Падари сарбозе, ки Шаҳболро маҷрӯҳ кардааст, такя ба қонун мекунад

Маҳмадшариф Ғайратов

Падари Усмоналӣ Ғайратов, сарбози қисми ҳарбии марзбонии 2620, ки ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоевро маъюб кардааст, хостори шифои Шаҳбол ва тибқи қонун ҷавоб додани писараш шуд.
Падари сарбозе, ки дар маъюб кардани Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад, омодааст, ба табобати ин ҷавон кӯмак кунад, аммо мегӯяд, ҳамаи пешниҳодҳояшро наздикони Шаҳбол комилан рад кардаанд. Маҳмадшариф Ғайратов, корманди шӯъбаи умумии Додситонии кулли Тоҷикистон, панҷшанбеи 24-уми апрел ба Радиои «Озодӣ» гуфт, писараш, Усмоналӣ, барқасдона ҳамхизматашро маъюб накардааст, аммо, агар гунаҳкор аст, бояд тибқи қонун ҷазо бинад.

Зеро ба қавли Маҳмадшариф Ғайратов, падари Усмоналӣ Ғайратов, писараш баробари Шаҳбол бо хоҳиши худаш ба хизмати сарбозӣ рафта буд. Яъне ба қавле «дембел» набудааст, ки Шаҳболро лату кӯб кунад. Вай мегӯяд: «Наздики як моҳ мешавад, ки писарам дар боздошт аст, то ҳол ягон бор бо ӯ сӯҳбат накардаам, ки асли қазияро пурсида бошаму имрӯз гуфта тавонам ин ҷо чӣ гап аст. Ҳатто муфаттишро ҳам надидаам, ки ҳадди ақал аз ӯ пурсон шавам. Вале бовар надорам, ки писарам то он ҳадде гунаҳкор бошад, ки расонаҳо мегӯянд. Аммо агар бачаи ман воқеан ҳам гунаҳкор бошад, бигзор, ҷазояшро гирад. Қонун ҳар чӣ гӯяд, ҳамон шавад. Ман ҳам воқеан барои Шаҳбол зиқ шудам ва ҳамеша дуо мекунам, ӯ шифо ёбад ва бовар ҳам дорам, ки сиҳат меёбад. Зеро табибон ҳамеша мегӯянд, ки дигаргунӣ эҳсос мешавад.»

Ҳамзамон ҷаноби Ғайратов меафзояд, вақте падари Шаҳбол гуфт, барои табобати писараш хонаашро фурухтанӣ аст, “намедонам, чаро бо мо муросо накард, ки ман хонаамро фурӯхта, маблағи табобаташро пардохт кунам. Ҳол он ки ман омодаи кумак ба ин ҷавон ҳастам.“

Аммо Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳшуда гуфтаҳои ҷаноби Ғайратовро рад мекунад. Вай мегӯяд: «Як бор бародари Усмоналӣ Ғайратов бо ҳамроҳии 10-12 рафиқаш омада буданду халос. Дигар ман ягон нафар аз хонаводаи Ғайратовҳоро надидаам, ба хусус падарашро. Онҳо ҳадди ақал омада як бор узр напурсидаанд.»

Сарраёсати нируҳои марзбонии КДАМ изҳор дошта буд, ки харҷи муолиҷаи Шаҳбол Мирзоевро мепардозад, аммо дертар масъулони он гуфтанд, сарбози маҷрӯҳшуда ба ҳеч гуна амалиёти ҷарроҳӣ ниёз надорад. Дар ду рӯзи гузашта ягон нафар аз масъулони Сарраёсати нируҳои марзбонии КДАМ омода нашуд, ба суолҳои марбут ба ин қазия посух диҳад. Гуфта мешавад, ҳамаи раҳбарон машғули назорат ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ва таҳияи ҷашни 20 солагии ин нерӯҳоянд.

Шаҳбол Мирзоев

Пештар Нарзулло Рафиқов, муовини сардори ситоди бемористони марказии сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, ки Шаҳбол ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Ба он маъно, ки пас аз ҷарроҳӣ ҳам ба роҳ гаштани Шаҳбол кафолат дода намешавад, аммо «пластинка дар сутунмӯҳра мемонанд, аммо ба ҳароммағз умуман даст намерасонанд. Аз рӯй ташхисе, ки ҳаст сутунмуҳра ягон монегӣ надошт ба ҳароммағз. Бинобар ин танҳо пластинка монда мешаваду халос. Ин аст, ки ба гумонам ягон тағйроте нахоҳад шуд.»

Ин дар ҳолест, ки яке аз бемористонҳои Русия ризоият додааст, ки Шаҳбол Мирзоевро ҷарроҳӣ хоҳад кард ва ҳоло наздикони ӯ озими сафари Маскаванд.
Пизишкони эронии Бемористони Ибни Сино дар як баёния гуфтанд, ки Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб ҷароҳати сангин бардошта ва сутунмӯҳрааш шикастааст, бояд ба зудтарин фурсат ҷарроҳӣ шавад. Ба ақидаи онҳо, ин бемор ба зудӣ ба по нахоҳад хест ва “табобати ӯ то ду сол идома хоҳад кард.”

Бино бар ин машварат, падари Шаҳбол мехоҳад, писарашро дар бемористони ҳарбие дар Маскав ҷарроҳӣ кунад ва мегӯяд, ҳоло барои ин наздики ним миллион рубл зарур аст: «Ман як ҳавлие, ки дар ноҳияи Ашт доштам, фурӯхтам ва боз захираҳоро ҷамъ намуда, барои ҷарроҳии фарзандам омода кардам.»

Дар ҳоле ки садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ба Шаҳбол ёрӣ хоҳанд кард, дар суратҳисоби ӯ дар «Агроинвестбонк» то ҳоло ҳамагӣ 1 700 сомонӣ ҷамъ шудааст.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона овардаанд. Аммо нирӯҳои марзбонӣ дар изҳороти худ аз 20 март ин гуфтаҳоро беасос хонда, ҷароҳати Шаҳбол Мирзоевро натиҷаи як сабқати гуштӣ байни сарбозон номид.