Зане дар мардикорбозори Душанбе. ВИДЕО

Маърифат Абдуллоева.

Мардикорбозор дар Тоҷикистон маъмулан макони ҷаъомади мардони корҷӯй аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки акнун занон ҳам вориди бозори кори мардҳо мешаванд ва халта дар даст дар баробари мардон аз субҳ то шом интизори дарёфти коре ҳастанд.

Маърифат Абдуллоеваи 39-сола танҳо занест, ки дар миёни даҳҳо мард дар мардикорбозори маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе аз субҳ то шом дар гармои тобистон дар интизори корфармо аст. Ӯ ҳамарӯза ба умеди дарёфти коре, аз қабили тамизкории манзилҳо, зарфшӯиву қолиншӯӣ ва ҳатто корҳои сангини мардона, ба мардикорбозор меояд.

Маърифат мегӯяд, корро бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла гоҳе тариқи огаҳии рӯзномаҳо пайдо мекунад ва гоҳе ҳам худи корфармоён ба мардикорбозор меоянду ба ӯ пешниҳоди кор медиҳанд: ”Баъзан ба арӯсиҳо меравам ва онҷо кор мекунам, қолин

шӯӣ мекунам, дегсафедкунӣ меравам, кӯрпачадӯзӣ ва дигар ҷойҳо меравам. Бисёр вақтҳо бо мардикорҳо меравам ва дар кори сохтмон ба онҳо кӯмак мекунам, бетон мерезам, тамизкорӣ мекунам.”

Мардикорбозор дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе.

Маърифат чанд соли пеш пас аз марги нобаҳангоми ҳамсараш ҳамроҳи чаҳор фарзанди худ танҳо монд ва аз ночорӣ ба дари хонаи волидону бародаронаш, ки дар ноҳияи Вахш ба сар мебаранд, паноҳ бурд. Ин зани танҳову бетаҷриба, ки на таҳсили пурраи миёна дораду на маълумоти олӣ, ҳудуди даҳ соли пеш роҳ ба сӯйи Душанбе гирифт.

Ҳамакнун Маърифат 6 сол аст, ки ризқашро аз мардикорбозор меёбад. Аммо ба гуфтаи худи Маърифат, бидуни маълумоти олӣ наметавонад ҷое фаротар аз мардикорбозор пул кор кунад. Аммо кор дар мардикорбозор ҳам ба ин соддагӣ нест ва заҳмату нерӯи зиёд металабад.

Вай мегӯяд, ки “инҷо тоқат кардан осон нест. Бояд одам хеле босабр бошад. На ҳама кас метавонад инҷо зиёд кор кунад. Ҳатто барои худи мардҳо кор дар инҷо мушкил аст. Фарзандонашон бемор мешаванд. Баъзеаш моҳҳои зиёд фарзандони худро намебинанд.”

Маърифат бо ин, ки танҳо зане миёни тамоми мардикорон аст, эҳсоси шарм ва бегонагӣ накардааст. Ба гуфтаи Маърифат, мардикорон мисли бародарони ӯ ҳастанд ва ӯро дар ҳама кор ҳимоят мекунанд: “Ба ҳамдигар хубӣ мекунем, аз як табақ нон мехӯрем. Дар тӯли ин ҳама сол ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ман ягон ҳарфи бад нагуфтааст.”

Дар ҳоле ки Маърифат мегӯяд, мардҳои бозор бо ӯ муносибати хуб доранд, аммо баъзе аз мардикорон ба мо гуфтанд, ки буду боши ин хонум дар бозор ба онҳо писанд нест. Ҳарчанд вуҷуди ӯро дар мардикорбозор хуш надоранд, аммо ӯ илоҷи дигаре надорад, чун бидуни шавҳар маҷбур аст фарзандони худро таъмин кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зане дар мардикорбозори Душанбе

Талабкорони меҳнати Маърифат на танҳо дар Душанбе, балки дар берун аз он, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат ва Хуҷанд ҳам будаанд, ки баъзан бо мошин меоянду ӯро мебаранд. Замоне ҳам, ки мо ба суроғи ӯ ба мардикорбозор рафта будем, ба гуфтаи ҳамкоронаш ӯ аз субҳ барои қолиншӯйи ба шаҳри Ваҳдат рафта буд ва бегоҳ дубора сари кор ба мардикорбозор омад.

Вай гуфт: “Норак рафтаам, Хуҷанд, Ваҳдат ва Панҷакент рафтам барои кор ва ҳақамро гирифта меоям. Ҳатто барои дарав ҳам мебаранд. Картошкаву пиёз мешинонам. Мӯҳтоҷи касе намешавам.”

Даромади рӯзонаи Маърифат дар мардикорбозор дар асоси маслиҳати миёни ӯву корфармо вобаста ба ҳаҷму соати корӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, дар як рӯз метавонад аз 20 то бештар аз 100 сомонӣ ба даст биёрад. Пуле, ки ӯ, аз заҳмати ҳалоли худ мегирад, танҳо барои хариди либос ба фарзандонаш, ки дар ноҳияи Вахш пеши бародаронаш ҳастанд, кифоят мекунад.

Ӯ ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат бо ҳадяе ба дидори фарзандонаш мешитобад. Танҳо умеди Маърифат, Бобоҷон ном фарзанди кучакаш аст, ки тоза ба синни мактабӣ расидааст ва бинобар набуди шароити хуби молӣ, маҷбур аст ӯро ба интернат супорад: “Шароит надорам хонаамро созам. Ду фарзандам гул (як навъ беморӣ) бароварда, фавтиданд. Шавҳарам фавтид, ҳеч кас маро ёрдам намекунад”.

Маърифат мегӯяд, моҳи оянда арӯсии духтари калонияш аст ва ҳарчанд бештари хароҷоти арусии духтараш бар дӯши модару бародаронаш ҳаст, кӯшиш мекунад, ки бо даромади ночиз аз ҳисоби мардикорӣ ҳам дар арӯсии фарзандаш саҳмгузор бошад.

Қисми зиёди занҳо дар Тоҷикистон бо он, ки беш аз панҷоҳ дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, ба монанди Маърифат махсусан дар деҳкадаҳо ба сар мебаранд ва аслан бекоранд ва танҳо ба корҳои кишоварзӣ ҷалб мешаванд.

То пошхӯрии шӯравӣ бисёре аз занҳо, ки аксаран ба корхонаву заводҳо аз қабили нассоҷӣ ҷалб шуда буданд, маоши хуб меёфтанду истиқлоли комили иқтисодӣ доштанд ва бар рӯзгори худ комилан мусаллат буданд. Аммо феълан дар Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳое, ки барои ҷалби занони бемаълумот равона шудаанд, камранг шудааст.

Касоне, ки мехоҳанд ба Маърифат Абдуллоева -- сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш мусоидат кунанд, ба ин шумора дар тамос шаванд: +992 98 594 90 74.