯ қаллобӣ кардааст, аммо Жанна Исроилова вазифаи адвокатии худро иҷро кардааст. Албатта адвокат барои фаъолияташ маблағ мегирад, ҳар миқдоре, ки тарафҳо ба созиш омада бошанд. Дар ҳоле, ки як ҷониб норозӣ бошад, бояд аз тариқи суд онро ҳал кунад", - гуфт ӯ.
Ҳакимзода мегӯяд, ин вакили дифоъ то рӯзи маргаш узви Коллегияи адвокатҳои "Адл"-и шаҳри Душанбе буд, зеро онҳо ҳанӯз ҳукми додгоҳро дастрас накарда буданд.
Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ, ки аз ин қазия огаҳ аст, гуфт, Исроилова давоми панҷ соли ахир аз ҳаққи шаҳрванде ҳимоя мекард, ки барои як баҳси манзил ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят карда буд. Аммо вакил замоне боздошт шуд, ки мехост ҳаққи корашро аз мизоҷаш талаб кунад. Бар асоси моддаи 11 қонун "Дар бораи фаъолияти адвокатӣ", ҳаҷми маблағ байни мизоҷ ва вакили дифоъ бояд махфӣ бимонад.
Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Исроилова ба ин парванда чӣ буд ва бар асоси чӣ ӯ омода шуд пули даъвоии муштариро баргардонад.
1 адвокат барои 11 ҳазор нафар?
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон кори адвокатҳо то рафт сахттар мешавад, онҳое, ки барои кор бо парвандаҳои ҳассос омодагӣ нишон медиҳанд, зери фишор қарор мегиранд. Cозмони Human Rights Watch мегӯяд, шурӯъ аз соли 2014 чандин вакили дифоъ дар Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми "қаллобӣ" муҳокима ваё маҳкум шуданд, дорои ангезаҳои сиёсӣ буд.
Ду соли пеш дар пайи имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолият дар кишварро аз даст доданд. Ҳоло расман 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шуда, ҳуқуқи ҳамчун адвокат фаъолият намуданро доранд. Ин тасмими мақомот бисёр ҳуқуқшиносони маъруфро, ки аз ҳуқуқи фаъолони сиёсӣ ҳимоят мекарданд, бекор кард ва ба ҳамин хотир мавриди интиқоди зиёд қарор гирифт.
Ҳоло бар сари беш аз 11 ҳазор аҳолии кишвар 1 адвокат рост меояд. То қабули ин қонун дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекарданд.